20 январи соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои муҳим ва стратегии донишгоҳ баррасӣ гардиданд.
Профессор Асрорзода Убайдулло Саттор зимни ҷаласаи назоратии хеш масъалаи рақамикунонии донишгоҳро ҳамчун яке аз самтҳои асосии стратегияи рушд таъкид намуд. Ӯ зикр кард, ки раванди рақамикунонӣ на танҳо имкониятҳои нави таълимӣ ва идоракуниро фароҳам меорад, балки ба самаранокии кор ва рақобатпазирии донишгоҳ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ таъсири мусбат мерасонад.
Ҳамзамон, ректори донишгоҳ ба масъалаи омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ки яке аз масъалаҳои муҳим ва афзалиятноки фаъолияти Донишгоҳ маҳсуб меёбанд, дахл намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Махсусан, ректори донишгоҳ таъкид намуданд, ки баланд бардоштани сатҳи масъулият ва содиқона иҷро намудани уҳдадориҳо аз ҷониби мо омӯзгорон ба натиҷаҳои дазаррас ва дастовардҳои донишҷӯён боис шуда метавонад.
Баланд бардоштани сифати таҳсилот низ яке аз масъалаҳои меҳварии ҷаласаи назоратии назди ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон буд. Вобаста ба ин масъала, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор қайд намуд, ки сифати таҳсилот на танҳо нишондиҳандаи асосии рушди донишгоҳ аст, балки барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат низ аҳамияти калидӣ дорад.
Дар ҷаласаи назоратӣ, вобаста ба фаъолияти босамари Институтҳои илмиву таҳқиқотии назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ ибрози назар сурат гирифт. Ректори донишгоҳ, ба таҳкими кори ин институтҳо ҳамчун василаи калидӣ барои рушди илм, таҳқиқот ва таҳияи инноватсияҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва иқтисоди сабз ва иштироки донишгоҳ дар рейтинги байналмилалии донишгоҳҳо аҳамияти махсус зоҳир намуд.
Ҳамчунин, 20 январи соли 2025 зимни ҷаласаи назоратӣ вобаста ба эҳтиёҷоти сохторҳои донишгоҳ як қатор кадрҳои ҷавон, соҳибистеъдод ва донандагони забонҳои хориҷӣ бо фармоиши Ректори донишгоҳ ба вазифаҳо таъин гардиданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласаи назоратӣ ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор масъулинро ба меҳнати софдилона ва содиқона дар иҷрои вазифаҳои худ ҳидоят намуд. Ӯ таъкид кард, ки барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва пешрафти ҳамаҷонибаи донишгоҳ заҳмату меҳнати софдилона ва аҳлонаи коллективи меҳнатии ин боргоҳи илму маърифат биёр ҳам муҳим мебошад.