ТУРИЗМ – ВОСИТАИ ТАРҒИБИ ТАЪРИХУ ДАСТОВАРДҲОИ БОСТОНӢ

ТУРИЗМ – ВОСИТАИ ТАРҒИБИ ТАЪРИХУ ДАСТОВАРДҲОИ БОСТОНӢ
(Истифодаи захираҳои табиӣ – туристӣ – омили муҳими рушди туризм дар Тоҷикистон)
Тавре маълум аст, дар асри ХХI туризм ба падидаи муҳиме табдил ёфта, дар иқтисодиёти ҳар як кишвар мақоми хос дорад. Имрўз дар содироти ҷаҳонии молу хизматҳо туризм аз соҳаҳои сердаромадтарини иқтисодиёт дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. туризм – самти афзалиятноки иқтисодиёт и миллии ҳар кишвар ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки ҳоло қисми зиёди даромади буҷаи аксари кишварҳо маҳз аз ҳисоби сайёҳӣ аст. Тибқи таҳлили коршиносон айни замон дар ин соҳа беш аз 166 млн. нафар кору фаъолият доранд. Давлатҳое, ки табиати зебо ва таърихи қадима доранд, аз ин дастоварди худ васеъ истифода бурда, ба бучети давлати худ даромади зиёд меоваранд. Ҳамин аст, ки ба шарофати сулҳу субботу бебозгашт кишварамон дар қатори дигар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар самти туризм низ тўли солҳои охир ба комёбиҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Воқеан, туризм яке аз соҳаҳои сердаромадтарини иқтисодиёт дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Имрўз ҳазорон сайёҳон аз як кишвар ба кишвари дигар ба сайру саёҳат мераванд. Мақсади ҳар як сайёҳ аз сафар, албатта дар навбати аввал истироҳат, беҳтар кардани саломатӣ, ошноӣ бо ёдгориҳои таърихӣ ва васеъ намудани ҷаҳонбинӣ мебошад. Дар ин раванд кишварҳое чун Фаронса, Олмон, Туркия, Швесария, Авсралия, Ҳиндустон, Кипр тавонистанд, то худро ҳамчун макони сайру саёҳӣ муаррифӣ намоянд. Қисми зиёди даромади ин кишварҳо маҳз аз ҳисоби туризм аст. Беҳуда нест, ки соҳаи туризм дар кишварҳои Аврупо аз тарафи давлат ҳаматарафа дастгирӣ меёбад.
Боиси хурсандист, ки Тоҷикистони офтобрўяву куҳсори мо бо табиати биҳиштосои афсонавӣ дар тамоми дунё машҳур гаштаасту мардуми Тоҷикистон аз азал табиатан меҳмоннавозанд ва бо ин хислати бузурги худ дар ҷаҳон овозадору машҳур гаштаанд, ки бешубҳа он як омили муҳими рушди туризм аст. Ҳамин аст. ки бахусус тўли солҳои охир Ҳукумати кишвармон ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои рушди он тадбирҳои зиёдеро роҳандозӣ намуда истодаанд. Аз ҷумла, тавре ҳамагон шоҳид будем, бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, соли 2018-ро дар кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд, ки бешубҳа ин иқдоми дурандешонаи Сарвари давлат барои рушди минбаъдаи соҳа нақши баѓоят муҳим бозид. Се соли минбаъда, яъне солҳои 2019-2021-ро бошад “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд, ки имрўзҳо дар ҳар як гўшаи кишвар шоҳиди навгониҳо гашта истодаем.
Як руйдоди дигари фараҳбахш он аст, ки 27 ноябри соли 2008 дар Шўрои ҳабдаҳуми СУС Созмони миллали муттаҳид Ҷумхурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ин ташкилоти бонуфуз интихоб гардид. Нақши сохтори мазкур ҳамчун муассисаи махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид дар рушди туризм ва ташаккулёбии ҳамкории байни мамлакатҳои ҷомеаи ҷаҳонии туристӣ, барои ҳамаи аъзои он басо муҳим аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ташкилот бо мақсади истифодаи самараноки имкониятҳои худ дар чорабинихое, ки таҳти сарпарастии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Туристӣ баргузор мешавад, фаъолона иштирок намуда истодааст. Узвият ба ин ташкилоти бонуфуз ба Тоҷикистон имкон додааст, ки тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сайёҳияшро ба санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ин соҳа мутобиқ намояд.
Тавре дар Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гаштааст, «Мақсади асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи туризм ин таъмин намудани шароитҳои мусоиди ҳуқуқӣ барои ташкили самарабахши субъектҳои фаъолияти туристӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имкониятро барои қонеъгардонии талаботи шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ ба хизматрасонии мухталиф ва сифатнокии соҳа таъмин намояд».
Тибқи таҳлили мутахассисон, Тоҷикистон дорои ҳудудҳои нодири фарҳангӣ-таърихӣ ва табиӣ, аз қабилӣ шаҳрҳои кадима, шаҳракҳо, ансамблҳо ва маҷмаҳои меъмории таърихӣ, мавзеъҳои нодири табиӣ, обҳои шифобахш, олами нотакрори ҳайвоноту наботот буда, миёни кишварҳои ҷаҳон бо таърихи куҳанбунёд, мардуми тамаддунсоз ва ҷойгиршавии чугрофӣ фарқ мекунад. Аз ҷумла, дарёҳо ва кулҳо яке аз заминаҳои муҳими инкишофи туризм ва рекреатсия ба шумор мераванд. Маҳз онҳо ландшафтро оро дода, иқлими мусоидро ба вуҷуд меоранд, то ин ки истироҳаткунандагон тавонанд ба варзиш ва моҳидорӣ машгул шаванд. Тобистон бошад, дарёҳо ва кулҳо тамоми объектҳои туристи ва рекреатсиониро бо оби нушокӣ таъмин менамоянд. Дар кишварамон шумораи умумии дарёҳо, ки аз 10 км. зиёд дарозӣ доранд, ба 947 адад мерасанд, ки дарозии умумии онҳо 28500 км.-ро дарбар мегиранд. Аз нуқтаи назари туризм ва рекреатсия аксари дарёҳои кишварамон барои истифодабарӣ мусоиданд. Тибқи таҳлили коршиносон дар кишварамон 1300 кулҳо мавҷуданд. Кулҳое, ки масоҳаташон нисбатан калон мебошанд, 22 тоанд. Мутаассифона, ба андешаи мутахассисони соҳа бо мақсади туризм ва рекреатсия на ҳама кулҳо истифода мешаванд. Масалан, кулҳои Сарез, Ранкул, Булкункул, Қарокулро метавон номбар кард, ки аҳамияти зиёди рекреатсиониро дороянд.
Инчунин, дар ташкили истироҳати аҳолӣ ва ҷалби туристон обанборҳо аҳамияти зиёди рекреатсиони доранд. Обанборҳо дар кишварамон кисман ҳамчун объекти истироҳатии аҳолӣ истифода мешаванд. Ба ин гуруҳ обанборҳои Норак, Қайрокум, Бойгозӣ, Сарбанд, обанборҳои сохташудаистодаи Рогун, Сангтуда-1, Сангтуда-2 дохил мешаванд. Тавре аз таҷрибаи ҷаҳонӣ бармеояд, дар заминаи чашмаҳои маъданӣ, осоишгоҳ ва хонаҳои истироҳатии бузург сохтан мумкин аст. Мисол, “Корловы Вары” дар Чехия, “Малманш” дар Руминия, “Схолтуда” ва “Баржоми” дар Гурҷистон хеле машҳуранд. Ҳоло дар кишварамон зиёда аз 220 чашмаҳои маъданӣ ҳастанд, ки обҳои аксарашон хусусияти табобатӣ доранд ва мардум аз онҳо истифода мебаранд. Чашмаҳои нисбатан машҳури кишварамон Хоча-Обигарм, Оби Гарм, Шоҳамбарӣ, гарчашмаи Калтуч, чашмаҳои маъдании Анзоб ва Гармчашма, инчунин чашмаҳои обашон гарму хунук Чилучорчашма, Яшилкул, Қизилработ, Чилондӣ ба шумор мераванд. Дар заминаи ин чашмаҳо то имрўз якчанд осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо бунёд шудаанд, ки албатта ҳам барои аҳолии маҳаллӣ ва ҳам чалби туристон аҳамияти калонро доро мебошанд…
Умуман, тавре аз таҳлили боло бармеояд, дар кишварамон шароитҳо барои рушди намудҳои гуногуни туризм мавҷуд аст. Барои рушди бештари он мо-сокинон бояд чӣ кор кунем? Туризм ҳамчун соҳаи фаъолият аз тарафи инсонҳо эҷод шудааст ва дар навбати аввал меҳмоннавозиро тақозо менамояд. Яъне ҳеҷ захираи дигаре наметавонад эҳсоси меҳмоннавозиро иваз намояд. Яъне маданияти баланди пешвозу хизматрасониву одоби муоширату умуман муносибату ҳар кирдору рафтори мо шарти асосии ҷалби сайёҳон аст. Хурсандиовар аст, ки мардуми мо табиатан меҳмондўстанд ва ин анъанаро мо бояд ҳамеша пос дорему такмил диҳем.
Дар маҷмуъ, Тоҷикистони азизамон воқеан биҳишти рўи олам аст ва ақте ки Тоҷикистони моро на танҳо сокинонаш, балки меҳмонони аз кунҷу канори сайёра омада бо муҳаббат «Сарзамини биҳиштосо» меноманд, бешубҳа меҳри он дар вуҷудамон дучанд мегардад.
РАҲМАТЗОДА Алишер Сунат, полковник, сардори кафедраи ҳарбии Донишоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *