ҲАДАФ–НАҚША–АМАЛ–НАТИҶА

ҲАДАФ–НАҚША–АМАЛ–НАТИҶА
(дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар)
    Дар муносибат ба рушду такомул бахшидан ба соҳаи илму маориф санаи 30 майи соли 2024 мулоқоти навбатии Асосгузори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи мамлакат баргузор гардид.
    Аз таъкиди Пешвои миллат бармеояд, ки имрӯзҳо Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст. Ҳамчунин аз Паёми навбатӣ ёдовар гардиданд, ки рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад.
   Вобаста ба ин коллективи меҳнатии муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” аз ҳарвақта дида зиёдтар кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷиҳати саҳм гузоштан дар рушди маорифу илми кишвар ва омодасозии мутахассисони соҳибкасб корҳои назаррасеро анҷом диҳанд. Албатта барои ноил шудан ба натиҷаҳои боз ҳам хубтари корӣ тарҳрезии нақшаҳо, амалӣ намудан ва тақвият бахшидани ҳадафҳои зеринро зарурӣ меҳисобем.
   1. Ба муассисаи махсуси таълимии омодасозии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ табдил додани таълимгоҳ – бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2020 муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат номгузорӣ гардидани муассиса;
   2. Мутобиқ ба стандарту талаботҳои бозори ҷаҳонии меҳнат омодасозии мутахассисон – бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2022, таҳти рақами 17 ба Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” мақоми муассисаи таълимии байналмилалӣ дода шуда, Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” номгузорӣ карда шуд;
 3. Аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои донишгоҳ. Таъсиси факултети муштарак байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Росия;
  4. Тақвият бахшидани кор дар самти табодулӣ академии донишҷӯён дар хориҷӣ кишвар – айни замон Донишгоҳ бо беш аз 160 донишгоҳҳо ва донишкадаҳои олии давлатҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад, ки ҳамасола миқдори зиёди донишҷӯён ба хориҷи кишвар барои табодули академӣ сафарбар карда мешаванд;
  5. Муҳайё сохтани имкониятҳои дастрасӣ ёфтани ҷавонони минтақаҳои мамлакат ҷиҳати гирифтани касбу ихтисос – таъсиси филиалҳои Донишгоҳ дар вилояти Суғд ш. Хуҷанд, вилояти Хатлон ш. Леваканд ва бунёди филиали Донишгоҳ дар ноҳияи Данғара;
  6. Дар зинаҳои гуногуни таҳсилотӣ омодасозии мутахассисон – таъсиси коллеҷу литсейҳои касбӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант ва Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд, инчунин Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд ва Коллеҷи саноати кимиёи шаҳри Левакант;
  7. Татбиқи амалии Барномаҳои давлатӣ – ҷиҳати амалигардонии нақшаи чорабиниҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” гузаронидани олимпидаи фаннӣ таҳти унвони “Ҷоми раёсати ДБССТ” миёни МТОК 4 маротиба ва 3 маротиба миёни МТМУ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин дар доираи элон гардидани соли 2024 “Соли марифати ҳуқуқӣ” озмуни “Беҳтарин ҳуқуқдон” миёни МТОК баргузор карда шуд.
   8. Дар доираи “Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037” – Пажӯҳишгоҳҳои илмиву таҳқиқотии «Иқтисоди сабз» ва «Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ» таъсис дода шуд;
   9. Афзунсозии потенсиали илмии мамлакат – таъсиси Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-063 дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ҳамзамон ҳавасмандгардонии молиявии олимони ҷавон ҷиҳати ҳимояи корҳои илмӣ;
  10. Дар руҳияи ватанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон – ҷиҳати аз бар намудани донишҳои ҳарбӣ ва малакаҳои низомӣ аз моҳи феврали соли 2023 дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба фаъолият худ оғоз бахшидани кафедраи ҳарбӣ.
   Ногуфта намонад, ки ҳама ҳадафу нақшаҳои болозикр бевосита аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки зимни мулоқоту вохӯриҳояшон бо аҳли зиёи мамлакат аз ҷумла бо коллективи меҳнатии муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон”, ки аз соли 2021 то имрӯз 3 маротиба сурат гирифтааст, тарҳрезӣ мегарданд.
   Дар мулоқоти навбатии Президенти мамлакат бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки санаи 30 майи соли 2024 доир гардида буд, бори дигар бо боварӣ ба коллективи меҳнатии муассисаи мо таъкид намуданд, ки: “Бо мақсади густариши таҳқиқоти илмӣ дар самти рушди устувор, «иқтисоди сабз» ва сайёҳиву соҳибкорӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон пажӯҳишгоҳҳои илмиву таҳқиқотии «Иқтисоди сабз» ва «Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ» таъсис дода шуданд. Сохторҳои зикршуда вазифадоранд, ки бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ фаъолияти худро тақвият бахшида, дар доираи маркази татбиқи лоиҳа, ки дар назди донишгоҳ амал мекунад, оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва пайванди илм бо истеҳсолот чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамчунин, нашри мақолаҳои илмиро дар маҷаллаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ зиёд карда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун «кишвари сабз» бештар ва ҳадафмандона муаррифӣ намоянд”.
   Ин ҳама бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки Президенти маҳбуби мамлакат бо боварӣ ба мо муроҷиат намуда истодаанд ва мо омӯзгорон вазифадорем, ки пеш аз ҳама дар самти иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли ҷавон корҳоро вусъат бахшида, барои омода сохтани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат саъйу кӯшишамонро аз ин дида бештар намоем.
ГАДОЕВ Ҳ.С. – н.и.и., дотсент, Декани факултети сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *