ДУРАХШИ АШЪОРИ РӮДАКӢ ДАР ОСМОНИ БАЛАНДИ НАЗМ

ДУРАХШИ АШЪОРИ РӮДАКӢ ДАР ОСМОНИ БАЛАНДИ НАЗМ
(дар ҳошияи гиромидошти Рӯзи Рӯдакӣ)
   Абуабдуллоҳи Рўдакӣ суханварест, ки ҳанўз дар замони зиндагиаш ҳамчун саромад ва устоди бузурги шонрон зътироф шудааст. Ўро муосиронаш ҳангоми дар қайди ҳаёт будан чун пешвои аҳли адаб шинохтаанд. Унвонҳои қофиласолори назм, соҳибқирони шоирӣ, маликушшуаро ва одамушшуаро ба ин далеланд.
   Дар давоми беш аз ҳазор сол бузургони илму адаб ба устоди устодон, тавонотарин шоир ва некўсухану матингуфтор будани Рўдакӣ қоил буданд. Чунки рутбаҳои баландро гирифтани Рўдакӣ фақат гуфтори шоирона ва таърифу мадҳ нест. Устод Рудакӣ ба ин мақоми баланд дар натиҷаи фаъолиятҳои фидокорона дар устувор гардонндан ва такомулу тараққӣ додани назми форсизабонон сазовор гардидааст.
   Ҳанӯз ҳазору сад сол пеш ин шоири мутафаккири халқи тоҷик бо каломи ҳикматбори худ дили мардуми форсигӯйро тасхир карда буд, ки ин муҳаббату самимияти гарм дар қалбҳои мардуми мо ва халқҳои гуногуни олам то ҳанӯз зинда аст.
   Забони шеъри Рӯдакӣ забони меъёр ва забони адабии мост, ки онро бо гузашти асрҳои зиёд мо имрӯз низ истифода мебарем ва бо шеъри Рӯдакӣ ҳар рӯз сухан мегӯем. Яъне забони Рӯдакӣ забони зиндаи халқи тоҷик аст ва бузургиву ҳашамати шоири мутафаккир низ дар ҳамин нукта баён мегардад, ки гӯё шеъри Рӯдакӣ дар замони мо суруда шуда бошад. Худи шоир дар ин маврид мефармояд:
   Чу дурпош гардад ба маънӣ забонам,
   Расад марҳабо аз замину замонам.
   Муҳаққиқон ва донишмандон устод Рӯдакиро барҳақ «офтоби гавҳари Сосон» ва «фурӯғи дудаи Сомон» гуфтаанд. Зеро маҳз ба воситаи осори Рӯдакӣ асри нуҳ — асри тиллоии адабиёти мо ба ҳисоб рафта, бо мусоидати амирону вазирони хирадманди сомонӣ Рӯдакӣ шуҳраи офоқ гардид. Муҳити фарҳангӣ ва адабии он давра бо ашъору осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯшакури Балхӣ, Шаҳиди Балхӣ, Муродӣ, Робиаи Балхӣ, Хусравонӣ ва дигарон мустаҳкам гардида, шукӯҳу азамати давлати Сомониёнро таҷассум менамояд. Ашъори Рӯдакӣ бо сабки ниҳоят содаву равон офарида шудааст, ки имрӯз, яъне пас аз чандин аср низ ба ҳар хонандаи форсизабон фаҳмост. Рӯдакӣ на танҳо шаклу мазмуни назми тоҷикро ба такомул расонид, балки бо эҷодиёти ғанӣ, гаронбаҳо ва нотакрори худ ба сабки хуросонӣ ибтидо гузошт, ки онро сабки Рӯдакӣ ҳам мегӯянд. Ӯ ҳамчунин асоси адабиёти тоҷик ва гузашта аз он, бунёди тамоми адабиёти форсизабонро устувор кард. Назми классикии ҷаҳон бо мероси гаронбаҳои шоири бузурги тоҷикон ғанӣ гардид. Вале афсӯс, ки ин ганҷинаи бебаҳои сухан ва кохи баланди шеъри Рӯдакӣ бар асари ҳамлаҳои аҷнабиён дар тӯли ҳазорсолаҳо хароб шуд ва талаву тороҷ гардид. Аз тоқу равоқҳои муҳташами ин кохи сухан то замони мо пораву хиштҳои парешон боқӣ мондааст. Ин абёти парешон бо заҳмати устодони зиндаёд Садриддин Айнӣ, Саид Нафисӣ, Абдулғанӣ Мирзоев ва донишмандони имрӯзаи Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон зарра-зарра аз хазинаҳои осори хаттии кишварҳои Шарќ гирдоварӣ шуд, ки шумори онҳо имрӯз зиёда аз ду ҳазор мисраъ мебошад. Ғазалу тарона ва рубоиҳои шоир, қасидаву қитъаҳои мукаммали ӯ ва ниҳоят пораҳои боқимонда аз достонҳои «Калила ва Димна»-ву маснавиҳои гумном имрӯз бо дурахшу рангорангӣ ва муҳтавои ҳаётиву инсонии худ моро мафтун месозад.
    Шояд баъзе аз ин калимаҳо (симрада, қатраборон, монавитабъ, пешкор, пешёр…) сохтаи завқи худи устод Рӯдакӣ бошанд.
Муродифҳои луғавӣ дар ашъори Рӯдакӣ доираи васеи истифода доранд. Илова бар ин, дар баъзе маврид устод дар баробари ёд кардани номвожаҳои арабӣ муодили тоҷикии онҳоро низ ёдовар шудааст:
   Зераш Уторид, он ки нахонӣ-ш ҷуз дабир,
   Як номи ӯ Уториду як номи ӯст Тир.
   Рӯдакӣ ба расми қадим ҷашни Меҳргонро ҷашни «шоҳону хусравон» медонад ва аз омадани ин ҷашн ба амири сомонӣ мужда расонидааст:
   Малико, ҷашни Меҳргон омад,
   Ҷашни шоҳону хусравон омад.
  Баъзе вожаҳое, ки дар осори Рӯдакӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд, имрӯз танҳо дар баъзе гӯишҳои забони тоҷикӣ боқӣ мондаанд ва дар кишварҳои ҳамзабон истифода намешаванд. Масалан: варғ (ҷойи оббанду обкушо) (Банди варғи сусти пуда бифканад), коза (каппа) (Ҷой кард аз баҳри будан козае), тундар (раъд) (Наффот – барқи равшану тун-
дар-ш – таблзан), хусур (падарарӯс) (Ки то кай кашем аз хусур зиллу хорӣ), модандар (модари ӯгай, ки дар мо моиндар ҳам мегӯянд) (Ки гаҳ модарӣ, гоҳ модандаро), писандар, дух-тандар (Бо писандар кина дорад ҳамчу бо духтандаро) ва ғайра.
   Забони ҳар қавму миллат мояи ифтихор ва саодати ҳуввияти ӯст, зеро маҳз забон аст, ки аз мавҷудияти ин ё он миллат башорат медиҳад ва ҳастии миллатро ба дуриҳои дур мебарад. Аз ин дидгоҳ ифтихори тоҷикон аст, ки забоне бо номи «тоҷикӣ» доранд, ки имрӯз тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо аз ҳастии мо паём мерасонад, балки аз бонуфузтарин минбарҳои ҷаҳон, чун Созмони Милали Муттаҳид садо дода, пайғоми моро ба банӣ башар мерасонад.
   Забони тоҷикӣ таърихи дуру дарозеро паси сар намуда, тӯли мавҷудияташ бо вуљуди вазъи номусоиду ногувори таърих худро ҳифз намуда, риштаи ҳастии миллатро то ба имрӯз расонидааст. Ба таъбири дигар, забон натанҳо ҳастии ҳар миллатро таъмин менамояд, балки таъриху тақдири онро низ дар хотираи худ маҳфуз медорад. Ба ин маънӣ Сарвари давлат таъкид мекунанд, ки: «танҳо забон аст, ки дар ҳамаи давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».
   Забони тоҷикӣ беш аз ҳазор сол аст, ки ба сифати забони адабӣ дар хидмати соҳибзабонон қарор дорад ва ҳастии беш аз ҳазорсолаи забони адабии тоҷикиро осори мондагори илмиву адабие, ки аз ҷониби Одамушшуаро Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Ибни Сино, Берунӣ ва нобиғагони дигар рӯи саҳфаҳои таърих рехтаанд, ба субут мерасонад. Дар оғози ташаккули забони адабии тоҷикӣ дар ҳимояву ҳифз ва бузургдошти он амирони олигуҳар чун Исмоили Сомонӣ, Мансур ибни Нуҳи Сомонӣ ва дигарон хидмати таърихиро ба анҷом расонида, онро аз ҳамлаву ҳуҷум ва фишори забонҳои бегона, бахусус арабӣ, дар амон нигаҳ доштанд.
    Ҳамин рисолати таърихиро дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба анҷом расониданд. Ба таъбири дигар, Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омадан забонро чун рукни бақову ҳастии миллат ба ҳимояти давлату ҳукумат гирифта, эълон доштанд, ки: «Забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст». Ҳамин эътироф ва муҳаббату садоқат ба забон буд, ки на танҳо забон аз газанд эмин монд, балки боиси болорафти худшиносиву худогоҳии миллӣ низ гардид.
    Мероси манзуми Рӯдакӣ ганҷинаи бузурги маънавии таърихи гузаштаи мо мебошад. Мо бояд ин мероси пурарҷро якҷоя бо ашъори бозмондаи ҳамасрони Рӯдакӣ таҳқиқ кунем, сирру асрори эъҷози сухани Рӯдакиро барои дигарон бозгӯ намоем. Мо таъсиси маркази илмии «Бунёди Рӯдакӣ»-ро табрик мегӯем ва корҳои аввалини омӯхтан ва ба чоп омода намудани матни илмии девони Рӯдакиро пайғоми неки рӯдакишиносӣ медонем.
   Рӯдакишиносӣ бояд як қисми муҳими илму адаби мо гардад ва дар марказҳои илмии донишгоҳҳо хуб ба роҳ монда шавад. Аслан яке аз проблемаҳои ҷиддие, ки дар таърихи адабиёти мо вуҷуд дорад ва бояд бо ниҳояти диққат ва назокат ҳал шавад, ин масъалаи саҳми тоҷикони Мовароуннаҳру Хуросон дар зинда нигоҳ доштан ва парвариши забону адабиёти тоҷику форс аст. Ин ганҷинаи нодир ва саршор, бидуни шак(к), сарвати миллии тамоми форсизабонон аст. Гузашта аз ин, шоирони бузурги мо, аз қабили устод Рӯдакиву Њаким Фирдавсӣ, Умари Хайёму Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз ва дигарон ба тамоми инсоният тааллуқ доранд ва дар саросари олами мутамаддин соҳиби барҳақӣ шуҳрат ва маҳбубиятанд. Имрӯз далелҳои қавӣ вуҷуд доранд, ки дар асоси онҳо донишмандон макони зуҳур ва нашъунамои забон ва адабиёти тоҷикиву форсиро Мовароуннаҳру Хуросон медонанд. Аввалин қиёмҳои сиёсӣ ба муқобили ҳукумати неруманди замон аз ҳамин ҷо бархостаанд ва мардоне чун Муқаннаъ, Абӯмуслим, Яъқуби Лайс ва Исмоили Сомонӣ ба ҳайси сарварони нахустин давлатҳои миллӣ аз қабили Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд. Ва нахустин шоирон, аз ҷумла, қофиласолори шеъри тоҷикиву форсӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва достонсарои камназири ҷаҳон Абулқосим Фирдавсӣ аз ин диёр бархостаанд ва аввалин осори илмиву тарҷумаҳо низ дар ҳамин ҷо пайдо шудаанд.
Мехоҳам таъкид намоям, ки бо вуҷуди он ҳама шикасту рехтҳо дар масири таърихи дурударози халқамон ба касе муяссар нашуд, ки рӯҳи миллӣ ва шуълаи ватандӯстиву истиқлолҷӯёнаро дар ин сарзамин хомӯш созад. Ҳамаи ин саҳифаҳои саршор аз диловариву фидокорӣ дар роҳи Ватану миллат, ин ҳама ҷидду ҷаҳди фарҳангсозиву тамаддунофаринӣ барои мардум имрӯз ҳам дарси ибрат ва намунаи пайравӣ аст. Ин мероси пурбаҳои адабӣ барои кишвари соҳибистиқлоли мо, ки рӯ ба ҷомеаи ҳуқуқбунёди дунявӣ ниҳодааст, хеле муҳим ва зарур мебошад. Зеро бунёди ҷомеаи нав инсони худшиносу худогоҳ ва дорои ахлоқи неку маънавияти баландро тақозо менамояд. Ва хушбахтона, осори адабии ниёгони мо саршори андешаҳои волои ахлоқиву башардӯстӣ буда, дар тарбияи эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва ваҳдату ҳамбастагии мардум нақши бузург мебозанд. Дар ин ҷо хотирнишон сохтан бамаврид аст, ки корномаи эҷодӣ ва инсонии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар назди миллату Ватани хеш бояд барои насли имрӯзаи зиёиёни тоҷик низ ҳамчун тимсоли барҷастаи фидокорию худфарсойӣ, навҷӯйиву навпардозӣ, ҷасорату матонат ва имон овардан ба рӯҳи шикастнопазири инсон бошад. Яъне агар мо воқеан худро ворисону меросхӯрони мардони бузурги миллат, аз ќабили устод Рӯдакӣ ва дигар абармардони халқамон шуморем, андеша, амал ва зиндагии мо бояд арзанда ва мувофиқи номи неки гузаштагонамон бошад.
Ҳанӯз ҳазору сад сол пеш ин шоири мутафаккири халқи тоҷик бо каломи ҳикматбори худ дили мардуми форсигӯро тасхир карда буд, ки ин муҳаббату самимияти гарм дар қалбҳои мардуми мо ва халқҳои гуногуни олам то ҳанӯз зинда аст. Забони шеъри Рӯдакӣ забони меъёр ва забони адабии мост, ки онро бо гузашти қариб дувоздаҳ аср мо имрӯз низ истифода мебарем ва бо шеъри Рӯдакӣ ҳар рӯз сухан мегӯем. Яъне забони Рӯдакӣ забони зиндаи халқи тоҷик аст ва бузургиву ҳашамати шоири мутафаккир низ дар ҳамин нукта баён мегардад, ки гӯё шеъри Рӯдакӣ дар замони мо суруда шуда бошад. Худи шоир дар ин маврид мефармояд:
   Чу дурпош гардад ба маънӣ забонам,
   Расад марҳабо аз замину замонам.
    Хизмати таърихии устод Рӯдакӣ боз дар он аст, ки қадри суханро ба арши аъло расонида, мустақилияти адабиётро фароҳам овард ва адабиёти моро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Шеъри Рӯдакӣ бо мазмуну муҳтавои олӣ ва арзишҳои башардӯстонаи худ аҳли башарро ба сулҳу рафоқат, дӯстиву адолат, рӯзгори босаодат, озодандешӣ ва ҳамгироӣ даъват сохта, ҳамчун рамзи ваҳдати фарҳангӣ ба мардуми олам то кунун хизмат мерасонад. Шеъри Рӯдакӣ дар таърихи мардуми куҳанбунёди мо ба монанди гулбуни ҳамешабаҳорест, ки бо накҳати атрбораш зиндагии моро доим муаттару зебо месозад. Шеъри Рӯдакӣ пайвандгари наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаи миллати тоҷик буда, бо арзишҳои бузурги ахлоқиву фалсафӣ, илмиву фарҳангӣ ва таърихӣ ойинаи босафои зиндагии ҳар кадоми мову шумо мебошад. Мо ворисони тамаддуни куҳанбунёд ва фарҳанги солори тоҷикон имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки шеъри ҷовидонаи Рӯдакӣ омили ҳастӣ ва бақои забони тоҷикӣ буда, саҳми он дар баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносӣ, ватандориву ватанпарастӣ, таҳкими ваҳдату ягонагии миллӣ ва густариши фарҳангу тамаддуни мо бениҳоят барҷаста аст. Бояд гуфт, ки шуҳрати Рӯдакӣ дар давоми асрҳо ҳамчун бунёдгузори шеъри нави тоҷикиву форсӣ аз тарафи шоирону тазкиранависон ҳамеша зикр ва тасдиқ гардидааст. Рӯдакишиносӣ дар илми шарқшиносии Русия ва мамлакатҳои Ғарб низ мавқеи калон дошт ва мо аз хизматҳои донишмандони Олмон, Фаронса, Инглистон ва кишварҳои дигар миннатдорем. Аз солҳои бистуми асри гузашта, яъне аз оғози таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯдакӣ ҳамчун парчами ҳувияти миллии тоҷикон шинохта шуд. Устод Садриддин Айнӣ ва академик Бобоҷон Ғафуров барои ҳамчун шоири миллии тоҷикон шуҳрат ёфтани Рӯдакӣ хизматҳои бузурге карданд. Соли 1958 ҷашни 1100-солагии Рӯдакӣ ҳамчун ҷашни миллии шеъру адаби мо таҷлил гардид ва таҷлили ҷашни 1150-солагии ӯ идомаи ҳамон анъанаҳои неки миллии мо буд. Адабиёт, назми инсондӯстӣ ва симоҳои бузурги шеър, мисли Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷалолуддини Балхию Камоли Хуҷандӣ ва бисёр дигарон ҳамеша васлгари дилҳо, пайвандгари халқу миллатҳои гуногун буданд ва чунин боқӣ мемонанд.
    Президенти кишвар, Ҷанобӣ Олӣ, муҳтарам Эмомалї Раҳмон дар мулоќот бо зиёиёни мамлакат 18- уми марти соли 2006 таъкид карда буданд: “Имрӯз вазифаи муқаддаси мову шумо омўхтан, ташвиқу тарғиб намудан, ҳифз кардан ва тармиму таҷдиди кулли ёдгорињои таърихӣ ва мероси фарҳангии мамлакатамон аст. Зиёда аз ин ободу зебо нигоҳ доштан ва бою рангорангии осорхонаҳои милливу таърихӣ қарзи муқаддаси инсонии ҳар як фарди равшанфикру бедордили миллат аст”. Ин таъкиди хирадмандонаву дилсўзонаи Президенти кишвар бори дигар аҳамияти барҷастаи ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла осорхонаю маќбарањоро собит месозанд
    Далели равшани ин суханҳо ҷашни Рӯдакии бузург аст, ки бародарони ҳамзабону ҳамфарҳангамонро аз Эрону Афғонистон ва аз бисёр кишварҳои Шарқу Ғарб дар ватани Рӯдакӣ ҷамъ овард. Дар осмони баланди назм шеъри тобноки устод Рӯдакӣ ҳамеша фурӯзон хоҳад монд. Халқи тоҷик чун нишони сипосу эҳтиром ноҳия, чандин муассисаҳои илмиву таълимӣ ва фарҳангӣ, хиёбони марказии пойтахти Тоҷикистон ва чорбоғи бузургро ба номи фарзанди бузурги хеш — Рӯдакӣ гузошта, дар зодгоҳи шоир — деҳаи Панҷрӯд мақбараашро обод сохт ва муҷассамаҳои боҳашамати ӯро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои Файзободу Рӯдакӣ бунёд кард. Мукофоти давлатии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт ва санъат низ номи Рӯдакиро дорад.
Бо қарори Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 22-уми сентябр Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин ҳама таҷассуми эҳтироми бузург ва муҳаббати бепоёни халқи мо ба соҳибқирони шоирон устод Рӯдакист. Бигзор, дар ҳар иқдоми хайри мо рӯҳи Рӯдакии бузургвор ёру мададгорамон бошад! Бигзор, кохи шеъри пайафкандаи Рӯдакӣ то абад бегазанд бошад! Бигзор, шеъри ҷовидонаи Рӯдакӣ ҳамчун сарҳалқаи заррини назми оламгири тоҷику форс раҳнамои зиндагии босаодати мардуми мо гардад!
   Ҳайдарова Бисаноат Умаровна–номзади илмҳои филологии кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва ҳуқуқшиносии МД “Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд”-и ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *