Аз 21 октябр то 21 ноябри соли 2024 аз ҷониби Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар ҳамкорӣ бо Дафтари Ҳамкориҳои Швейтсария дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ Озмуни эссеи беҳтарин оид ба ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ баргузор гардид.
Хушбахтона, дар озмуни мазкур донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 230101-Муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ Бобоҷонов Некрӯз Зоҳирович таҳти роҳбарии доктори илмҳои сиёсӣ, профессори кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсатшиносӣ Қурбонова Зулфия Маҳманабиевна иштирок намуда, дар байни зиёда аз 85 нафар ширкаткунанда мавқеи 3-юмро ишғол намуд ва дар ҷаласаи тантанавӣ бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии ташкилкунандагон сарфароз гардонида шуд.