НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ
(дар ҳошияи Рӯзи ваҳдати миллӣ)
   Яке аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар арсаи таърих ин аз байн бурдани кашмакашу низоъҳои дохилӣ ба хотири имрўзу ояндаи миллат ва ватан, ҳалли нофаҳмиҳои гуруҳӣ, қатъи ҷанги шаҳрвандӣ ва бахшидани гуноҳҳои ҳамдигарӣ, сарҷамъшавӣ дар сари як миз, ба мувофиқа омадан дар ҳалли масъалаҳои баҳснок, ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ, пешгирии нестшавии миллати тоҷик ва ягона давлати тоҷикон, несту нобудшавии боигариҳои милливу иқтисоди миллӣ ва тамоми рукнҳои давлатдориву миллатсозӣ – ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ба ҳисоб меравад.
   Ваҳдати миллӣ дар таърихи кишвари соҳибистиқлол ҳамчун воқеаи бузурги сиёсӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Маҳз, он давлати моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро тақким бахшид. Бо ин ҳодисаи таърихӣ дар таърихи навини халқи тоҷик марҳилаи нави давлатсозӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз ёфт, ки то имрӯз идома меёбад. Ҳамаи дастовардҳои назарраси даврони истиқлолият бо Ваҳдати миллӣ, ҳамчун омили сарнавиштсози таърихӣ иртиботи қавӣ дорад.
  Ибтидои солҳои 90-уми асри XX бӯҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ чунин як давлати пуриқтидор ва абарқудрати Иттиҳоди Шӯравиро куллан фалаҷ сохта, ба парокандагии давлатҳои узви он расонид. Дар харобазори он ҷумҳуриҳои иттифоқӣ соҳибистиқлолии худро эълон намуда, истиқлолият ба даст оварданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори 15 ҷумҳурии шӯравӣ 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Эътироф ва ба расмият шинохтани ҷумҳурии сохибистиқлоли мо оғоз ёфт. Дар зарфи як соли истиқлолият Тоҷикистон аз тарафи 58 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор гардиданд. Эълони истиқлолият заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои шомил шудан ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ фароҳам сохт. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин баъд ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналхалқӣ ба ҷомеаи ҷаҳони мепайваст, ширкати хешро дар ин созмонҳо ҷиҳати эҷоди шароити мусоид баҳри рушду таҳкими минбаъдаи истиқлолият, тақвияти иқтисодӣ ва сиёсии кишвар ва иштирок дар равандҳои умумиҷаҳонӣ ба роҳ меандохт. 2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид, 26 феврали соли 1992 ба Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, 1 декабри соли 1992 ба Созмони конфронси исломӣ ва ғайра шомил шуд.
   Аммо раванди давлатсозӣ, бунёдкорӣ ва ҷаҳонишавӣ ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистонро дере нагузашта дучори бӯҳрони шадиди сиёсӣ гардонид, ки дар натиҷа кишвари моро ба гирдоби ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ кашид. Сабабҳои cap задани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ хеле зиёданд. Оғози муқовиматҳои ҳарбӣ-сиёсӣ аз оқибатҳои фоҷиабори он барои миллат дарак медод. Дар кӯтоҳтарин фурсат ҳазорҳо нафар хонабардӯш ва фирорӣ ва садҳо тан кушта шуданд. Хатари парокандашавии давлат ва миллат ба миён омад. Дар чунин вазъияти ниҳоят вазнин ягона сохторе, ки тавонад вазъияти мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоиро баррасӣ ва ҳаллу фасл менамояд, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Фақат Шӯрои Олӣ чун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор бояд масъулияти азимро ба дӯш гирифта, роҳи ҳалли муноқишаҳои сиёсиро пайдо мекард. Бо тақозои халқ ва иродаи қавии аксари вакилони мардумии онвақта қарор қабул гардид, ки барои ҳалли масъалаҳои доғи рӯз иҷлосияи Шӯрои Олӣ даъват карда шавад. Азбаски дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе сохторҳои давлатӣ пурра фалаҷ гардида, таъмини амнияти депутатҳои халқӣ имконнопазир буд, тасмим гарифта шуд, ки иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад. Дар чунин вазъияти муташанниҷ 16 ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо иштироки 197 вакилони халқ ба кори худ шурӯъ кард.
   Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Бо назардошти вазъи сиёсӣ ва бо мақсади таъмини суботи сиёсӣ иҷлосия қарори дахлдор қабул намуда, аз шакли идораи президентӣ даст кашида бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон сохти парламентиро дар ҷумҳурӣ ҷорӣ намуд. Тибқи он ваколатҳои Президенти ҶТ ба дӯши Раиси Шӯрои Олӣ вогузор карда шуда, Раиси Шӯрои Олӣ сарвари давлат ҳисобида мешуд.
   Натиҷаи овоздиҳӣ аз он шаҳодат медод, ки халқи Тоҷикистон дар марҳилаи наву тақдирсоз симои роҳбари худро дар шахсияте медид, ки он бевосита аз байни халқ баромада, барои халқ дар шароити ҳассос фаъолияти пурмасъулиятро ба дӯш гирифта тавонад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вакили халқ ҳамеша бо ҳақталошй, ростгӯй, серталабӣ ба худ ва дигарон дар ҳамаи иҷлосияҳои Шӯрои олӣ нақши назаррас мебозид ва интихоби ӯ ба мақоми олии сарвари давлат натиҷаи мантиқии фаъолияти ҷамъиятии худи ӯ буд. Дар суханронии аввалини худ Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфт: «…Ман кори худро аз сулҳ cap хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…». Ин садоқату самимият, ки аз суханҳои ӯ бармехест дар дили мардум тухми умед ва боварӣ ба фардоро пошид.
   Аз рӯзи аввалини интихоб ба мақоми олии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим: хомӯш сохтани ҷанги бародаркуш; эҷод намудани фазои боэътимоду ҳамзистӣ дар ҷомеа; баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ; азнавсозии низоми давлатдорй; таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва дарёфти ҷойгаҳи муносиб дар арсаи байналхалқиро мароми асосии ҳукумати нав эълон намуд, ки ҳамаи инҳо заминаи асосӣ барои Ваҳдати миллӣ гардиданд.
   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ќањрамони миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мардум пайки наҷот ва муҷдаи ҳаёт бахшиданд.
   Дар замони фоҷиабори мамлакат ва фалаҷ гардидани рукнҳои давлатии он халқи Тоҷикистон ҳамчун ифодагари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ тавассути вакилони худ дар иҷлосия барои аз бӯҳрони амиқи сиёсӣ баровардани мамлакат ва таҳкими пояҳои сиёсиву ҳуқуқии давлати тозабунёд асос гузошт.
  Баъди ба ҳайси Раиси Шўрои олӣ интихоб гардидани Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф намоии ҳолатҳои номбаршуда, тамоми кушишу маҳорати худро барои бартараф кардани муаммоҳои дар назди кишвари ҷавон истода сарф намуд, ки дар натиҷа соли 1997 Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, ҷанги шаҳрвандӣ поён ёфт. Ҳазорҳо гурезагон ба Ватан баргаштанд. Дар заминаи сулҳу ваҳдати миллӣ ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ босуръат ҷараён дорад. Дастовардҳои халқи тоҷик обрӯ ва эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ бамаротиб афзуд. Тавре, ки шоир    Муҳаммад Иқболи Лоњурї мефармояд:
 Андар ин дунё ҳаёт аз ваҳдат аст,
 Созу барги коинот аз ваҳдат аст.
   Натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишварамон дар тўли 27 соли баъд аз бадастории Ваҳдати миллӣ мебошад. Подоши ин ҳама заҳмат, ҷонфидоиву корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи кишвар ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардааст. Бесабаб нест, ки ўро Пешвои миллат унвон кардаанд, ки дар таърихи башарият камназир аст.
     Муҳимтарин дастовардҳо дар ин 27 соли ба дастории Ваҳдати миллӣ таҳти сарварии хирадмандона ва сулҳпарваронаву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарҷамънамоии тоҷикони дунё, муарриффи кишвар дар арсаи байналмиллалӣ, барқарорнамоии тамоми риштаҳои фалаҷгаштаи авзои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва аз байн бурдани тамоми масъалаҳое, ки ба ташаккули давлати соҳибистиқлоли тоҷикон вобаста буд, ба даст омадаанд.
   Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии хирадмандонаву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташабусҳои бевоситаи Ў, дар самти ташаккули сиёсати иқтисодӣ, бахусус сиёсати молиявӣ, аз ҷумла низоми андозу буҷет ва қарзию бонкӣ, андозбандиву суѓуртавӣ, маблаѓгўзорӣ, соҳибкорӣ, сайёҳӣ заминаҳои муосири қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, садҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидааст, ки татбиқи онҳо фаъолияти мустақилона ва ягонагии низоми миллии молияву қарзиро таъмин намуд.
Аз ҷумла, қонун ва ҳуҷҷатҳои стратегиву барномавӣ дар самти идораи молияи давлатӣ, қарзи давлатӣ, назорат ва аудити дохиливу берунӣ, соҳибкорӣ ва сайёҳӣ қабул гардидаанд.
    Дар маҷмӯъ дар солҳои Ваҳдати миллӣ танҳо дар самти таҳкими иқтисоди миллӣ, сиёсати иқтисодӣ, молиявӣ ва андозу буҷет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастурҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва ду маротиба Барномаҳои миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраҳои солҳои 2016-2020 ва 2021-2025, қабул тасдиқ ва қисман иҷро гардида истодаанд, инчунин 2 маротиба Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ, Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, 2 маротиба Қонуни ҶТ “Дар бораи молияи давлатӣ” ва 4 маротиба Кодекси андоз дар таҳрири нав таҳия ва қабул карда шуданд, ки дар амал татбиқ намудани онҳо ба таъмин намудани мустақилияти ягонаи молиявии миллии ҷумҳурӣ мусоидат намуд.
   Татбиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ имконият доданд, ки рушди бонизоми иқтисодиёти миллӣ идома ёбад ва устувории иқтисодиёти кишвар, инчунин беҳдошти ҳаёти мардум таъмин гардад.
   Бунёди иқтисоди устувор ва рақобатпазир яке аз дастовардҳои калидии Ҳукумати кишвар таи солҳои бадастории Ваҳдати миллӣ дониста мешавад. Ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз солҳои аввали ба дастории Ваҳдати миллӣ ин роҳандозии низоми муассир ва пешқадами иқтисодӣ буд. Дар роҳи дастёбӣ ва ноилгардӣ ба ҳадафи гузошташуда барномаҳои гуногуни давлатӣ рӯи кор омаданд, ки дар таъмини суботи иқтисодӣ нақши муҳимро иҷро намуданд. Таҷрибаи кишварҳои аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта нишон медиҳад, ки ноилгардӣ ба низоми ташаккулёфтаи иқтисодӣ дар як муддати кӯтоҳ бениҳоят мушкил буда, кори саҳл нест. Аммо новобаста аз вазъи муташанниҷи иқтисодӣ – иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи давлат ба иқтисодиёт беандоза буд ва бевосита бо супоришҳои созандаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон заминаи мусоид дар ин самт фароҳам оварда шуд. Таҳкими иқисоди миллӣ, фаъолсозии бозори молия, густаришдиҳии муносибатҳои беруниқтисодӣ, таъмини рақобати шаффоф, коҳишдиҳии сатҳи таваррум, коҳишдиҳии сатҳи бекорӣ, аз байн бурдани камбизоатӣ, болобарии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ меҳвари сиёсати иқтисодии давлатро ташкил медоданд. Таҳияи сиёсати муваффақи иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои бунёдӣ тавонистанд, ки рушди иқтисоди миллиро таъмин созанд.
   Ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳоест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Тоҷикистон дар партави нишондодҳои Ваҳдати миллӣ пайгирӣ менамояд ва то имрўз дар ин замина корҳои бузурге ба сомон расонида шудаанд. Сохта шудани нерўгоҳҳои барқии обии «Сангтўда -1» ва «Сангтўда – 2», бастани садди обанбори нерўгоҳи «Роғун» ва ба истифода додани агрегатҳои якуму дуюми он, ба истифода додани даҳҳо неругоҳи барқии обӣ дар саросари кишвар, аз ҷумлаи иқдомҳоеанд, ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат ба марҳалаи иҷро расонида шудаанд.
   Бузургтарин дастоварди Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, ин бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст.
   Барои таъмини орзую ниятҳои мардум дар кишвар барқарор гардидани сулҳ масъалаи аз ҳама муҳим ва муфид ба шумор мерафт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои таклифу дархост ва талаби мухолифин баҳри ба даст овардани сулҳ, хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ омода будани хешро ифода кард ва доимо таъкид менамуд: «Мо ба хотири созандагӣ ба музокирот ба ҳамаи нерўҳое, ки барои наҷот додани Тоҷикистон аз буҳрони сиёсиву иқтисодӣ манфиатдоранд, омода ҳастем. То он даме, ки мо сулҳу оромиро дар хонаи хеш барқарор насозем, силоҳро гузошта, ба кори созандагӣ шурўъ накунем, кўмаки ягон ҳамсоя ҳоли моро беҳ намесозад. Танҳо бо иттиҳод мо метавонем, Тоҷикистонро аз хатари ҳалокат ва парокандагӣ наҷот дода, онро ба давлати пешрафта ва соҳибистиқлол мубаддал гардонем».
    Таҳия ва татбиқи Стратегияи ҳамаҷониба асоснок ва санҷидаи байналхалқӣ бо назардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои олии Ватан дар айни замон ҳамоҳанг сохтану омезиши онҳо бо ниёзҳо ва манфиатҳои глобалӣ сабабгори ташаккул ва табдили Тоҷикистони соҳибистиқлол ба узви фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.
   Сиёсати оқилона, озмудашуда мувозини хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, ташаббусҳои саривақтӣ ва иқдомҳои фаъолонаи Пешвои муаззами миллат дар ҳалли масъалаҳои доғи сайёра аз қабили таъмини аҳолии рӯи замин бо оби тоза, мубориза ба муқобили паҳншавии экстремизм, терроризм, маводи мухаддир ва ғайра самараи нек ба бор овард.
   Ваҳдати миллӣ рўйдодест, ки бо гузашти солҳо аҳамияти он бештару бештар эҳсос мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи фардои дурахшони кишвар ва ба давлати мутараққӣ мубаддал намудани Тоҷикистон қадамҳои устувор мегузорад.
   Тавре ба ҳамагон маълум аст, тавассути пешбурди сиёсати ободкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор дастовардҳои зиёде ба даст омаданд:
   – сатҳи камбизоатӣ қариб 4 маротиба коҳиш дода шуд (аз 83 фоиз дар соли 1999 то 31 фоиз дар соли 2015 ва дар соли 2023 то 21,2 фоиз коҳиш ёфт);
  – афзоиши устувори иқтисодӣ ба ҳисоби миёна дар сатҳи 8 фоизи солона таъмин гардид;
  – суботи макроиқтисодӣ танзим шуда, сатҳи таваррум дар сатҳи 5-10 фоиз паст карда нигоҳ дошта шуда истодааст;
 – буҷети солонаи давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000-ум то 43 миллиард сомонӣ дар соли 2023 ( зиёда аз 130 баробар) афзуда, касри он дар сатҳи 0,5 фоизи ММД нигоҳ дошта шуд;
  – даромади буҷетӣ ба таври назаррас зиёд шуд, имкониятҳои зиёди буҷетӣ, ки ба равона сохтани маблағҳои бештар ба рушди неруи инсонӣ имкон медиҳад, афзоиш ёфтанд;
  – сохтмону таҷдиди неругоҳҳои барқӣ, имкон дод, ки таъминоти аҳолӣ ба барқ, беҳтар гардад. Аз ҷумла, бунёди неругоҳҳои барқи обии “Сангтўда-1” ва “Сангтўда-2”, ва ба истифода додани агрегатҳои якуму дуюми неругоҳи барқӣ-обии Роѓун ва ѓайраҳо;
  -дар солҳои охир дар кишвар зиёда аз 3000 коргоҳ ва корхонаҳои нави саноатӣ, аз ҷумла, корхонаҳои коркарди маъдан ва дигар намудҳои ашёи хоми саноатӣ, нахи пахта, маводҳои сохтмонии саноатӣ ва коркарди маҳсулоти истеҳсоли кишоварзии ватанӣ ташкил карда шуд;
 – дар солҳои охир дар соҳаи кишоварзӣ диверсификатсияи истеҳсолот тавассути ташкили кишти такрорӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва сердаромади содиротӣ, васеъгардонии майдони кишти сабзавот ва бунёди боғу токзорҳои серҳосил ба назар мерасад;
 – тавассути бунёд ва таъмири роҳҳо, пулу нақбҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ рафтуомад, боркашонӣ ва тиҷорати дохиливу байналмиллалӣ осон ва дастрас гардид, ки ҳамаи ин барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани кишвар мусоидат намуд.
  – дастрасии хизматрасониҳои бонкӣ дар ҳудуди кишвар беҳтар гардид, ки ба он инкишофи шабакаи филиалҳо ва дигар воҳидҳои амалиётии берун аз тавозуни бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарзӣ дар саросари кишвар мусоидат намуд;
  – дар солҳои 2018 – 2023 барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумї чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида, илова бар ин, ба субъектҳои соҳа аз ҷониби низоми бонкии кишвар зиёда аз 300 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст. Дар ин давра 1450 иншооти сайёҳӣ бунёд гардида, соли 2023 шумораи сайёҳон ба як миллиону дусад ҳазор нафар расидааст.
   Ҳамзамон ҳадафи чоруми мамлакат эълон гардидани саноатикунонии босуръати мамлакат аз дарки ҳолати муосири таѓйирёбандаи авзои ҷаҳони муосир, дарки таҳдидҳои берунии абарқудратҳо ва рақобати глобалии иқтисоди ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Қайд кардан зарур аст, ки тибқи таҳлили муҳаққиқон имрўзҳо дар ҷаҳон тибқи консепсияи рушди саноатӣ, аллакай бисёре давлатҳои ҷаҳонӣ ба сатҳи баъдисаноатӣ ва иқтисодиёти рақамӣ гузашта, талаботҳо ба тақсимоти байналмиллалии тахассуснокии давлатҳо дигаргун шуда истодаанд. Дар шароити рушди бемайлони иқтисоди баъдисаноатии ҷаҳонӣ, давлатҳое, ки ин тарзи рушдро истифода нанамуда аз дигар давлатҳо ақиб мемонанд ва технологияҳои ақибмондаро истифода мебаранд, аз давлатҳои пешрафта вобаста гардида, дар сатҳи байналмиллалӣ рақобатнопазир боқӣ мемонанд.
  Дар робита ба гуфтаҳои боло 27-солагии Ваҳдати миллиро ба тамоми мардуми шарафманди кишвари азизамон табрику муборакбод гуфта, боварӣ дорем, ки таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, кишвари мо бо дастовардҳои беназири иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ сазовор гардида, дар арсаи байналмиллалӣ ҷойгоҳи сазоворро ноил мегардад.
   Бигузор Ваҳдати миллии дар ватани азизамон – Тоҷикистон абадулабад ҳукмфармо бошад ва рушди нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишварамон тариќи мунтазам дар инкишоф бошанд.
ИБРОҲИМЗОДА ИЛҲОМУДДИН РАҶАБАЛӢ – Академики АБН ФР, д.и.и., профессор, Директори Институти илмӣ-тадқикотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *