22 декабри соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими ҷоизасупории ғолибони даври ниҳоии озмун (олимпиада)-и хонандагони синфҳои 11-и шаҳри Душанбе аз рӯйи фанҳои математика, физика, химия, биология, технологияҳои иттилоотӣ ва георгафия баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор, муовини якуми директори Маркази миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиниё Абдулбосит Шодӣ, намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе ва омӯзгорону хонандагон иштирок намуданд.
Ректори Донишгоҳ профессор Убайдулло Асрорзода зимни суханронии хеш қайд намуданд, ки мо маросими ҷамъбасти Озмунро барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” баргузор менамоем. Ин чорабинии муҳимми илмию маърифатӣ, ки бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, бори дигар собит сохт, ки ҷавонони мо дорои иқтидори баланди зеҳнӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва шавқу завқи амиқ ба илму дониш мебошанд.
Баргузории ин озмун дар доираи татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” сурат гирифт. Натиҷаҳои имрӯза гувоҳи равшани он мебошанд, ки сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар амал татбиқ гардида, ба самараҳои воқеӣ ноил мегардад.
Озмун-олимпиада, ки аз рӯйи фанҳои математика, физика, химия, биология, технологияҳои иттилоотӣ ва география баргузор гардид, намунаи равшани таҳкими пайванди мактаб ва донишгоҳ, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва омодасозии насли ояндаи мутахассисони рақобатпазир мебошад.
Бо қаноатмандӣ бояд таъкид намуд, ки дар даври ниҳоии озмун зиёда аз 1000 нафар хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Мехоҳам махсус қайд намоям, ки қабули имтиҳонот ва ҷамъбасти натиҷаҳои озмун бо иштироки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд, ки шаффофият, адолат ва эътимодро ба натиҷаҳои олимпиада пурра таъмин намуд. Имрӯз мо ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли ин озмунро қадршиносӣ менамоем. Аммо бояд гуфт, ки ҳар як иштирокчии озмун аллакай ғолиб аст, зеро ӯ роҳи дониш, тафаккури илмӣ ва рушди шахсиятро интихоб намудааст.
Қайд гардид, ки “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” аллакай соли шашум аст, ки дар тамоми минтақаҳои кишвар ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор мегардад ва мо ин анъанаро идома хоҳем дод.
Таъкид шуд, ки Раёсати Донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки барои ғолибони имрӯза, дар баробари мукофотҳои пешбинишуда, ҳангоми дохил шудан ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла кам намудани маблағи таҳсил, пешниҳод намудани имкониятҳои таҳсил дар хориҷи кишвар ва ҷудо намудани стипендияҳои раёсатро фароҳам оварад.
Дар охир ректори Донишгоҳ профессор Убайдулло Асрорзода ба ҳамаи ғолибон ва иштирокчиёни озмун барору комёбиҳои нав, ба омӯзгорону волидайн муваффақият ва ба ҳайати тадорукот барои ташкили сатҳи баланди озмун изҳори сипос баён намуданд.
Сипас, барои иштироки фаъолона 15 нафар хонандагон бо “Ифтихорнома”-и раёсати Донишгоҳ ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” диплом ва маблағҳои ҳавасмандӣ қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе барои саҳмгузорӣ дар баргузории сатҳи баланди озмун-олимпиадаи болозикр бо “Сипоснома”-и раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

















