ҶАВОНОН УСТУВОРСОЗАНДАИ ВАҲДАТАНД

   Ваҳдат мафҳумест, ки ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, муттаҳидӣ ва ҳамбастагиро фаро гирифта, тамоми пешравию дигаргуниҳои кишвар маҳз самараи он аст. Оре, ҳисси миллӣ, ватандорӣ хислатҳои басе ҷолибу лоиқи арзишҳои бепоёнанд, ки ба ҳар миллати мутамаддин хосанд. Вале муҳим он аст, ки ифтихори миллӣ ба такаббурӣ, мағрурӣ ва ҳавобаландӣ табдил наёбад. Зеро ин гуна падидаҳои манфӣ, ки табиатан зишту қабеҳанд, боиси ҷудоӣ, беҳурматӣ нисбат ба ҳамдигар дар байни халқу миллатҳо мегардад. Аз таҷрибаи талхи таърих маълум аст, ки падидаҳои миллатпарастиву миллатгароӣ авҷ гирифта, нооромиву бесарусомониҳоро дар байни ҷомеа ба вуҷуд овардааст, ки ин дардест, ки бунёди маънавии ҷомеаро хароб менамояд.
  Бояд гуфт, ки сулҳ, ваҳдат ва ҷавонӣ дар олами афкори ҷомеаи мо мафҳумҳои тавъаманд, ки муҷиби саодатмандии миллат шуда метавонанд. Як моҳе баъд 27-июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи сулҳи тоҷикон ба имзо расид. Яъне тақрибан дар як давра ду рухдоди бузургу созанда ба вуҷуд омадааст. Аввалин қадамҳо дар фазои осоиштагӣ бо иштироку саҳми ҷавонон дар роҳи созандагии давлату кишвар гузошта шуд.
  Ҷои инкор нест, ки халқи тоҷик дар зери таъсири омилҳои гуногун як маротиба иштибоҳ кард, аммо ин иштибоҳашро дар шоҳидии аҳли башар сарбаландона ислоҳ намуд. Ваҳдати тоҷикон барои дигарон намуна гашт. Ҳамдигарро бахшидан ва ба ҳам омадани як халқи дар низои дохилӣ олударо, ки дар кӯтоҳтарин фурсат сулҳсозӣ кардааст, таърих хеле кам ёд дорад. Қиёси рақамҳо нишон медиҳанд, ки аз соли 1945 то соли 1992 танҳо аз се як ҳиссаи гуфтушунидҳо дар зиёда аз сад ҷанги шаҳрвандӣ дар мамолики ҷаҳон бо сулҳ анҷомидаанд. Аксари онҳо дар ниҳоят омили парокандагии кишварҳову қавмҳо гаштаанд.
   Дар шароити иҷтимоиву сиёсии ҷаҳони муосир боварӣ ба ҳамдигар омили пешрафту саодати ҷомеа мебошад. Ин боварӣ омилест, ки мо худро дар як ҷомеа танҳо эҳсос наменамоем. Тафриқаандозиҳо мусибату даҳшати бузургеанд, ки ҷомеаҳоро фано месозанд. Дар ин тафриқаандозиҳо ҷавононро доиман дар саргаҳ қарор медиҳанд, ки сабаби аслии бадбахтии аҳли башар аст. Албатта, на он ҷавононе, ки дарси мактаби худшиносиро аз бар кардаанд. Ҷавонони соҳибмаълумоту фаъол меҳвари пешрафти кишварҳо ба ҳисоб мераванд. Дар ҳар кишваре, ки сатҳи маълумоти олии ҷавонон зиёду баланд аст, дар он кишвар ҳамон андоза хатари гирифторӣ ба муноқишаҳои хатарбори дохилӣ камтар мешавад. Зеро дар заминаи ҷаҳонбиниҳо ҷавони соҳибмаълумот намехоҳад, ки бо андармониҳову вобастагиҳои бемаънӣ дар роҳи худро сохтан халалу иштибоҳеро дидаву дониста ворид созад. Ба майдонсозиву майдонбозиҳои хунин ҷавони огоҳ ҳеҷ гоҳ майл надорад. Албатта, дар ин самт ҷавони зархариду манқурту булҳавас истисност, ки ӯ аз дарси ваҳдату худшиносӣ баҳра набурдааст. Мактаби ваҳдат барои ҳамагуна ҷомеа ҷузъи нодаркор нест. Ҳар фарде мухолифи он аст, дар ниҳодаш неруи аҳриманӣ дорад. Ҳикмати маълуми дигар он аст, ки одамон қодиранд барои як ҷуръа об бо ҳам барангезанду мухолифат дошта бошанд, дар сурате ки имконе ҳаст, ки онҳо бо ҳам сарчашмаи бузургеро бо номи дарё кашф кунанду соҳиб бошанд. Яъне, чун роҳи салоҳу ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дорад, бояд дар пайи дарёфти он қадам ниҳод. Ватандӯстие ин қадар гуфтаанду мегӯем, ин ба ҷуз ваҳдат чизи дигаре нест, ки он бо шохаҳои худ ҳазорон ҷабҳаро фарогир аст. Ин ваҳдат парчамест, ки аз он гуногунсатҳиву гуногуфикрӣ чун як неруи том ба вуҷуд меояд. Рисолати парчамҳо он аст, ки ваҳдатсозанд ва ваҳдат низ парчами худро дорад, ки ҷойгоҳи он дар олами тафаккур аст.
  Тавоноию дороии феълии кишварамон имрӯз ваҳдати ҷавонони кишвар аст. Имрӯз аз он меболем, ки дар сиёсати давлатӣ мавқеи ҷавонон ҷойгоҳи назаррасро соҳиб аст. Имрӯз яке аз масъалаҳои мубрам ин ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолияти давлатӣ ва дарки ҷавонон аз равандҳои харобиовари замони муосир мебошад. Барои пешгирии ин равандҳо дар мамлакат, махсусан, дар байни ҷавонон, ҳадафҳои асосии ноил шудан ба сатҳи баланди худшиносӣ ва матраҳ сохтани масоили иҷтимоист. Воқеан, расонидани дониши ҷавонон ба сатҳи баланди худшиносӣ ва ахлоқӣ ба ҳалли мушкилоти буҳрони маънавӣ мусоидат мекунад. Ватандӯстӣ аз ҳар фарди некноми Тоҷикистон маънавияту маданияти баланд, ахлоқу нияти пок, муҳаббати бепоён ба ватани хешро талаб мекунад.
   Аз ин хотир, ҳимояи манфиатҳои миллии давлат аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Бояд ҳар як шаҳрванд, хусусан ҷавонон Ватани хешро дӯст дорад ва қарзи фарзандии хешро адо намояд. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат дар суханронии худ ба посдории Ваҳдати миллӣ таъкид месозанд: «Вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат аз шаҳрванди одӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ таблиғи бедории миллӣ, зиракию, ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад».
   Мо-тоҷикон, хусусан насли ҷавони имрӯз бояд шукргузорӣ ин сулҳу салоҳ буда, баҳри рушду инкишофи имрӯзу ояндаи кишварамон саҳмгузор бошем, зеро ин масъулияти ҳар як фарзанди тоҷик дар назди насли ояндаи хеш мебошад. Дар ёд дошта бошем, ки пойдории давлат аз Ваҳдат аст.
Миралиев С.А. дотсенти кафедраи ҳуқуқи ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *