ҶАМЪБАСТИ IV-УМИН ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ЗИНАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ АЗ НАМУДИ “ФУТБОЛИ ХУРД” БАЙНИ ДОНИШҶӮЁНИ МТОК ҲУДУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР ДОНИШГОҲ

     Нимаи аввали рӯзи 21 майи соли равон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, роҳбарияти кумитаву идораҳои давлатӣ ва омӯзгорону донишҷӯёни мактабҳои олии мамлакат IV-умин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни МТОК Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” ҷамъбаст гардид.
    Дар IV-умин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати ДБССТ” донишҷӯён маҳорати хешро ҳамаҷониба санҷида, минбаъд чун бузургони барҷастаи илми тоҷик барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ, табиӣ ва ҳуқуқ дар мамлакат нақши арзишманди хешро мегузоранд. Ғолибони озмун бо диплому ифтихорномаҳо ва мукофотҳои моливу ҷоми раёсати ДБССТ сарфароз карда шуданд.
    Ҳамчунин дар ҷаласаи мазкур Мусобиқаи варзишӣ аз намуди “Футболи хурд” байни донишҷӯёни МТОК ҳудуди шаҳри Душанбе барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон”, ки бо ҷонибдорӣ ва ифтихормандӣ аз эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол, ҳамчунин дар доираи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардида буд, ҷамъбаст ва ғолибони он низ бо диплом, мукофоти молиявӣ ва ҷоми раёсати ДБССТ қадрдонӣ гардиданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *