30 августи соли 2024 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шурои олимон бо баррасии масъалаҳои мубрам бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ ва сохторҳои он дар вилоятҳои Хатлону Суғд баргузор гардид.
Қабл аз баррасии масъалаҳои дар рӯзномаи ҷаласа ҷойдошта, ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ҳамчун рамзи эҳтиром ва қадршиносӣ аз дастовардҳои назарраси омӯзгорони Донишгоҳ, ки 29 августи соли ҷорӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд, дар назди коллективи бисёрнафараи донишгоҳ изҳори сипоси раёсати донишгоҳро баён намуд.
Ректори донишгоҳ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор қадршиносии Ҳукумати мамлакат ва Пешвои муаззами миллатро нисбати омӯзгорони донишгоҳ фоли нек арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки мукофотҳои давлатӣ масъулияти моро дучанд мегардонад. Зикр гардид, ки коллективи бисёрнафараи Донишгоҳ дар ҳамешагӣ сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллатро ҷонибдорӣ намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат тамоми малакаву маҳорати хешро самаранок истифода менамоянд.