ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
(Дар ҳошияи ташрифи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон аз соли 1991 оғоз ёфта, то имрӯз марҳилаҳои гуногуни вобаста ба таҳкими ҳамкориҳоро дар самти иқтисод фаро мегирад.
Агар соли 1993 гардиши савдои беруна байни Тоҷикистону Покистон 800 ҳаз. долларро ташкил намуда бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 1996 ба 7,5 млн. долл. афзоиш ёфтааст.
30 марти соли 2005 дар вохурии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири захираҳои обӣ ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Лиакат Алӣ Ҷатой қайд карданд, ки ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Покистон дар муддати кӯтоҳ рушд мекунад.
Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷи маъданҳои фоиданок, коркарди сангҳои қиматбаҳо, сохтмон ва инфрасохтор низ сӯҳбати созанда сурат гирифтааст.
Байни ду кишвар комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ мавҷуд аст, ки яке аз механизмҳои асосии рушди ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ мебошад. Дар ҷаласаи дуюми комиссияи Муштараки Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ, ки 27-28 октябри соли 2006 дар Душанбе баргузор гардид, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки сатҳи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодиро тавассути табодули ҳайатҳои тиҷоратию саноатӣ баланд бардоранд. Бо мақсади густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва ҳамкории иқтисодӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ярмаркаҳои байналмилалии тиҷоратии якдигар иштирок кунанд. Қарор шуд, ки ҳама гуна имтиёзҳо дар хароҷот ва пешниҳоди майдонҳои гуфтугузор дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва дар асоси созишномае, ки байни Бюрои рушди содирот / Идораи рушди савдои Покистон ва Палатаи савдои саноатии Покистон ва Палатаи савдову саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст, ройгон амалӣ карда шаванд.
Ҷонибҳо дар бораи бартараф кардани монеаҳои гумрукӣ барои интиқоли мол дар асоси мутақобила ба мувофиқа расиданд. Ҷониби Покистон изҳор дошт, ки бо мақсади тавсеаи таҳвили молҳои Покистон, вай имкони ташкили намоишҳои бюрои Рушди содирот / Идораи рушди тиҷорати Покистонро дар Душанбе, Суғд ва Хатлон бо ҷалби бахши хусусӣ ҳамчун корхонаҳои тиҷоратӣ баррасӣ хоҳад кард. Ҷонибҳо имкони кушодани марказҳои тиҷоратиро дар кишварҳои якдигар қайд карданд. Ҷонибҳо аз иҷрои созишномаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, пешгирӣ аз андозбандии дукарата, ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, ки асоси ҳуқуқии муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро ташкил медиҳанд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Натиҷаи чунин ҳамкориҳои мутақобилаи иқтисодӣ буд, ки гирдгардиши тиҷоратӣ байни кишварҳо ба 21,6 млн. долл. дар соли 2010 омада расид.
Дар давраи муносибатҳои иқтисодӣ, аз Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Покистон асосан маҳсулотҳои зерин содирот карда мешуданд: пахта, нахи пахта, партовҳои пахта, нахӯд, маҳсулотҳои ситрусӣ, ангур, харбуза ва тарбуз, себ, нок ва биҳӣ, зардолу, олу ва шафтолу, меваҳои тару тоза, қаламфури бурида, занҷабили гарм, биринҷ, тухмиҳои равғанӣ, тухмиҳо барои кишт, колбаса ва маҳсулоти гӯштӣ, шакар, маҳсулоти қаннодӣ, шоколад, макарон маҳсулот, лагман, афшураҳои сабзавот ва мева, соусҳо, оби минералӣ, орд, гранулҳо аз маҳсулоти гӯштии моҳӣ, маҳсулоти растанӣ, маҳсулоти аз ҳайвонот истеҳсолшаванда, сулфидҳо, полисулфидҳо, намакҳо, карбонатҳо, пайвастагиҳои ғайриорганикӣ, кислотаҳои монокарбонии асикликӣ, доруҳо ва ғайра.
Аз Ҷумҳурии Покистон, ки зиёда аз 156 намуд маҳсулотҳои баландсифати дорои талаботи ҷаҳонӣ истеҳсол менамояд ба Тоҷикистон маҳсулотҳои зерин асосан воридот мешуданд: семент, фундуқ, орд, картошка, шаклҳои гуногуни афшураҳо, маҳсулотҳои қаннодӣ аз қанду шакар, маҳсулотҳои хурокворӣ ва ғайра.
Қобили қайд аст, ки дар соли 2021 гирдгардиши савдои байни кишварҳо 32,3 млн. долларо ташкил намуда, содирот ба Ҷумҳурии Покистон 15,2 млн. долл. ва воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 17,1 млн. долларо ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбати соли 2010 10,7 млн. долл. зиёд мебошад.
Ин нишондиҳанда дар соли 2022 бошад ба 32,4 млн. долл. омада расид, ки нисбат ба соли 2021 0,1 млн. долл. зиёд мебошад. Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳамкориҳои иқтисодии байни кишварҳо мунтазам афзуда истодаанд.
Самти дигари хамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодии байни кишварҳо ин лоиҳаҳои минтақавӣ ва иштирок дар созмонҳои ҳамгироии минтақавӣ ба ҳисоб мераванд, ки CASA – 1000 яке аз онҳо ба ҳисоб меравад. Дар Покистон, ки дар қисми ниҳоии хатти интиқоли барқи CASA-1000 ҷойгир аст, норасоии зиеди таъминоти барқ, алалхусус дар моҳҳои тобистон мушоҳида мешавад.
Ин миқдори истеъмоли нерӯи барқ бо тавлиди зиёдатӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон рост меояд. Содироти барқи зиёдатӣ ба ҳарду кишвар имкон медиҳад, ки даромадро афзоиш диҳанд ва маблағҳоро барои навсозии шабакаҳо ва таъмини иқтидори иловагии истеҳсоли энергия аз манбаъҳои барқароршаванда барои пешгирии норасоии нерӯи барқ дар фасли зимистон сармоягузорӣ кунанд.
Лоиҳаи CASA – 1000 бо арзиши 1,2 миллиард доллари ИМА интиқоли 1300 Мегаватт (МВт) нерӯи барқи мавсимиро аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон таъмин менамояд. Ин лоиҳа манбаи нави даромади бозори минтақавии нерӯи барқ хоҳад буд, ки дар доираи он 4,6 миллиард киловатт-соат (квт соат) дар як сол интиқол дода мешавад.
Айни замон, ки Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, заминаи хуби рушди ҳамкориҳо ба миён омадааст. Тибқи маълумоти Маркази матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардида, дар ҳузур ва бо иштироки Пешвои муаззами миллат ва Сарвазири Покистон 9 санади муҳим ба имзо расид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф ба Изҳороти муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон аз натиҷаи сафари расмӣ Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон имзо гузоштанд.
Сипас, санадҳои зерин ба имзо расид:
– Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон барои солҳои 2025-2026;
– Протоколи нияти ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати федералии корҳои баҳрии Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи густариши ҳамкорӣ дар содирот ва воридоти молҳо ва маҳсулоти саноатӣ;
– Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Покистон;
– Харитаи роҳ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Исломии Покистон;
– Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ;
– Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Душанбе, Тоҷикистон) ва Донишгоҳи Панҷоб (Лаҳор, Покистон);
– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Федератсияи крикети Тоҷикистон ва Шурои крикети Покистон.
Ҳамзамон қайд кардан зарур аст, ки Ҷумҳурии Исломии Покистон имкониятҳои баромадан ба роҳи баҳрӣ, таҷрибаи бойи сайёҳӣ (рушди сайёҳӣ дар аввали соли 2024 72%) ва дигар имкониятҳои рушдёфтаро дар минтақа дорад, ки ҳангоми ҳамкории иқтисодӣ истифодаи ин таҷрибаву иқтидорҳо барои ҳарду кишвари ҳамсоя ба манфиати тарафайн мебошад.
Итминони комил дорем, ки ин вохӯрӣ заминаи хубе дар рушди кишварҳои ҳамсоя гардида, барои рушди муносибатҳои иқтисодии кишварҳо хусусан рушди сайёҳӣ ва соҳибкории муштарак дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ заминаи мусоидро фароҳам меоварад.
Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ – д.и.и., профессор, Директори Институти илмӣ-тадқикотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон