ЭЪЛОНИ ҶОЙҲОИ КОРИ ХОЛӢ

Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои зерини холӣ озмун эълон менамояд.
1. Роҳбарият:
— муовини директор – 1 ҷой
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли вазифаи муовини директор:
Таҳсилот:
— доштани дараҷаи илмии доктори илм дар соҳаҳои иқтисодӣ, сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ.
Таҷрибаи корӣ:
— ҳади ақал 10 сол таҷрибаи корӣ дар самтҳои илмию тадқиқотӣ, роҳбарӣ ё идоракунии давлатӣ:
— иштироки фаъол дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои илмию тадқиқотии миллӣ ва байналмилалӣ.
Маҳорат ва малакаҳо:
— донистани таърих, фарҳанг, муқадасоти миллӣ, забони давлатӣ;
— донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ)
— донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
— қобилияти баланди роҳбарӣ ва идоракунии муассисаҳои илмӣ;
— қобилияти таҳияи стратегияҳои рушд ва идоракунии лоиҳаҳо;
— диниши амиқ дар соҳаи сайёҳӣ ва соҳибкорӣ;
Дигар талаботҳо:
— нашри мақолаҳои илмӣ бо забонҳои хориҷӣдар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ;
— қобилияти ҷалби сармоягузории байналмилалӣ ба лоиҳаҳои тадқиқотӣ.
2. Шуъбаи тадқиқоти сайёҳӣ:
— мудири шуъба – 1 ҷой;
— ходими хурди илмӣ – 1 ҷой;
— мутахассис — 1 ҷой.
3. Шуъбаи тадқиқоти соҳибкорӣ:
— мудири шуъба – 1 ҷой;
— ходими калони илмӣ — 1ҷой;
— мутахассис -1 ҷой.
4. Шуъбаи татбиқи натиҷаҳои илмӣ:
— мудири шуъба – 1 ҷой;
— ходими хурди илмӣ – 1 ҷой;
5. Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва кор бо грантҳо:
— мудири шуъба – 1 ҷой;
— ходими калони илмӣ — 1ҷой;
— ходими хурди илмӣ – 1 ҷой.
6. Шуъбаи ҳуқуқи сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва кор бо кадрҳо:
— мудири шуъба – 1 ҷой;
— мутахасис — 1ҷой.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли вазифаи мудири шуъба:
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисосҳои иқтисодӣ, сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва ё дигар соҳаҳои марбут ба сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои эълоншударо таъмин карда метавонанд;
— доштани дараҷа ва унвони илмӣ;
— донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
— на кам аз 5 сол доштани собиқаи кории фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ;
— дониш ва малакаи роҳбарӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо;
— донистани таърих, фарҳанг, муқадасоти миллӣ, забони давлатӣ;
— донистани забонҳои хориҷӣ.
Талаботи тахассуси барои ишғоли вазифаи ходимони илмӣ:
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисосҳои иқтисодӣ, сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва ё дигар соҳаҳои марбут ба сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои эълоншударо таъмин карда метавонад;
— доштани дараҷа ва унвони илмӣ (барои ходимони калон ва ходимони илмӣ);
— донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
— на кам аз 3 сол доштани собиқаи кории фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ;
— донистани таърих, фарҳанг, муқадасоти миллӣ, забони давлатӣ;
— донистани забонҳои хориҷӣ.
Рўйхати ҳуҷатҳои зарури барои иштирок дар озмун:
1. Ариза ба унвони директории Институт;
2. Нусхаи ҳуҷатҳои тасдиқкунандаи таҳсилот;
3. Варақаи шахсӣ;
4. Тарҷумаи ҳол (cv);
5. Нусхаи шиноснома;
6. Нусхаи ҳуҷатҳои тасдиқкунандаи таҷрибаи корӣ;
7. Рўйхати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
8. Сурати андозаи 3х4 -2дона;
9. Маълумотноиа оид ба надоштани доғи судӣ.
Тартиби супоридани ҳуҷатҳо:
Ҳуҷҷатҳоро метавонед ба унвонии Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии сайёҳи ва соҳибкори»- Донишгоҳи байналмилалии сайёҳи ва соҳибкории Тоҷикистон пешниҳод намоед.
Телефон барои маълумоти иловагӣ: 918-81-42-40
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо:
Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо — 28 январи соли 2025

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Хабарҳо
Бештар