Ҳамоҳангсози лоиҳа

СУПОРИШИ ТЕХНИКӢ ВА ҲАҶМИ ХИЗМАТРАСОНИҲО

Номи вазифа:Ҳамоҳангсози лоиҳа
Номи лоиҳа:Лоиҳаи рушди таҳсилот дар соҳаи бизнеси сайёҳӣ
Рақами лоиҳа: TJK1048

Пешзамина

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷуброни хароҷоти Лоиҳаи рушди таҳсилот дар соҳаи бизнеси сайёҳӣ аз Бонки Исломии Рушд (БИР) маблағгузорӣ гирифтааст. Арзиши умумии лоиҳа 18,25 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 13,95 млн доллари ИМА ҳиссаи маблағгузории БИР мебошад. Лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаммаблағгузорӣ мегардад.

Ҳадафи лоиҳа – беҳтар намудани дастрасӣ ба таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва меҳмондорӣ ва баланд бардоштани сифати он дар заминаи таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ тавассути муосиргардонии инфрасохтори муассисаи мавҷуда ба як муассисаи замонавӣ, фарогир ва устувор дар ноҳияи Дангара, инчунин таҳким бахшидани иқтидори он барои анҷом додани нақши марказ (ҳаб) дар самти таҳсилоти соҳаҳои сайёҳӣ ва меҳмондорӣ ҳамчун пешсад дар таҳсилот доир ба сайёҳии ҳалол, ки таҷрибаи беҳтаринро дар дохили кишвар ва минтақавӣ паҳн мегардонад.

Лоиҳа аз ин унсурҳои зерин иборат мебошад: (A) Дастрасӣ ба таҳсилот дар соҳаи сайёҳӣ ва бизнес; (B) Қобилияти институтсионалии таҳсилот дар соҳаи сайёҳӣ ва бизнес; (C) Дастгирии идоракунии лоиҳа; (D) Аудити молиявӣ; ва (E) унсури вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи ғайричашмдошт.

Дар сохтори фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (Агенти иҷроия) маркази махсуси штатии идоракунии лоиҳа (МИЛ) барои таъмини идоракунии самарабахш ва татбиқи лоиҳа дар доираи ҳаҷм ва муҳлати тасдиқшуда таъсис дода шудааст.

Уҳдадориҳои мушаххас

Таҳти роҳбарии Ректори Агентии иҷроия (АИ) ва дар ҳамкории зич бо Бонки Исломии Рушд (ИБР), вазифаҳо/уҳдадориҳои мушаххаси ҳамоҳангсози лоиҳа чунин хоҳанд буд:

Идоракунии умумӣ:

  • Идоракунии ҳамаӯзаи лоиҳа ва таъмини татбиқи саривақтии тамоми чорабиниҳои лоиҳа;
  • Таъмини татбиқи лоиҳа мувофиқи созишномаҳои ҳуқуқии лоиҳа, қоидаҳои харид ва идоракунии молиявии БИР, Дастурамали татбиқи лоиҳа (PIM), аз ҷумла ҷадвали тарҳр
  • Дар ҳамоҳангии пайваста бо Агентии иҷроияи ва БИР таҳия намудани барномаи чандсолаи корӣ, барномаҳои солонаи кории лоиҳа, аз ҷумла буҷети солонаи лоиҳа ва таъмини иҷрои саривақтии онҳо;
  • Таъмини иртиботи мунтазам бо роҳбарияти Агентии иҷроия ва БИР барои пешниҳод намудани маълумот оид ба раванди иҷро, барраси масъалаҳои муҳим, ки ба иҷрои лоиҳа монеа шуда метавонанд, ва иҷрои амалҳои мувофиқашуда;
  • Мониторинг ва таъмини истифодаи самаранок ва шаффофи маблағҳои Лоиҳа мутобиқ ба нақшаи харид ва ҷадвали хароҷот;
  • Назорат аз рӯйи таҳияи ҳамаи ҳисоботҳо, аз ҷумла ҳисоботи ибтидоӣ, ҳисоботҳои даврӣ (моҳона, семоҳа, солона, PIASR) ва таъмини сифати қаноатбахши тамоми ҳисоботҳо ва пешниҳоди саривақтии онҳо.
  • Иҷрои нақши пайванди калидӣ ҷиҳати таъмини иртиботи қавӣ ва муассир байни Агентии иҷроия ва БИР;
  • Таъмини ҳамоҳангӣ (синергия)-и ҳамаи ҷузъҳо ва зерҷузъҳои Лоиҳа тавассути ҳамкории зич бо роҳбарон ва кормандони масъули департаментҳо/воҳидҳои дахлдори Агентии иҷроия;
  • Таъмини шаффофияти татбиқи лоиҳа, нашри иттилоот дар бораи лоиҳа, рушд ва назорати робитаҳои ҷамъиятӣ.

Идоракунии Маркази идораи лоиҳаҳо (МИЛ)

  • Таъмини татбиқи дуруст ва саривақтии ҳамаи сиёсатҳо ва тартиботи МИЛ
  • Таҳияи механизмҳои мувофиқ ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии кормандони МИЛ ва машваратчиён барои иҷрои дурусти уҳдадориҳои онҳо. Идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти машваратчиёни техникӣ, ки барои дастгирии татбиқи лоиҳа ҷалб гардидаанд, инчунин санҷиш ва таъмини сифати натиҷаҳо/ҳисоботҳои онҳо;
  • Назорат аз болои фаъолияти гурӯҳи лоиҳа, аз ҷумла мутахассиси калони харид ва сармуҳосиб, ки дар доираи лоиҳа ҷалб шудаанд, инчунин таъмини мубрамияти Нақшаи татбиқи лоиҳа (PIP), Нақшаи харид (PP) ва Нақшаи молиявӣ (FP) ва пешниҳоди саривақтии онҳо ба БОР.
  • Ҳамоҳангсозии ҷалби кормандони нави МИЛ ва машваратчиён;
  • Мониторинги маҳсулнокии фаъолияти кормандони МИЛтавассути гузаронидани арзёбиҳои солонаи фаъолияти меҳнатӣ, аз ҷумла таҳияи тавсияҳо ва нақшаҳои такмили фаъолият;
  • Таҳия ва назорат аз болои татбиқи стратегияи баланд бардоштани иқтидори кормандони МИЛ.
  • Мусоидат ба иртиботи созандаи байни кормандон ва мушовирон барои иҷрои самарабахши уҳдадориҳо.
  • Дар заминаи далелҳои пешрафти татбиқи лоиҳа, пешниҳод намудани тағйирот ва / ё ислоҳот ба Дастурамали татбиқи лоиҳа (PIM) барои тасдиқ аз ҷониби Агентии иҷроия ва пешниҳод ба БИР барои тасдиқ.

Идоракуиии молиявӣ

  • Таъмини идоракунии самаранок ва мувофиқи ҳамаи масъалаҳои молиявӣ, пардохтҳо ва истифодаи маблағҳо мутобиқи расмиёт ва меъёрҳои баҳисобгирӣ, таҳияи буҷет, назорати молиявӣ ва аудит, ки барои муассисаҳои молиявӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили қабул мебошанд.
  • Дастгирии гузаронидани аудит ва дигар санҷишҳои МИЛ ва Лоиҳа мутобиқи шартномаи аудиторӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Имзои фармонҳо ва дастурҳои дохилӣ, протоколҳо, расидҳо, супоришномаҳои пардохтӣ, фармоишҳо оид ба харид ва дигар ҳуҷҷатҳои дорои эътибори ҳуқуқӣ аз номи МИЛ;
  • Идоракунии захираҳои моддӣ ва молиявии дафтари корӣ.

Харидҳо

  • Таъмини иҷрои самараноки ҳамаи харидҳои лоиҳа, аз ҷумла хариди мол, кор ва хизматрасониҳо мутобиқи талаботи Бонки Исломии Рушд ва Ҳукумат.

Ҷанбаҳои ҳуқуқӣ

  • Мониторинги мутобиқати тамоми тадбирҳое, ки дар доираи лоиҳа амалӣ мегарданд, ба ҳамаи уҳдадориҳои ҳуқуқӣ ва пешниҳод намудани тавсияҳо оид ба ислоҳ намудани онҳо дар ҳолати ошкор гардидани номувофиқатӣ.

Ҷанбаҳои экологӣ ва иҷтимоӣ

  • Таъмини чорабиниҳои лоиҳавӣ ба талаботи амнияти экологӣ ва иҷтимоӣ.
  • Таъмини риояи сиёсати экологӣ ва иҷтимоӣ.
  • Таъмини ба инобатгирии ҷанбаҳои маъюбӣ ва гендерӣ дар тамоми чорабиниҳои лоиҳавӣ, инчунин риояи масоили инклюзияи маъюбон ва ҳассосияти гендерӣ ҳангоми банақшагирӣ ва татбиқи ҳамаи фаъолиятҳои лоиҳа.

Мониторинг ва арзёбӣ

  • Таъмини фаъолияти низоми самараноки мониторинг ва арзёбии чорабиниҳои лоиҳа, натиҷаҳои фосилавӣ (мобайнӣ) ва ниҳоӣ, инчунин дастовардҳои умумӣ.
  • Ҳамоҳангсозии маълумоти воридотӣ барои ҳисоботдиҳӣ аз рӯйи ҳамаи унсурҳо ва зерунсурҳои лоиҳа аз ҷониби Агентии иҷроия ва роҳбарияти лоиҳа, таҳлил ва тафсири ин маълумот ҳангоми таҳияи ҳисоботҳои мутамарказ оид ба пешрафти лоиҳа ва ҳисоботи ниҳоии анҷомёбӣ, инчунин пешниҳоди саривақтии онҳо ба Агентии иҷроия, БИР ва дигар ҷонибҳои манфиатдор.
  • Гузаронидани вохӯриҳои мунтазам бо шарикони рушд ҷиҳати навсозии иттилоот оид ба вазъи лоиҳа.
  • Назорат аз болои фаъолият доир ба мониторинг ва арзёбӣ бо мақсади таъмини мутобиқати натиҷаҳои воқеӣ ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ мутобиқи чаҳорчӯбаи мониторинг ва арзёбӣ (М&A).

Робитаҳои берунӣ ва ҳамоҳангсозӣ

  • Намояндагӣ намудани Лоиҳа ва ҳимояи манфиатҳои он дар робита бо Ҳукумат, ташкилотҳои маҳаллӣ ва форумҳо, инчунин пешниҳоди саривақтии ҳисобот дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ аз рӯйи зарурат.
  • Иштирок дар конфронсҳо ва семинарҳои вобаста ба идоракунии лоиҳаҳои Маркази идораи лоиҳа (МИЛ).
  • Бо саҳми аъзои дахлдори Гурӯҳи идоракунии лоиҳа таҳия намудани нақшаи умумии маъракаи иртиботии лоиҳа, омода сохтани маводи иттилоотию иртиботӣ ва ба роҳ мондани маъракаи иртиботии лоиҳа.

Натиҷаҳои калидӣ / нишондиҳандаҳои маҳсулнокӣ

  1. Лоиҳа ба таври муассир ва самаранок ҳамоҳанг ва идора карда шуда, мониторинги мунтазами ҳаррӯзаи он таъмин мегардад.
  2. Идоракунии самараноки гурӯҳи лоиҳавӣ, ки ба татбиқи Лоиҳа мусоидат менамояд, амалӣ карда мешавад.
  3. Дар ҷараёни татбиқи Лоиҳа нисбат ба ҳама гуна тағйирот тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
  4. Пешрафт дар самти ноил гардидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои Лоиҳа таъмин мегардад.
  5. Ҳисоботдиҳии мунтазам, возеҳ ва шаффоф оид ба пешрафти Лоиҳа, аз ҷумла ҳисоботи молиявӣ, ба Агентии иҷроия (ИА) ва Бонки Исломии Рушд (ИБР) пешниҳод мегардад.
  6. Низоми мониторинг ва арзёбии (М&O) Лоиҳа ва назорати дохилии сифати он мутобиқи Дастурамали татбиқи лоиҳа (PIM) ва Дастури амалиётии мониторинг ва арзёбӣ ба роҳ монда мешавад.
  7. Ҳуҷҷатҳо (шартҳои техникӣ – ТЗ, Нақшаи татбиқи лоиҳа – PIP, Нақшаи харид – PP, Нақшаи молиявӣ – FP, методологияҳои пурсиш ва ғайра) ба Агентии иҷроия ва БИР саривақт ва бо сифати зарурӣ пешниҳод карда мешаванд.

Малака, таҷриба ва тахассуси зарурӣ

  • Таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаҳои идоракунӣ, идоракунии давлатӣ, иқтисод, маориф ё самтҳои ҳаммонанд (дараҷаи магистр);
  • На камтар аз 8 соли таҷрибаи идоракунии фаъолияти гурӯҳҳои касбии бисёрсамта, афзалиятан дар соҳаи маориф;
  • На камтар аз 5 соли таҷрибаи идоракунии лоиҳаҳои аз ҷониби донорҳо маблағгузоришаванда; ба таҷриба дар соҳаи маориф бартарӣ дода мешавад;
  • Дониши хуб ва таҷрибаи корӣ дар низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Дониши амиқ оид ба давраи ҳаётии лоиҳа, харид ва идоракунии молиявӣ;
  • Қобилияти тафаккури стратегӣ ва табдил додани идеяҳо ба нақшаҳо ва амалҳои мушаххас;
  • Малакаҳои баланди муоширати шифоҳӣ ва таҳияи ҳисоботҳо;
  • Малакаҳои қавии идоракунии кормандон ва ҳамоҳангсозии фаъолият;
  • Малакаи аъло дар муоширати шифоҳӣ ва навишти хаттӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ; донистани забони англисӣ бартарӣ ба ҳисоб меравад;
  • Малакаи хуби кор бо компютер: Windows, MS Excel ва Word, инчунин қобилияти зуд аз худ намудани низомҳои нави иттилоотӣ.

Салоҳиятҳо:

  • Малакаҳои муошират: қобилияти ба таври хаттӣ ва шифоҳӣ расонидани иттилооти мувофиқ ва дақиқ;
  • Таваҷҷуҳ ба дақиқият ва ҷузъиёт: қобилияти таъмин ва нигоҳ доштани сатҳи баланди дақиқӣ ва сифати кор, аз ҷумла кор дар шароити фишор ва иҷрои ҳамзамони якчанд вазифаҳо;
  • Ҳалли мушкилот: қобилияти қабули қарорҳои оқилона ва зоҳир намудани ташаббус дар ҳамаи равандҳои амалиётӣ, пешниҳоди роҳи ҳалли амалӣ ва воқеӣ;
  • Банақшагирӣ ва ташкил: қобилияти мустақилона кор кардан бо назорати ҳадди ақал, муайян намудани афзалиятҳо ва банақшагирии сарбории кор; идоракунии самараноки ҳаҷми зиёди вазифаҳои гуногун;
  • Кор дар гурӯҳ: ташкили муоширати муассир ва муносибатҳои созанда дар дохили гурӯҳ ва берун аз он, табодули дониш, иттилоот ва таҷрибаҳои беҳтарин бо дигарон;
  • Самтгирӣ ба натиҷаҳо: қобилияти таъмин намудани ноилгардӣ ба ҳадафҳо ва вазифаҳои амалиётӣ, талоши пайваста ҷиҳати такмил додани равандҳои амалиётӣ.

Шартҳои шартнома

  • Давомнокии шартнома – тамоми давраи татбиқи лоиҳа бо дарназардошти арзёбии ҳамасолаи фаъолияти меҳнатӣ;
  • Музди меҳнат ҳар моҳ тибқи ҷадвали музди меҳнат, ки байни Бонки Исломии Рушд (БИР), Агентии иҷроия ва Вазорати молия мувофиқа шудааст (мутобиқи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) пардохт мегардад;
  • Вазифа сафарҳо ба объектҳои лоиҳа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб карда метавонад. Хароҷоти вобаста ба сафар, аз қабили шабонарӯзӣ, будудбош ва дигар хароҷот, тибқи тартиби муқарраргардида ҷуброн карда мешаванд;
  • Ҳамоҳангсози лоиҳа оид ба чорабиниҳои ҳаррӯзаи лоиҳавӣ ба Ректори Агентии иҷроия ҳисобот медиҳад;
  • Ҷойи кори Ҳамоҳангсози лоиҳа – шаҳри Душанбе ва ноҳияи Данғара.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

  • Маълумотнома (CV);
  • Диплом(ҳо)-и донишгоҳ бо тарҷума ба забони англисӣ;
  • Дигар шаҳодатномаҳои мувофиқе, ки салоҳияти довталабро тасдиқ менамоянд;
  • Дафтарчаи меҳнатӣ.