17 майи соли 2023 маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷамъбастии Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро, ректорон ва муовинони ректор оид ба илм ва инноватсия, масъулини Вазорати маориф ва илм, роҳбарон ва ғолибони даври ҷамъбастии олимпиада иштирок намуданд.
Хушбахтона, дар даври ҷамъбастии олимпиадаи мазкур донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Зуҳурова Савригул донишҷӯи курси 2-юми факултети гумрук ва ҳуқуқи иқтисодӣ аз фанни географияи иқтисодӣ, Саидов Амонулло Анварович донишҷӯи курси 1-уми факултети молия ва қарз аз фанни математика ва Ҷаъфаров Садриддин Тоирович донишҷӯи курси 3-юми факултети молия ва қарз аз фанни назарияи иқтисодӣ соҳиби ҷойҳои дуюм ва сеюм гардида, бо диплом ва ҳавасмандиҳои моддӣ қадрдонӣ шуданд.
Ғолибияти навбатии донишҷӯёни Донишгоҳ ба кулли омӯзгорон ва донишҷӯён муборак бошад.