Эълон: Сармуҳосиб

ДАРХОСТ БАРОИ ИЗҲОРИ ҲАВАСМАНДӢ

Кишвар:Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номи лоиҳа:Лоиҳаи рушди таҳсилот дар соҳаи бизнеси сайёҳӣ
Бахш:Маориф
Хизматрасониҳои машаваратчии инфиродӣ:Сармуҳосиб
Навъи маблағгузорӣ:Қарзи Бонки Исломии Рушд
Рақами лоиҳа:TJK1048

Бонки Исломии Рушд маблағгузориро ба маблағи 13,95 миллион доллари ИМА барои Лоиҳаи рушди таҳсилот дар соҳаи бизнеси сайёҳӣ тасдиқ намудааст ва азм дорад қисме аз ин маблағро барои пардохтҳои қобили қабул тибқи шартномаи хизматрасонии мушовир – мушовири инфиродӣ истифода намояд, ки вобаста ба он дархости мазкур барои изҳори ҳавасмандӣ нашр гардидааст.

Ҳадафи лоиҳа – беҳтар намудани дастрасӣ ба таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва меҳмондорӣ ва баланд бардоштани сифати он дар заминаи таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ мебошад. Ҳадафи мазкур тавассути муосиргардонии инфрасохтори муассисаи мавҷудаи соҳаи сайёҳӣ ва таҳким бахшидани иқтидори он барои анҷом додани нақши марказ (ҳаб) дар самти таҳсилоти соҳаҳои сайёҳӣ ва меҳмондорӣ дар минтақа амалӣ мегардад. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Агентии иҷроияи лоиҳа мебошад. Муҳлати татбиқи лоиҳа 5 солро дар бар мегирад.

Хизматрасониҳо идоракунии умумии молиявии лоиҳаро дар бар мегиранд, аз, аз ҷумла:

  • таҳияи ҳисоботи молиявии лоиҳа;
  • назорат ва тасдиқи ҳамаи амалиётҳои бонкӣ ва нақдӣ;
  • анҷом додани пардохтҳо тибқи шартномаҳо оид ба корҳои сохтмонӣ, харидории молҳо ва хизматрасониҳои машваратӣ;
  • ба роҳ мондани баҳисобгирии мунтазами воситаҳои асосие, ки дар ҷараёни татбиқи лоиҳа ба даст оварда шудаанд ва ғ.

Ҳаҷми тахминии кор 60 (шаст) моҳро ташкил медиҳад.

Санаи пешбинишудаи оғози супориш марти соли 2026 мебошад.

Тафсилоти пурраи вазифаҳои техникӣ (ToR) барои супориши мазкур дар истиноди зерин: https://iutet.tj/сармуҳосиб/ дастрас буда, инчунин онҳоро аз рӯйи суроғаи дар поён зикршуда пайдо намудан мумкин аст.

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳии ва соҳибкории Тоҷикистон аз мушовирони инфиродии соҳибтахассус даъват ба амал меорад, то ҳавасмандии худро барои пешниҳоди хизматрасониҳои мазкур иброз намоянд. Мушовирони хоҳишманд бояд маълумоти мушаххас пешниҳод намоянд, ки ба талаботи тахассусӣ будани онҳоро барои иҷрои хизматрасониҳои пешбинишуда пурра тасдиқ намояд.

Руйхати кӯтоҳ дар заминаи арзёбии тарҷумаи ҳол (CV) ва маълумоти муфид дар ҷавоб ба ҳамин Эълон, аз ҷумла тавсияномаҳо тартиб дода мешавад.

Довталабони иқтидорӣ бояд маълумотро дар бораи малакаҳои умумии касбӣ ҳамчун мушовири инфиродӣ, таҷрибаи корӣ дар самти мувофиқ, таҷрибаи фаъолият аз рӯйи супоришҳои мазкур, инчунин донистани забонҳо пешниҳод намоянд.

Мушовир тибқи усули интихоб, ки нисбат ба мушовирони инфиродӣ татбиқ мегардад ва тавре дар “Роҳнамо доир ба харидории хизматрасониҳои маслиҳатӣ дар доираи маблағгузории лоиҳаҳои Бонки Исломии Рушд” (нашри апрели соли 2019, таҳрири феврали соли 2023) муқаррар шудааст, интихоб карда мешавад.

Талаботи ҳадди ақали тахассусӣ:

  • Маҳорати иртибот: қобилияти расонидани маълумоти дахлдор, кӯтоҳ ва дақиқ дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ;
  • Дақиқкорӣ ва таваҷҷуҳ ба ҷузъиёт: тавоноӣ барои таъмин ва нигоҳ доштани сатҳи баланди дақиқӣ ва сифати кор, аз ҷумла дар шароити фишор ва иҷрои якчанд вазифаҳо дар як вақт;
  • Ҳалли мушкилот: қобилияти қабули қарорҳои асоснок ва ташаббускорӣ дар тамоми равандҳои амалиётӣ, пешниҳоди ҳалли амалӣ ва воқеӣ;
  • Банақшагирӣ ва ташкил: қобилияти мустақилона кор кардан бо назорати ҳадди ақал, муайян кардани афзалиятҳо ва ба нақша гирифтани ҳаҷми кор. Самаранок иҷро кардани ҳаҷми калони вазифаҳои гуногун;
  • Кор дар гурӯҳ: барпо намудани муоширати самаранок ва муносибатҳои корӣ ҳам дар дохили гурӯҳ ва ҳам бо ҷонибҳои дигар. Табодули дониш, иттилоот ва таҷрибаи пешқадам бо дигарон;
  • Самтгирӣ ба натиҷа: қобилияти таъмин намудани иҷро ва ҳатто баланд бардоштани ҳадафҳо ва вазифаҳои амалиётӣ;
  • Саъю кӯшиши пайваста ҷиҳати такмили равандҳои амалиётӣ.

Ба мушовирони инфиродии хоҳишманд тавсия дода мешавад, ки бо бандҳои 1.12.1 ва 1.12.2 “Роҳнамо доир ба харидории хизматрасониҳои маслиҳатӣ дар доираи маблағгузории лоиҳаҳои Бонки Исломии Рушд” (нашри апрели соли 2019, таҳрири феврали соли 2023) шинос гарданд, ки дар он сиёсати Бонки Исломии Рушд оид ба ихтилофи манфиатҳо баён шудааст. Мушовирони инфиродии хоҳишманд аз рӯйи нишонии дар поён овардашуда, дар вақти корӣ, яъне аз соати 08:00 то 17:00 (бо вақти маҳаллӣ) маълумоти иловагӣ дастрас карда метавонанд.

Изҳори ҳавасмандӣ бояд дар шакли хаттӣ, ҳамроҳ бо тарҷумаи ҳол (CV) ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ (шахсан ё тавассути почтаи электронӣ) ба нишонии дар поён зикршуда, на дертар аз 17:00 9 феврали 2026 пешниҳод карда шаванд.

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Ба таваҷҷуҳи: проф. Асрорзода Убайдулло Саттор

хиёбони Борбад 48/5, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел.: +992 37 234 88 02

Почтаи электронӣ: dsx_ips@mail.ru, нусха ба iutetiro.tj@gmail.com, idbroa@isdb.org

Сомона: http://www.iutet.tj

Comments are closed.