ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ҲАМОИШИ ИЛМУ АНЪАНА ДАР ДОНИШКАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЛЕВАКАНТ

Дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ-адабӣ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Левакант, роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва шахсиятҳои шинохта, инчунин раҳбарият, устодон ва донишҷӯёни донишкада ширкат варзиданд.
Чорабиниро ректори Донишкадаи байналмилалии Левакант Саидзода Саидмаҳмуд ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфт.
Сипас, намояндагони раёсати Донишгоҳ ва меҳмонон вобаста ба арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии Наврӯз, ҷойгоҳи он дар ҳувияти миллӣ ва нақши он дар таҳкими сулҳу дӯстӣ суханронӣ карданд.
Барномаи фарҳангии чорабинӣ бо иҷрои шеърҳо дар васфи баҳор, сурудҳои халқӣ, рақси миллии «Якка» ва саҳначаҳои ҳаҷвии наврӯзӣ рангин гардид.
Ҳамзамон, гӯшаи махсуси Наврӯз бо суфраҳои ҳафт син, ҳафт шин ва ҳафт мим, инчунин таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил шуда, меҳмононро бо анъанаҳои қадимии тоҷикон ошно сохт.
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди миллӣ баргузор гардида, меҳмонон, омӯзгорон ва донишҷӯён бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар Наврӯзро бо самимият таҷлил намуданд.
Чорабиниҳои ҷашнӣ вобаста ба таҷлили сазовори Наврӯзи байналмилалӣ дар сохторҳои таркибии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон идома доранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Хабарҳо
Бештар