Мусаллам аст, ки таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу риояи ӯҳдадориҳои онҳо дар ҳамкории зичи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, донишгоҳ ва ҷомеа сурат мегирад.
Бо ин мақсад санаи 22.02.2025 дар факултети молия ва қарзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷаласаи васеи падару модарон таҳти унвони “Ҷавонон ва арзишҳои миллӣ: нақши оила, донишгоҳ ва ҷомеа дар таълиму тарбияи ҷавонон” баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа декани факултет н.и.ҳ., дотсент Раҳматзода Д.Т. иштирокдоронро шодбош гуфта, аз таваҷҷӯҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ёдоварӣ намуданд. Ҳамзамон, оид ба самтҳои мухталифи фаъолияти факултет, банақшагирии раванди таълим, ҳолати баргузории ҷараёни таълим ва базаи моддию техникии муассиса аз ҷониби декани факултет ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Дар кори ҷаласа муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ н.и.и., дотсент Қаландарзода Г.С., оид ба масъалаҳои муҳими тарбия, иҷрои талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа, пешгирӣ аз тақлиди фарҳанги бегона, динситезию дингароӣ ва тарзи дурусти истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби донишҷӯён, ба волидайни онҳо ибрози андеша намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур ҳамзамон сардори раёсати илм ва инноватсия д.и.ҳ. профессор Қудратов Н.А. ва сардори раёсати таълим н.и.и. дотсент Ҷалилов Р.Р. иштирок ва суханронӣ намуда, оид ба афзалиятҳои самти таълим ва самти илм ва инноватсия ба ҳозирин маълумотҳои дақиқу саҳеҳ пешниҳод карда шуд.