ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР МАСЪАЛАИ МЕҲВАРИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми имсолаи худ, ки 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олӣ бо фарогирии тамоми самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ аз он ҷумла ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, идоракунии самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсис додани ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат ҳамчунин, рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ, истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот, ташаккул додани иқтисоди ба дониш, ихтироъкориву навоварӣ асосёфтаро масъалаҳои афзалиятнок эълон намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Вазифаҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва милликунонии Ҳадафҳои рушди устувор дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дарҷ гардида, дар он ҳадафи олӣ ва ҳадафҳои стратегии кишвар муайян карда шудаанд. Тибқи ин ҳуҷҷати стратегӣ ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳсуб меёбад.
Иқтисоди «сабз» яке аз самтҳои муосири илми иқтисод буда, дар пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузорад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки айни замон яке аз роҳҳои ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор, ташаккули иқтисоди «сабз» ва истифодаи босамар аз захираҳои энергияи таҷдидшаванда ба ҳисоб меравад яъне иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеҳсоли энергияи «сабз» вобастагии калон дорад. Яке аз роҳҳои ҳалли муваффақи мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим рушди иқтисоди «сабз» мебошад, ки дар навбати худ зарурати рушди энергияи «сабз»-ро ба миён меорад.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст. Ҳоло корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 6 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва сохтмони неругоҳи «Себзор» ба маблағи 700 миллион сомонӣ идома доранд. Имрӯзҳо бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» бо суръати баланд идома дошта, дар ду соли охир ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ гардидааст. То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмони неругоҳи «Роғун» ба анҷом расонида шудаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли энергияи «сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ тадбирҳои амалӣ меандешад. Дар ин замина соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт оғоз мегардад. Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.
Бо амалисозии тадбирҳои зикршуда соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо энергияи «сабз» таъмин гардида (ҳоло 98%-ро ташкил медиҳад), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад. Яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи иқтисоди «сабз» соли 2037 воқеан ба кишвари «сабз» табдил меёбад. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи фоизи истеҳсоли барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дар ҷаҳон дар ҷойи 6-ум қарор дорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир фаъолияти худро барои ноил шудан ба афзалияти дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳадафҳои рушди устувор пешбинишуда равона намуда, дар самтҳои рушди «сабз» ва рушди устувор, аз ҷумла паст намудани ихроҷи газҳои гулхонаӣ, нигоҳ доштани мувозинати экологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Дар ин асос ҳадафи стратегии рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин таъмини рушди иқтисодӣ аз ҳисоби истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва суботи иҷтимоӣ, инчунин таъмини баробарии экологӣ дар давраи дарозмуҳлат муайян гардидааст.
Бо татбиқи иқтисоди «сабз» Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар истифодаи иқтидорҳои тавлиди неруи барқ аз сарчашмаҳои барқароршаванда дар ҷаҳон мавқеи пешсафро ишғол намояд, ҳамчунин ба содироткунандаи азими қувваи барқ дар минтақа, истеҳсолкунандаи неруи барқ аз дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия (офтоб, бод ва ғайра), истеҳсолкунанда ва содироткунандаи маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза табдил ёфта, ба қатори давлатҳои камихроҷкунандаи газҳои гулхонаӣ ва аз ҷиҳати сайёҳии экологӣ рушдёфта ворид гардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзоиши истеҳсоли энергияи «сабз»-ро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон ва соҳаҳои ояндадори он, бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофӣ, захираҳои табиӣ ва дигар имкониятҳои мавҷуда, номбар намуданд.
Иқтидори Тоҷикистон дар самти истеҳсоли энергия аз манбаъҳои барқароршаванда хеле васеъ мебошад. Сармоягузорӣ ба иқтисоди «сабз» дар баробари овардани манфиатҳои иқтисодӣ боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар шудани саломатии одамон гашта, дар маҷмуъ ба ҳалли бисёр мушкилиҳои иҷтимоӣ низ мусоидат мекунад. Аз рӯи ҳисоби коршиносон як долларе, ки барои барқароршавии ҷангал сарф мешавад, оянда 30 доллар манфиати иқтисодӣ меорад. Як миллион долларе, ки барои тавлиди энергияи «сабз» сарф мешавад, боиси таъсиси 16,7 ҷойи нави корӣ мегардад. Имрӯз 40% инноватсияи ҷаҳонӣ ба «иқтисоди сабз» рост меояд, 50% ба нигоҳдории энергия ва самаранокии он равона шудааст.
Илова бар ин Тоҷикистон мавқеи худро дар самти содироти «сабз», бо истифода аз технологияи муосир ва маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза устувор гардонида метавонад. Дар навбати худ татбиқи самтҳои асосии иқтисоди «сабз» барои рушди сайёҳии аграрӣ ва экологӣ ва дигар намудҳои сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Ба андешаи мо, дар сурати ҳалли масъалаҳои дар боло зикр гардида ва рушди сифатан нави иқтисоди «сабз», ки дар Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии кишвар баён гардид, дар заминаи ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсис додани ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, рушди сармояи инсонӣ, истифодаи технологияҳои муосир, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш, ихтироъкориву навоварӣ асосёфта метавонад вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурии азизамонро беҳтар намояд.
МАРИНШОЕВ МУҚБИЛ МУНАВВАРШОЕВИЧ – сардори шуъбаи банақшагирии стратегӣ ва барномаҳои рушди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *