ЭЪТИРОФИ ШОИСТА. ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОНИ ДБССТ БЕҲТАРИН ЭЪТИРОФ ГАРДИД

04 феврали соли 2025 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (ДБССТ) бо ҷоизаи “Беҳтарин шуъбаи кор бо ҷавонон дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2024” сарфароз гардонида шуд.
Дастоварди навбатии Донишгоҳ ба кулли ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳассилини ин боргоҳи илму маърифат муборак бошад!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Хабарҳо
Бештар