ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ТАТБИҚИ ИСЛОҲОТИ БУНЁДӢ ДАР САМТИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ МАМЛАКАТ

     Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ҳеҷ як давлатро бидуни истиқлол тасаввур кардан ғайриимкон аст, зеро истиқлол неъмати бебаҳо, рамзи олии соҳибдавлативу ватандорӣ, омили таъмини инкишофи иқтисодии мамлакат, инчунин нишони асолату ҳувияти миллӣ мебошад.
    Истиқлоли давлатӣ чунин падидаест, ки дар фазои ороми он ҳар як сокини мамлакат озодона умр ба сар бурда, дар тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат бемамоният кору фаъолият менамояд. Инак, мардуми тамаддунофару сарбаланди тоҷик имрӯзҳо 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифта истодаанд.
     Яке аз дастовардҳои бемисли мо тӯли ин солҳо ватандорӣ, давлатсозӣ ва давлатдории миллӣ мебошад. Ин дастоварди бемисл ва боазамат бо талош ва азму иродаи қавии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
    Шарафёб шудан ба Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик мояи саодатмандӣ ва хушбахтӣ аст. Чунин дастоварди бузургро танҳо бо роҳи таъмини сулҳу ваҳдат ва меҳнати софдилона ҳифз намуда, Тоҷикистони азизро ободу зебо гардонида метавонем. Ба ҳадафи мазкур танҳо тавассути илму маърифат, ақлу заковат, ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва зиракии сиёсӣ расидан мумкин аст.
     Дар шароити муосири инкишофи муносибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ равандҳои ҳамгироӣ густариш ёфта, ҷаҳонишавӣ ба яке аз омилҳои муҳими дигаргунсозиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи муосир табдил ёфта истодааст. Дар баробари ин, бо дарназардошти таъсири зуҳуроти манфии берунӣ ва дохилӣ нобаробарии иҷтимоӣ-иқтисодӣ миёни аҳолӣ зуҳур намуда истодааст.
     Бояд иброз намуд, ки нобаробарии иҷтимоӣ, паст шудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ имконоти таъмини рушди иҷтимоӣ-иқтисодиро дар мамлакатҳо маҳдуд намуда, ба устувории иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа таҳдид эҷод месозанд. Ҳамчунин равандҳои мазкур ноустувории сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, равонӣ ва ғайраҳоро ба вуҷуд меоранд.
      Бинобар ин, тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Зеро, дар шароити муосири инкишофи тамаддуни инсоният, сифати зиндагӣ ба ҳайси яке аз омилҳои муҳим ва калидии инкишофи иқтисодии мамлакатҳо баромад менамояд. Дар мавриди худ, сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакат самаранокии фаъолияти низоми идоракунии давлатӣ, сиёсати иҷтимоӣ ва сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро муайян месозад.
    Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани рушди устувори иҷтимоӣ-иқтисодии минбаъдаи мамлакат, иҷрои афзалиятҳои миллӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”-ро қабул намуд.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ, дар робита бо қабул гардидани ин ҳуҷҷат иброз намуда буданд, ки “Ҳуҷҷати мазкур аз рӯи ҳисоб дуюмин ҳуҷҷати стратегие мебошад, ки дар он ҳадафҳо, захираву имкониятҳои мавҷуда, инчунин таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти мамлакат ба инобат гирифта шудаанд. Ҳадафи олии рушди дарозмуддати кишвар дар чорчӯбаи ҳуҷҷати мазкур баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум дар заминаи таъмини рушди устувори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад ”.
    Гарчанде дар меҳвари асосии инкишофи иҷтимоии мамлакат иқтидор ва имкониятҳои иқтисодии он қарор доранд, дар баробари ин, ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намудааст, ки соҳаи иҷтимоӣ омили калидӣ буда, ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат, ноилгардӣ ба дастовардҳои иқтисодӣ, инчунин таъмини оромиву осоиштагии зиндагии мардум мусоидат менамояд.
     Сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъмини сулҳу субот, маҳз ба ҳалли унсурҳои меҳварии модели иҷтимоӣ, қабл аз ҳама, ба таъмини рушд ва амнияти иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат, ҳаёти осоиштаи аҳолӣ ва бар ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум нигаронида шудааст. 
     Лозим ба ёдоварист, ки низоми ҳифзи иҷтимоие, ки дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чун низоми “таъминоти иҷтимоӣ” роҳандозӣ гардида буд, ба таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатии шаҳрвандон равона гардида буд. Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва пеш гирифтани роҳи иқтисоди бозорӣ чунин низом ба воқеиятҳои муосири иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон ва низоми молиявии он мувофиқат намекард.
     Бо дарназардошти ҳолати зикршуда, зуҳур кардани равандҳои муҳоҷирати меҳнатии аҳолӣ, маҳдуд шудани имкониятҳои молиявии мамлакат, бо ибтикор ва талошҳои созандаи Пешвои миллат заминаҳои ниҳодӣ, иқтисодӣ ва маъмурии низоми комилан нави ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мамлакат таҳия ва роҳандозӣ гардид. Тӯли солҳои соҳибистиқлолии мамлакат марҳила ба марҳила низоми мазкур побарҷо, устувор ва фарогир гардида, ба шуғли аҳолӣ ва таъмини музди меҳнати арзанда, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои асосии иҷтимоӣ, расонидани кӯмакҳои иҷтимоии унвонӣ, хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ, даромади ҳадди ақал, таъмини нафақа, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, инчунин фароҳам сохтани ҳаёти осоишта мусоидат намуд.
     Чунин ҳафадҳои созандаи Пешвои миллат буданд, ки сол аз сол пуштибонии иҷтимоии аҳолӣ дар мамлакат таҳким ёфта, дастгирии фарогири табақаҳои мухталифи аҳолӣ, аз ҷумла, ниёзманду осебпазир, оилаҳои камбизоат, пиронсолон ва ғайраҳо амалӣ шуда истодааст.
    Ибтикороти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯҳияи созанда имкон фароҳам сохт, ки дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардид. Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд.
    Дар ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2023-юм 4 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
   Дар ин давра танҳо ҷиҳати пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат ва кӯдакони маъюб, инчунин, ҷубронпулии яквақта ба шаҳрвандони аз фалокатҳо зарардида 2 милларду 70 миллион сомонӣ равона карда шудааст.
   Воқеан, чунин тадбирҳо дар соҳаи иҷтимоии мамлакат ба он равона гардиданд, ки вазъи саломатии аҳолии мамлакат эмин нигоҳ дошта шуда, ҳифзи иҷтимоӣ таъмин ва шароит барои ҳаёти осоиштаи мардум фароҳам гардад.
    Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дастгирии мақсадноки аҳолии ниёзманди мамлакат мебошад. Чунин дастгирии мақсадноки аҳолии ниёзманд тавассути расонидани кумаки суроғавӣ ва хизматҳои иҷтимоӣ сурат гирифта истодааст. Айни замон татбиқи механизми мазкур идома ёфта истодааст.
   Роҳбарияти давлат ва ҳукумати мамлакат чунин ташаббусҳои созандаи хешро идома дода, бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ баҳри таъсиси корхонаҳои хурду миёна ва бузург дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ тадбирҳои судмандро амалӣ намуда истодааст. Ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, бо шуғл фаро гирифтани ҳар як аъзои аҳолии мамлакат бо роҳи ташкили касбомӯзӣ ва ҷалби онҳо ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ, корҳои хонагӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ғайраҳо тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда истодаанд. Албатта, ба чунин ҳадафҳои созанда дар натиҷаи меҳнати софдилона, азми қавӣ ва муттаҳидии мо мардуми шарафманди тоҷик шарафёб гардидан мумкин аст.
     Дар навбати худ, мо мардуми сарбаланди тоҷик ба хотири садоқат ба заҳматҳои содиқонаи Пешвои муаззами миллат, арҷгузорӣ ба сулҳу субот, оромии вазъи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мамлакат ба он саъй менамоем, ки чунин заҳматҳо ва ташаббусҳои созандаро дар самти ҳифзи истиқлоли давлатӣ, таъмини ҳаёти осоишта бо дарки ҳисси баланди ватандӯстӣ қадр намоем ва барои гулгулшукуфоӣ ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистони азизу маҳбубамон кӯшишу талош намоем.
Фатҳулло Ҷабборов, н.и.и., дотсент, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *