18 октябри соли 2024 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба Ниёгон, Иди Меҳргон бо расму русуми миллӣ бо ҷамъи коллективи бисёрнафараи Донишгоҳ баргузор гардид.
Баъд аз тамошои Намоишгоҳи идона, ки ба ифтихори Иди Меҳргон аз ҷониби сохторҳои таркибии муассиса ба маърази тамошо гузошта шуда буд, ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор кулли ҳозирин ва тамоми кормандону муҳассилини ин боргоҳи илму маърифатро ба ҷашни пурифтихори миллӣ – Иди Меҳргон самимона табрику муборакбод намуданд.
Қайд гардид, ки Иди Меҳргон, ки ҳамакнун ба диёри хушбоду ҳаво, Тоҷикистони азизи мо мерасад, мероси пурарзиши аҷдодон ва яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву ҳуввияти миллии тоҷикон мебошад, ки бо ташаббус ва иқдомҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон аз нав эҳё гардида, ҳамасола дар саросари Ватани маҳбубамон бо шукуҳу шаҳомати хоса таљлил мегардад.
Маҳз, таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гиромидошт ва эҳёи ҷашнҳои миллӣ буд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат Меҳргон аз нав бо тамоми шаҳоматаш эҳё ва ба қатори беҳтарин ҷашнҳои миллӣ ворид гардид ва ҳар сол ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Мардум Ҷашни Меҳргонро бо нияте баргузор менамоянд, ки ҳамасола ҳосили деҳқониашон фаровон гардад, рӯзгорашон осудаю молу ҳолашон бегазанд бошад, хайру баракат аз хонадонашон канда нашавад, иброз намуд ректори Донишгоҳ.
Ба ин муносибат, дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар як қатор омӯзгорону кормандони Донишгоҳ барои меҳнати софдилона ва гузоштани саҳми муносиб дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва муаррифии ҳарчи бештари Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар дохил ва берун аз кишвар, бо Ифтихорнома ва маблағҳои ҳавасмандӣ қадрдонӣ гардиданд.
Сипас, бахши фарҳанги Донишгоҳ ва ҳунармандони таклифшуда бо пешниҳоди суруду таронаҳои тараннумгари ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.