1-уми феврали соли 2025 Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ”-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон бо Алянси дӯстии Роҳи Абрешим шартномаи дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Ҳадафи асосии ҳамкории мазкур таҳкими равобити илмӣ, тадқиқотӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ мебошад. Тибқи ин шартнома, ҷонибҳо дар самтҳои зерин ҳамкорӣ хоҳанд кард:
Табодули донишҷӯён байни ДБССТ ва донишгоҳҳои Чин;
Таҳқиқотҳои илмӣ ва коркарди лоиҳаҳои муштарак;
Рушди сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон;
Ҷалби сармоягузорон ва соҳибкорони хориҷӣ барои саҳмгузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ;
Такмили ихтисоси омӯзгорон ва устоҳои таълимии истеҳсолии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ.
Ин ҳамкорӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси мутахассисон имкониятҳои нав фароҳам меорад.