САНОАТКУНОНИИ МАМЛАКАТ ОМИЛИ АСОСИИ ТАРАҚҚИЁТИ ИҚТИСОДИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

    Дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (26 декабри соли 2019) қайд гардида буд: “роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст ки сатҳу сифати таълимро дар ҳар муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шаклу моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд”.
    Бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд. Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ (16 декабри соли 2020) низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ қайд намуданд: “зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Илм – фурӯғи маърифат” гузаронида шавад”. Барои амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, “Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанни табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” таъсис дода шуд, ки ҳар сол 15 нафар олими беҳтарин метавонад соҳиби он гарданд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба пешрафти саноаткунонии мамлакат мусоидати ҷиддӣ мекунад. Дар ҳақиқат имрӯзҳо сатҳи дониши хатмкардаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ махсусан аз фанни физика, дар сатҳи паст қарор дорад, ки он аз омилҳои зиёде вобаста мебошад.
    Яке аз сабабҳои паст будани дониши хатмкардаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, дониши пухтаю мукаммал надоштани аксарияти омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба шумор меравад. Барои ислоҳи ин камбудӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои омӯзгорон семинарҳои илмию методии сатҳи баланд ташкил намудан ва дар курсҳои такмили ихтисос омӯзиши васеъро ба роҳ мондан лозим аст, то ки омӯзгорон сатҳи дониши худро баланд бардоранд. Барои ба пуррагӣ амалигардонии талаботњои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” қисматҳои “Муроҷиатномаи кормандони соҳаи маориф ба фаъолони вилояти Хатлон” – ро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, сармашқи кори худ гардонем, он гоҳ ба комёбиҳои назаррас соҳиб мегардем. Талаботи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” худ аз худ амалӣ намегардад. Бист сол дар назди таърих як фосилаи кӯтоҳест, ки зуд сипарӣ мегардад. Бинобар он, мо, аҳли ҷомеа, барои пурра амалӣ намудани талаботи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз тамоми имкониятҳо самарабахш истифода бурданамон зарур мебошад ва ҳар як узви ҷомеа бояд дар ин раванд саҳми худро гузорад.
    Барои талаботи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” – ро пурра иҷро кардан, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сифати тайёр намудани омӯзгорони фанҳои табиатшиносию риёзӣ омили асосӣ ва хеле муҳим мебошад. Бо ин мақсад, сифати тайёр кардани омӯзгорони ояндаи фанҳои табиатшиносӣ ва риёзиро дар факултетҳои педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, махсусан дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дар сатҳи зарурӣ баланд бардоштан лозим аст. Инчунин доир ба мавзуъҳои душворфаҳми фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар маҷаллаҳои илмӣ, маърифатї, таълимӣ ва таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳои илмию методӣ нашр намудан ба манфиати кор мебошад. Барои аз кишвари аграрию индустралӣ ба кишварӣ индустралӣ ва аграрӣ табдил додани ҷумҳуриамон, саноаткунонии босуръати кишварро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 – уми декабри соли 2018 ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки аксари давлатҳо дар ҷаҳони муосир ба мамлакати индустриалӣ – аграрӣ табдил додани кишварашон диққати бештар медиҳанд. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи саноаткунонии кишвар ба пешравиҳои назаррас соҳиб гардидааст. Ин гуфтаҳоро мавҷуд будани заводҳои алюминий, сементбарорӣ, комбинати шоҳибофӣ ва ғайраҳо тасдиқ менамоянд. Кӯшишҳои пайгиронаи пешвои миллат дар самти аз кишвари аграрию индустриалӣ ба кишвари индустриалию аграрӣ табдил додани ҷумҳуриамон иқдоми олӣ ва ҷасурона мебошад. Омили асосӣ дар ҷараёни саноаткунонии кишвар истиқлолияти энергетикӣ ба шумор меравад. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ соҳиб гардида истодааст. Саноаткунонии кишвар дар пешрафти иқтисодӣ ва тараққиёти он нақши арзанда мегузорад. Мутахассисе таъкид намудааст, ки агар иқтисодиётро ба қатора шабеҳ диҳем, локомотиви он (ҳаракатдиҳандаи он) энергетика мебошад, барои он ки локомотив иқтисодиётро пеш барад, дорои чарху бозуи пурќувват бошад, чунин дасту бозуи пурқуввати иқтисодиро танҳо саноат ва махсусан, саноати вазнин сохта метавонад.
    Имрӯзҳо дар раванди саноаткунони мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар мерасанд. Дар ин бобат фанҳои табиатшиносию дақиқ ва махсусан фанни физика нақши арзанда дорад. Маҳз ба воситаи фанни физика инсон дар назди ҳодисаҳои фавқулода оҷиз намонда, онҳоро меомӯзад, қонунҳояшро муқаррар менамояд ва ба манфиати худ истифода мебарад. Техникаи муосир ба татбиқи қонунҳои физика асоснок шудааст. Физика аз муҳимтарин риштаи илмҳои табиатшиносӣ ба шумор меравад ва сабаҳои ба амал омадани ҳодисаҳоро маънидод намуда, робитаи байни онҳоро муқаррар менамояд. Бинобар ин, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сифати таълими фанҳои табиатшиносӣ, аз ҷумла, физика дар сатҳи зарурӣ мувофиқи мақсад аст. Ҳоло аксарияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо асбобҳои замонавии физикӣ таъмин нестанд ва ин ба сифати таълими физика таъсири манфӣ мерасонад. Фанҳои табиатшиносӣ фанҳои таҷрибавӣ ба шумор мераванд ва нагузаронидани таҷрибаҳо аз фанҳои табиатшиносӣ сифати таълими онҳоро паст мегардонад ва боиси коста гаштани сатҳи дониши хонандагон мегардад. Барои бартараф кардани ин норасоӣ дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо ташкил намудани мағозаи фурӯши асбобу лавозимот ва дастгоҳҳои таҷрибавӣ доир ба таълими фанҳои табиатшиносӣ зарур мебошад. Ҷиҳати амалӣ намудани талаботи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар шабакаҳои телевизионӣ студияи таълимӣ ташкил карда , дар он дарсҳои намунавии омӯзгорону устодони пешқадами ҷумҳурӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва олӣ аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, техникаву технологияи муосир намоиш додан, дар ҳалли омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мусоидат менамояд.
    Омили дигаре ки ба баланд бардоштани сифати таълими фанҳои табиатшиносию риёзӣ таъсири назаррас мегузорад, барномаҳои таълимӣ ба шумор мераванд. “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” талаб менамояд, ки сифати мазмуну муҳтавои барномаҳои таълимии фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ такмил додашуда, ба талаботи замон мувофиқ гардонда шаванд. Имрӯзҳо аз фанни физика барномаи таълимии мукаммали аз таҳлилу муҳокимаи методистони варзида гузашта ва бо тавсияи Шурои милли таҳсилоти назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чопгардида мавҷуд нест. Бояд асосӣ мазмуни мундариҷаи барномаи таълимиро аз фанҳои табиатшиносию риёзӣ муносибати босалоҳият ба таълим ташкил намояд. Дар фанҳои табиатшиносию риёзӣ мавзуъҳои душворфаҳм хеле зиёд мебошад. Барои баланд бардоштани сифати таълими ин фанҳо коркарди методии мавзуъҳои душворфаҳм хеле зарур мебошан. Аз фанни физика доир ба мавзуъҳои баъзе қисмҳои он тамоман коркарди методӣ гузаронида нашудааст. Хатмкардаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир ба мавзуъҳои физикаи квантӣ (физикаи ядро ва атом) дониши зарурӣ надоранд. Дар таълими мавзуъҳои ин қисми физика омӯзгорон душворӣ мекашанд. Бинобар ин, доир ба мавзуъҳои ин қисми физикаи мактабӣ коркарди методӣ гузаронидан лозим аст, то ки он душвориҳои таълими мавзуъҳои онро барҳам занад. Барои коркарди методии мавзуъҳои душворфаҳми фанни физика методистони таҷрибадору варзида лозим мебошад. Мутасифона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин методистони баландпоя ангуштшуморанд. Бинобар ин, дар ҷумҳурӣ зарурати ташкил намудани мактаби илмӣ – методии тайёр намудани методистони фанҳои табиатшиносию риёзӣ ба миён омадааст.
    Ҳамин тариқ, барои талаботи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”-ро пурра иҷро кардан, баланд бардоштани сифати тайёрнамудани омӯзгорони фанҳои табиатшиносию риёзӣ омилӣ асосӣ ва хеле муҳим ба шумор меравад. Тараққиёти мамлакатро пешрафти илмҳои абиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таъмин менамояд, бинобар ин, зарур аст, ки аз ҳама имкониятҳо самарабахш истифода бурда, талаботи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”- ро бо комёбиҳои назаррас ва баланди илмӣ амалӣ созем.
    Ҳамин тавр, амалигардонии талаботҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар пешрафти мамлакат ва тараққиёти иқтисодиёти он саҳми арзанда мегузорад. Пешрафти илмҳои табиатшиносӣ ва асосан фанни физика ба пешрафти саноаткунонии мамлакат саҳми арзанда мегузорад. Маълум гардид, ки пешрафти саноаткунонии мамлакат ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, аз он ҷумла физика робитаи зич дорад. Муайян кардани робитаи фанҳои табиатшиносӣ, аз он ҷумла физика бо пешрафти саноаткунонии кишвар тадқиқоти махсусро талаб менамояд. Чунин тадқиқоти махсус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида нашудааст. Барои гузаронидани чунин тадқиқоти самарабахшу фоидаовар лоиҳаи илмї-тадќиќотиро дар мавзӯи “Саноаткунонии мамлакат омили асосии тараққиёти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод менамоем. Иқроиши ин лоиҳа ҳам аҳамияти илмӣ ва аҳамияти амалии фоидабахш дорад ва иҷроиши он барои ҷумҳурии азизамон шарт ва зарур мебошад. Ҳамин тариқ, имрӯзҳо масъалаи саноаткунонии кишвар яке аз масъалаҳои актуалии замони муосир ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, ба мо зарур аст, ки бо ҳар роҳу усул суръати саноаткунонии кишварро тезонем, то ки пешравии Ҷумҳурии азизамонро таъмин намоем. Дар лоиҳаи мазкур роҳу усулҳои баланд бардоштани суръати саноаткунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода мешавад. Натиҷаҳои аз лоиҳаи мазкур ба даст омада мавриди истифодаи корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода мешавад. Мақсади асосии лоиҳаи мазкур аз ҳалли масъалаҳои зерин иборат аст:
    1.баланд бардоштани сифати таълими фанҳои табиатшиносӣ, аз он ҷумла фанни физика дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар шароити низоми кредитии таҳсилоти аврупоӣ;
     2.дар сатҳи зарурї ташкил намудан ва гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ, кори мустақилона таҳти роҳбарии устод (КМРУ) ва кори мустақилонаи бакалаврҳо (КМБ) аз фанҳои табиатшиносӣ, аз он ҷумла фанни физика дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити низоми кредитии таҳсилоти аврупоӣ ва баҳри баланд бардоштани суръати саноаткунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намудани машғулиятҳо;
   3.таълифи дастурҳои таълимию методӣ баҳри баланд бардоштани суръати саноаткунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
    4.таълифи дастурҳои методӣ баҳри самарабахш такмил додани методикаи таълими фанҳои табиатшиносӣ, аз он ҷумла фанни физика дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити низоми кредитии таҳсилоти аврупоӣ ва барои баланд бардоштани суръати саноаткунонӣ нигаронидани мазмуни онҳо;
    5.омода намудани устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, барои бо усулҳои пешқадаму самарабахш ба роҳ мондани таълими фанҳои табиатшиносӣ, аз он ҷумла фанни физика дар шароити низоми кредитии таҳсилоти аврупоӣ, бо баэътиборгирии баланд бардории суръати саноаткунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Олимону устодони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доир ба ҳалли масъалаҳщои экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳоро ба анҷом расониданд.
   Барои ҳиссагузорӣ ва саноаткунонии мамлакат профессорону омӯзгорони кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи ДБССТ таҳти роҳбарии профессор Ҳамид Маҷидов лоиҳаи илмӣ-тадқиқотиро дар мавзӯи “Саноаткунонии мамлакат омили асосии тараққиёти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия намуда, кори илмӣ-тадқиқотиро иҷро карда истодааст. Саноаткунонии мамлакат яке аз масъалаҳои асосии Ҷумҳурӣ ба шумор меравад ва ҳалли он аз пешрафти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, аз он ҷумла фанни физика вобастагии калон дорад. Барои аз кишвари аграрию индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ ва аграрӣ табдил додани Ҷумҳуриамон саноаткунонии босуръати кишварро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 – уми декабри соли 2018) ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд.
    Тараққиёти мамлакатро пешрафти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таъмин менамоянд, бинобар ин, зарур аст, ки аз ҳама имкониятҳо самарабахш истифода бурда, талаботи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” –ро ба комёбиҳои назаррас ва баланди илмӣ амалӣ созем.
Дар ҳақиқат ҳам омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аҳамияти калони илмӣ ва амалӣ дорад. Ҳамаи мамлакатҳои дунё ба инкишофи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мароқи зиёд зоҳир менамоянд, чунки инкишофи ин илмҳо тараққиёти мамлакатро муайян менамоянд. Дар ҳамаи мамлакатҳои тараққикарда илм дар сатҳи зарурӣ инкишоф ёфтааст. Бинобар ин, баланд бардоштани сифати таълими фанҳои табиатшиносӣ ва такмили методикаи таълими онҳо яке аз омилҳои асосї дар ҳалли масъалаи саноаткунонии кишвар ба шумор меравад.
    Ҳамин тариқ, амалигардонии талаботҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар рушди саноаткунонии кишвар нақши арзанда мегузорад.
    Ҳамид Маҷидов, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Россия, Академияи байналхалқии муҳандисӣ, Академияи илмҳои байналхалқии мактабҳои олӣ, доктори илмҳои техникӣ, професори кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *