ИСТИҚЛОЛ – РАМЗИ САОДАТ ВА ШАРТИ БАҚОИ МИЛЛАТ

    Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.
Эмомалӣ Раҳмон
     Истиқлолият, ки нишонаи ҳувият, озодӣ, ифтихор, номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад, дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд гардид. Бинобар ин, барои мардуми куҳанбунёд, фарҳангсолор ва шарафманди тоҷик яке аз санаҳои сарнавиштсози таърихӣ ва лаҳзаҳои хушбахтиву сарбаландӣ мебошад, зеро дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати озоду соҳибистиқлол – Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой карда шуд, ки дар зиндагии мардуми тоҷик давраи нав оғоз ёфт. Давлатҳои ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ Ҷумҳурии Точикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф намуданд. Минбаъд намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машваратҳои байналхалқӣ ҳамчун намояндагони расмии давлати соҳибистиқлол муаррифӣ мегарданд. Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳануз санаи 2-юми марти соли 1992 аъзои комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) гардид.
    Бунёди Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои тоҷикон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Бо эълони Истиқлолият, чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозанд, «Орзуи ба даст овардани мустақилияти миллӣ амалӣ гашт. Ва дар асл чунин осон ба даст омадани озодӣ ва Истиқлолро касе ҳам тасаввур надошт. Ин Истиқлолият ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани он масъулияти таърихии наслҳои имрӯза мебошад».
    Рӯзе, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёр гардид, зарурияти Конститутсияи нави ҷумҳурӣ ва қонунӣ гардонидани дастовардҳои истиқлолият ба миён омад. Зеро, қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар бояд дар асоси он омада ва қабул карда мешуданд. Барои омода намудани лоиҳаи Конститутсияи нави ҷумҳурӣ аз ҷумлаи олимон гурӯҳи корӣ ташкил карда шуд. Хулоса санаи 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар райпурсии умумихалқиӣ қабул карда шуд, ки мафҳум ва фаҳмиши истиллоҳи соҳибихтиёрӣ дар дебоча, моддҳои 1, 6,7,10,11, 43, 46, 100 ва дигар банду қисмҳои моддаҳои дахлдори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст. Ин гувоҳи аҳамияти аввалиндараҷа доштани соҳибихтиёрӣ барои давлат мебошад. Аз ҷумла дар қисми аввали моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ибораи Ҷумҳурии Тоҷикистон «давлати соҳибихтиёр» омадааст. Тибқи моддаи 100-и Конститутсияи ҶТ шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд. Ин муқарароти Конститутсия аз мустақилият ва сохибихтиёрии давлати Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Дар он таъкид мешавад, ки шакли идоракунии давлат, ҳудуди Тоҷикистон, моҳияти демократию ҳуқуқбунёдӣ ва иҷтимоии давлат, ки аломатҳои аввалиндараҷаи давлати соҳибихтиёр мебошанд, тағйирнопазиранд. Аз ин меъёрҳои ҳуқуқии зикршуда бармеояд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсияи қатъии соҳибихтиёрии ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар тамоми қаламрави кишвар паҳн шудааст, муқаррар кардааст. Соҳибихтиёрии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ, яъне роҳу усулҳои тараққиёти худро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра, дар сиёсати хориҷӣ – тарзу усулҳои муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва умуман ҷомеаи ҷаҳониро мустақилона муайян менамояд.
    Аз ин рӯ, соҳибихтиёрӣ муҳимтарин шарти баланд бардоштани мақоми сиёсию ҳуқуқӣ ва нишонаи ҷудонашавандаи ҳокимияти давлатдории воқеист. Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун дастоварди бузург ва воқеаи нодиру фараҳбахши таърихӣ барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин фазои мусоидро фароҳам овард. Акнун Тоҷикистонро чун давлати соҳибихтиёр дорои забон, фарҳангу тамаддун, Парчам, Нишон, суруди миллӣ, Конститутсия, ҳудуди муайян ва ғ. ҷомеаи ҷаҳонӣ мешиносанд, эътироф мекунанд ва ташаббусҳои созандаи давлату ҳукумати моро амалӣ месозанд.
     Роҳи таърихие, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин муддат тай кардем, заминаи боэътимоди таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини сулҳу субот мебошад, зеро давоми 33-соли Истиқлолият бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёриамон гузошта шуд ва корҳои азими бунёдкориву созандагӣ оғоз ёфт. Дар ин раванд, таъмин намудани Истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноаткунонии бо суръати кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии миллӣ, ки ояндаи Тоҷикистон ба амалӣ гардидани онҳо вобаста аст, муайян гардиданд.
    Бинобар ин, 33 соли сипаришудаи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит менамояд, ки ҳимояи музаффариятҳои истиқлолияти давлатӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити афзоиши таҳдидҳо ва хатарҳои ҷаҳонӣ вазифаи аввалиндараҷаи давлат, ҷомеа ва ҳар шаҳрванди Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
     Бузургии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки дастовардҳои замони Истиқлолият дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, идеологӣ ва ғ. баробар ба садсолаҳо мебошад. Бинобар ҳамин, якчанд дастовардҳоеро қайд менамоем, ки хеле ва хеле бузург ва дар дохили онҳо дастовардҳои дигарро мушоҳида кардан мумкин аст:
 – хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ ва барпо намудани сулҳ;
 – то ба имрӯз нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, фарҳанг, тамаддун ва муаррифии онҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ;
 – қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ;
 – эътироф гардидани Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона;
 – ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
 – ҳифзи моликияти шахсӣ ва давлатӣ;
 – таъмини амнияти миллӣ (амнияти иқтисодӣ, озуқаворӣ, ҷамъиятӣ, ҳарбӣ, экологӣ, иттилоотӣ);
 – муайян намудани ҳадафҳои стратегии давлат ва амалӣ намуданӣ онҳо ва ғ.
    Дар охир аз фурсат истифода бурда, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон – хурду бузурги мамлакатро ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги таърихӣ 33-юмин солгарди Истиқлолу озодии кишвари маҳбубамон самимона табрику таҳният мегӯем.
Миралиев С.А. дотсенти кафедраи ҳуқуқи ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *