Паёми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат дар он матраҳ мегарданд. Илова бар ин, Паём самтҳои асосии фаъолияти дохилию хориҷии давлатро дар шакли таҳлиллу баҳодиҳии амиқ ва вазифагузорӣ барои солҳои минбаъда, ки онро ба истилоҳ стратегия ё дурнамо ҳам меноманд, фаро мегирад.
Қобили қайд аст, ки Паём инъикосгари бурду бохти фаъолияти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мардуми кишвар аст. Инчунин, Паём сарчашмаи муътамади далелҳо барои олимону муҳаққиқон аст. Паём дар маҷмуъ дастури мушаххас ва комилест, ки дар заминаи он фаъолияти ҳамаи мо тарҳрезӣ мегардад.
Агар ба мазмун ва моҳияти Паём назар афканем, ба ғайр аз он мо дар ҳеҷ гуна ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ ба таври комил самтҳои фаъолияти давлатро дарёфт карда наметавонем. Паём ягона ҳуҷҷатест, ки комилан воқеъбинона дар он матолиби муҳимтарин дарҷ мегарданд.
Мардуми кишвар ҳамасола мунтазири ироаи Паёми президент аст, чунки Паём илова бар таҳлилу нишондодҳои муътамад саршор аз муждаву навгониҳо аст. Сол аз сол болоравии музди меҳнати кормандони ҳамаи соҳаҳо, нафақа ва стипендияҳо мардумро рӯҳбаланд ва ба ояндаи дурахшон боз ҳам умед мебахшад.
Қишри дигари ҷомеа аз қабили донишҷӯён, магистрантон ва дигар зинаҳои таҳсилот натанҳо аз стипендияҳои муқаррарӣ ва президентӣ вазъи зиндагии худро беҳ месозанд, балки ғамхории сарвари маҳбуби миллати мо аст, ки озмунҳои зиёдеро бо сармоягузории бузург барои ин табақаи ҷомеа роҳандозӣ намудаанд ва ба ин васила онҳо метавонанд тавассути иштирок дар ин озмунҳо ба дастовардҳои бузург ноил гарданд. Хушбахтона, дар соли 2025 маблағи ҳавасмандии ин озмунҳо 100% зиёд карда мешавад. Дар ҳеҷ давлати дунё барои мутолиаи осори бадеӣ ин гуна маблағгузорӣ ба назар намерасад, аз ин рӯ, насли наврас ва ҷавонро зарур аст, ки ҳарчи бештар аз ин ғамхории беназири Пешвои миллат самаранок истифода кунанд.
Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси бузурги ватандӯстӣ, худшиносӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва арзишҳои миллию инсонӣ, эҳтироми оила, ҳифзи шаъну шараф ва ҳуқуқи шаҳрвандон, аз ҷумла, занону бонувон низ ҳаст. Бахусус, дар Паёми имсолаи роҳбари давлат эҳтироми волидайн, ки қарзи инсонию имонии ҳар яки мост, бо эҳсоси волою наҷиб таъкид гардид. Шинохтани ҳаққи фарзандони падар ва риояи принсипҳои инсондӯстӣ дар Паём таъкид гардид.
Ҳамин тариқ, Паём дар асл пайғоми бузург ва муждаи нек барои аҳли кишвар аст. Паём дарси ахлоқ ва ҳидоятгари ҳамаи мо барои ободии сарзамини хеш аст.
Шукӯҳу нусрати Паёми Пешвои миллат пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки имрӯз мо тоҷикон нахуст сулҳу ваҳдат ва амният дорем. Имрӯз, кишварҳоеро мебинем, ки дар хоку хун оғуштаанд. Дар орзуи роҳбари созанда ва паёми роҳбари давлатанд. Мо тоҷикон шукргузор аз Пешвои оқилу созанда буда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки Паёми роҳбари давлатро натанҳо дастури фаъолият, балки дастури зиндагии хеш қарор хоҳем дод.
Ҷабборов Баҳриддин Бурҳонович – сардори шуъбаи умумӣ ва назорати ДБССТ
Дайхудоев Ваҳдат Умедҷонович – сармутахассиси шуъбаи менеҷменти сифати ДБССТ