(Таассурот аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28.12.2024)
Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар сол ҳамчун як рӯйдоди муҳими сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад. Вақте, ки дар Паёми Пешвои миллат оила ва ҷомеа мавриди таҳлил қарор мегиранд, махсусан мақоми модарон ҳамчун маркази муҳими тарбия ва рушду нумӯи ҷомеа таъкид мешавад. Модарон, ки ёвари аввалини тарбиятдиҳандагони насли оянда мебошанд, дар ҳаёти шахсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як шахс нақши муҳим мебозанд. Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат низ дар суханрониҳои Пешщвои миллат эҳтироми баланд ба модарони тоҷик зоҳир карда шуд, ихтихори мо модарони ҷавон пеш аз ҳама аст.
Пешвои муаззами миллат бо самимияти бепоён ва қалби саршор аз меҳру садоқат ва назари нек дар Паёми навбати таъкид намуданд, ки «Он меҳрубоние, ки Модар ба фарзанд мекунад, ягон шахси дигар карда наметавонад». Ин таъкиди Пешвои муаззами миллат ҳар як нафарро ҳидоят менамояд, ки ба қадри модар бирасад ва ҳамеша нисбати эшон меҳрубон бошад. Маврид ба зикр аст, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлоли ба ҷойгоҳи зан-модар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи назаррас зоҳир карда шудааст, ки мо хуб дарк мекунем, ки ин таваҷҷуҳ аз бузургию фарзанди фарзонаи модарии тоҷик – Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифтааст. Пешвои муаззами миллат ҳамеша посдори фарҳанги миллӣ ҳастанд ва арҷгузорӣ ба зан-модарро ҷузъи фарҳанги мо тоҷикон медонанд. Пешвои миллат вобаста ба ин дар сухаронии худ иброз намуданд, ки «Дар фарҳангу тамаддуни мо тоҷикон эҳтирому иззати зан-модар ҷойгоҳи хоса дорад». Пешвои миллат бо ишора ба аҳамияти модарон барои рушд ва пешрафти ҷомеа, нақши онҳо дар таълиму тарбияи фарзандон, бахусус дар тарбия намудани фарзандони ватандор ва худшинос, таъкид карда, онҳоро ҳамчун «паҳнкунандаи арзишҳои маънавӣ ва фарҳангӣ» номбар карданд. Пешвои муаззами миллат нақши бонувону модаронро дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа дар замони соҳибистиқлолӣ назаррас арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки онҳо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Воқеан, модарон ҳамеша ба мисли хазинаи муҳаббат, фидоият ва ғамхорӣ дар тарбия кардани насли нав дар ҷои аввал хоҳанд монд. Пешвои миллат бо ифтихор ва эҳтиром ҷиҳати таъмини ҳимояи ҳуқуқи модарон ва кӯмак ба онҳо ба таври мунтазам талош мекунанд. Пешвои муаззами миллат дар кулли суханрониҳои худ аз дастгирии бонувону модарони тоҷик ёдовар гардида, марҳила ба марҳила барои имконияти бештар фароҳам овардан барои занону модарон дастуру супоришҳо медиҳанд. Дар ин маврид, мо агар танҳо суханони Пешвои муаззами миллатро дар Паёмҳои ҳамасолаашон таваҷҷӯҳ кунем, шоҳиди бебаҳси гуфтаҳои боло мешавем. Дар Паёми охирини сарвари давлат низ бонувони тоҷик мавриди ситоиши падарона қарор дода шуданд. Ҳар Паёми Пешвои миллат муждаи неку паёме аз комёбиҳои нотакрор барои бонувону модарони мамлакат мебошад.
Маҳз баъд аз роҳбари давлат гардидани Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи зан – модари тоҷик устувор гардида, роҳи муваффақият ва илму дониш барои бонувони тоҷик боз гардид. Дар сиёсати хирадмандонаи худ Пешвои муаззами миллат ба нақши бонувон дар пешравии ҷомеа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.
Бо қабули як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мавқеи онҳоро дар ҷомеа устувор гардониданд. Фармони президенти кишвар “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Барномаи давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлати оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010”, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” (ва дар давраҳои дигар) ва як қатор қонунҳои дигар далели ғамхорӣ ва дастгириҳои бесобиқаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба занон маҳсуб меёбад.
Рақамҳои дар Паёми Пешвои муаззами миллат ироа гардида далели ғамхорӣ ва пешрафти онҳо дар даврони Истиқлолият аст. Қайд карда шуд, ки «Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд». Ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои қабли пешрафти бузург арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки «Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд. Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд. Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем».
Бо истифода аз шароитҳои хубу мусоиди фароҳамовардаи давлат имрӯз зан-модари тоҷик дар ҳама соҳаҳо муваффақ аст. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат дар Паём иброз доштанд, имрӯз бештари ғолибон ва иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби ҷавондухтарон аст.
Дар баробари ҳама ин самимияту таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат мо бонувону модарони тоҷик ҷавобан бо фаъолияти пурсамар ва таълиму тарбияи наслҳои оянда дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ дар ободии Ватани худ саҳмгузор бошем.
Шоҳзода Назира Изатулло – ходими калони илмии Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.