ЭЪЛОН! ЭЪЛОН! ЭЪЛОН!

Ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро интихоб менамоянд, расонида мешавад, ки айни замон Донишгоҳ бо беш аз 160 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Довталабоне, ки тибқи варақаи бақайдгирӣ бо интихоби пурраи ДБССТ ба раёсати робитаҳои байналмилалии муассиса ҳозир мешаванд, аз рӯйи ихтисос ва равияи таҳсил ба курсҳои ройгони забонҳои хориҷӣ (англисӣ, русӣ, олмонӣ, чинӣ, куриёӣ) фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатнома мегарданд. Сипас, бо сазовор шудан ба номи пуршарафи донишҷӯйи ДБССТ аз рӯйи натиҷаҳои имтиҳоноти марказонидашудаи дохилшавӣ тибқи барномаҳои табодули академӣ ба кишварҳои Чин, Корея, Малайзия, Ҳиндустон, Қатар, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Аврупо, аз ҷумла Олмон, Нидерланд ва ғайраҳо сафарбар карда мешаванд.

Барои маълумоти иловагӣ ба раёсати робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ муроҷиат намоед.

E-mail: iutetiro.tj@gmail.com

Comments are closed.