БАРГУ СОЗУ КОИНОТ АЗ ВАҲДАТ АСТ

БАРГУ СОЗУ КОИНОТ АЗ ВАҲДАТ АСТ…
(дар ҳошияи 27 июн Рӯзи ваҳдати миллӣ)
    Ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки мо дар остонаи он қарор дорем, асосан аз фарҳангу хиради азалии мардуми тоҷик ва раҳнамоиию сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад ва имрӯз ба сифати таҷассумгари иттиҳоду ягонагии мардуми сарбаланди тоҷик ва якпорчагии Тоҷикистони азизамон пазируфта мешавад.
    Насли миёнаву калонсол дар дар ёд доранд, ки давлати тоҷикон дар оғози солҳои навадуми асри гузашта баъди соҳибистиқлол гаштан ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро бӯҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ фаро гирифт ва хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеият табдил ёфта буд.
    Дар чунин шароити вазнин даъват гардидану баргузор шудани Иҷлосияи шонздаҳуми таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд ва интихоби роҳбари нави сиёсии мамлакат дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи дурусту қатъи хунрезӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, сарҷамъ кардани мардуми тоҷик, бартараф намудани оқибатҳои ҷанг ва фароҳам овардани шароит барои таъмин намудани рушди Тоҷикистон буд. Дар ин маврид Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки “маҳз ба шарофати қабул ва амалӣ гардидани қарорҳои Иҷлосияи шонздаҳум барои барқарорсозии сулҳу субот, ташкили рукнҳои давлати соҳибихтиёри демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, гузоштани заминаҳои ташаккули ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, низоми ҳуқуқии адолатпеша ва оғоз намудани барномаҳои пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ шароити зарурӣ муҳайё карда шуд”.
    Ҳаминро низ бояд таъкид кард, ки нақши Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ, баргардонидани гурезаҳо аз қаламрави кишварҳои ҳамсоя, халъи силоҳ ва ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ хеле бузург мебошад, ки ба шарофати он дар кишвар заминаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ гузошта шуд.
    Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақи басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди пазироӣ ва омӯзиш қарор гирифт ва имрӯз бисёре аз кишварҳои ноамн аз он истифода мебаранд. Аз ин рӯ, Ваҳдати миллӣ ин муҳимтарин дастоварди таърихӣ дар давлатдории навини тоҷикон ва далели барҷастаи пирўзии он ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқу миллат ва ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб меёбад. Ин дастоварди бузург ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгароӣ дар рушду нумуъ ва пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дорад. Таҳкими дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, бахусус бунёди пояҳои устувори давлатдории миллӣ, таъмини амнияту суботи сиёсӣ, татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, ҳамчунин тақвияти иқтидори иқтисодию иҷтимоӣ, хулоса рушди рӯзафзуни Тоҷикистон маҳз ба туфайли фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ имконпазир гардид. Ҳамчунин, Тоҷикистон имрўз узви фаъол, эътирофшуда ва соҳибэҳтироми ҷомеаи байналмилалї буда, мақоми шоистаи худро дар олами зудтағйирёбандаи муосир таҳким мебахшад ва ҳама гуна ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҷонибдорӣ менамояд.
    Ваҳдати миллӣ ва фазои созгори сулҳу субот дар мамлакат тақозо менамояд, ки ҳама дастаҷамъона саъйу талош ба он дошта бошем, ки аз раванди босуръати рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ақиб намонем, наслҳои имрӯзу ояндаро ба сӯйи тамаддуни муосир, яъне дастовардҳои илму фан, техникаву технологияи навтарин ҳидояту раҳнамоӣ созем ва дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа кадрҳои баландихтисосро тарбия намоем.
    Ва дигар ин ки вазъи хатарзои вақту замон, таҳдиди беамони ҷангҳои шадиди байниҳамдигарии кишварҳо дар рӯи замин, таҳдиди ҳамарӯза ва авҷгирии фоҷиаҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла амалҳои экстремистиву терористӣ, ки аз ҷониби тундгароёни исломӣ ташкил карда мешаванд, ба Тоҷикистони азизи мо низ бе таъсир буда наметавонад. Вобаста ба ин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки “дар чунин шароити ниҳоят ҳассоси ҷомеаи башарӣ, яъне торафт мураккаб гардидани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва печида гардидани раванду тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат ба шумор меравад”.
   Аз ин рӯ, имрўз мо бештар аз дирўз наќшу манзалати Вањдати миллиро, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст, дар хештансозиву ватанпарварии њамватанонамон бояд эњсос бикунем ва ин неъмати бебањоро чун гавњараки чашм њифз намоем. Умед танҳо ба ягонагӣ, сарҷамъӣ, ҳамрайъӣ ва ҳамсириштии мо буда, кафили ягонаи мо Ваҳдати миллист.
   Аз қавли аллома, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ:
   Баргу сози коинот аз Ваҳдат аст,
   Андар ин олам ҳаёт аз Ваҳдат аст.
 НОИЛШОҲ НУРАЛИЗОДА,
 сардори раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ
 ва робита бо ҷомеаи ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *