КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ БА ИФТИХОРИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ДАР ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
12-уми ноябри соли 2022 бо ибтикори раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Филиали донишгоҳ дар вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» баргузор гардид.
Конфронси мазкур бо сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор оғоз гардида, мавсуф нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар раванди таъмини ваҳдату ягонагӣ, вусъати худогоҳиву худшиносӣ, ифтихори Ватандориву ҳуввияти миллӣ ва ба иттиҳод даъват кардани халқи тоҷик бориз арзёбӣ намуданд.
Сипас, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд д.и.ф. профессор Султонзода Тоҷибой Султонӣ табрикоти Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷабой Аҳмадзодаро ба саҳми ҳозирин ироа намуд.
Дар идомаи ҷаласаи ифтитоҳии конфронс иштирокчии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эркаев Сафар Абдулхайрович баромад намуда, таъкид дошт, ки маҳз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ояндаи давлату миллати тоҷикро бунёдгузорӣ намуд.
Дар фарҷоми қисмати ифтитоҳии конфронси мазкур и.в. директори Филиали МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар вилояти Суғд (ш. Хуҷанд) н.и.и. дотсент Садриддинзода Манучеҳр Исломиддин ба кори конфронс дар ҷаласаи бахшҳо бурдборӣ таманно намуд.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки маводи конфронс бо сатҳу сифати баланд бо фарогирии мақолаҳои дар ҳошияи Иҷлосия омодагардида дар ҳаҷми 320 саҳифа аз нашр баромад.

Leave a Comment