«Ҳеҷгоҳ меҳру муҳаббати иззату эҳтироми инсониро фаромуш кардан даркор нест, дар кадом мансаб, дар кадом шароит ё доро ё шоҳ ё гадо ин чи фазилатро ҳеҷгоҳ аз ёд фаромуш накунем».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ҷомеаи инсонӣ ба ҷуз қонун ва сохторҳои марбутаи идоракунии худ боз дорои маҷмўи меъёрҳо ва принсипҳои ахлоқие мебошад, ки рафтору муносибати аъзои онро ба низом медарорад. Агар қонунҳо ва меъёрҳои муайянкардаи онҳо ҳуқуқу озодиҳои одамонро дар ҷомеа ба танзим дароранд, меъёрҳои ахлоқӣ рафтор ва муносибати онҳоро нисбат ба ҳамдигар муайян менамоянд. Иҷрои меъёрҳои ахлоқӣ ба виҷдони ҳар шахс, расму одат, суннатҳои ҳар халқу гурўҳҳои иҷтимоӣ низ марбутанд.
Ахлоқ илмест, ки шахсро ба созандаи таърих табдил медиҳад ва ба фармудаи Иммануил Кант – «илмест доир ба қоидаҳое, ки инсон чӣ гуна амал бояд намояд». Ахлоқ зодаи ҷамъияти инсонӣ буда, василае барои таҳкими манфиатҳо ва амалкарди инсонҳо мебошад.
Санъати роҳбарӣ ҳам, ба мисли ҳар навъи дигари эҷодкорӣ, ҳатман дар истеъдод, мумтозият ва хосияти шахе асос меёбад. Истеъдоди роҳбар дар шахсияти барҷаста, ѓайри муқаррарӣ, дар тарзи махсуси тафаккур ва ҷаҳонбинии васеъаш зоҳир мешавад.
Таъсиррасонӣ ба инсон бо неруи истеъдод ва маҳорати сайқалёфтаи хеш метавонад мусбӣ ё манфӣ бошад. Дар ҳаёти ҳаррўзаи худ мо ҳамеша кушиш мекунем, ки ба рафтори дигарон бо ҳама воситаҳои дастрас таъсир расонем.
Усулҳои санъати идоракунӣ бисёрсамта мебошанд, яъне дар ҳолатҳои гуногун аз баромади оммавӣ сар карда, то муносибатҳои байнишахсӣ истифода бурданашон мумкин аст. Муваффақияти ҳар муоширати лафзӣ, шифоҳӣ ҳамеша ба омилҳои сершумори психологии алоқаманд вобастагӣ дорад, яъне ба кӣ, кай ва чӣ тавр иброз намудани далелҳои худ ва зимнан доимо дар хотир доштани мақсади ниҳоии мусоҳиба ва ба маҷрои лозима ворид намудани он зарур мебошад.
Суқрот тақрибан, соли 469-399 пеш аз мелод – Муаллим ва Шаҳрванд, асосгузори мактаби машҳўри фалсафаи Афина ва санъати сухан (риторика) буд.
Суқрот вазифаҳои мураккабтарини шуур (идрок)-ро муайян намудааст – худро бишнос ва ҳунари зистанро омўз; таърифи мафҳумҳои муҳими ахлоқ – мардонагӣ, шуҷоат ва адолатро додааст. Дар таҳқиқи масъалаи муоширати одамон Суқрот ба мусоҳиба, сўҳбат диқати махсус медод.
Мусоҳиба зимни робитаи бевоситаи лафзӣ, дар муошират инкишоф ёфта ва худ ҷустуҷўи муштараконаи ҳақиқат, санъати фикрронӣ ва исботкуни мебошад.
Дар ҳақиқат муошират дар фаъолияти кории роҳбар бо зердастон дар мусбӣ ё манфӣ шуда метавонад.
Санъати роҳбарӣ хело ҳам мураккаб буда, мунтазам дар инкишоф аст ва ба омилҳои зиёди иҷтимоӣ, демографӣ, географӣ, сиёсию таърихӣ вобастагии зич дорад ва барои ноил гаштан ба санъати волои роҳбарӣ қобилияти баланди модарзодии зеҳнию ҷисмонӣ, қавииродагӣ ва намунавиро талаб менамояд. Қобилияти баланди роҳбарӣ пеш аз ҳама дар шахсият будани он, хусусияти фавқултабии фикрронию ҷаҳонбини доштани вай, инчунин рафтори бузурги инсони амалӣ мегардад.
Мақcади асосии роҳбар таъсиррасонӣ ба зердастон барои иҷрои кор ё фаъолият мебошад. Усули самараноки таъсиррасонӣ ва корфармоӣ ҳамеша дар таѓйирот буда, дониши нав ва қобилияти баландро талаб мекунад. Дар ин асос роҳбар бояд ҳамеша дар талоши муккамал намудани дониш, маҳорат ва ҷаҳонбинии худ бошад. Дар фаъолияти корӣ роҳбари корхона ё муассиса бояд дониши баланд ва маҳорати суханварӣ дошта бошад. Дар ин асос ба зердастони худ таъсири мусбӣ расонида метавонад.
Дар ҳақиқат мураккабӣ танҳо дар усули санъати роҳбарӣ набуда, балки дар роҳу усули иҷро ва натиҷаи он мебошад. Ҳарчанд то замони мо олимону мутахассисони зиёде оид ба ин масоил асарҳои зиёде навишта, як қатор маслиҳатҳо ва пешниҳоду роҳнамоҳо дода бошанд ҳам, «мураккабии он ҳанўз боқӣ монда, рўз аз рўз мушкилтар шуда истодааст. Чунки ҳар як давру замон хусусиятҳои хоси инкишофи худро дошта, қувва ва талаботҳои наверо тавлид месозад, ки мо бояд худро ба он мутобиқ сохта, фаъолияти бошуурона ва мақсаднок намоем.
Ҳунари сўханварии роҳбар аз он шаҳодат медиҳад, ки ў дар ҳақиқат соҳиби илму дониш, таҷриба ва ҷаҳонбинии васеъ буда, дар ин аснод ба болоравии самараи кори асос гузошта, эҳтироми зердастонро ба даст меорад.
Системаи таъсиррасонӣ ба одамон бо ҳунари сўханварӣ дар таърихи бисёрасраи инкишофи башарӣ то ба имрўз бо таѓйиротҳои куллӣ инкишоф ёфта истодааст. Дар натиҷа имрўз ҳар як соҳа хусусияти хоси таъсиррасонии суханро доро мебошанд. Илми риторика (суханварӣ) сухани зебо, бурpо ва мантиқиро қадр менамояд. Донишҳои дигар низ онро арзанда дошта, дар илми тиб тарзи сухангўии мулоими тассалодиҳанда ба бемор, дар дин вазъи шево доштан ва бурро будани сухани Шумо, дар илми ҳуқуқ санъати саволу ҷавоб, ё худ пурсиш ва ѓайра имконияти кори шуморо хубтар мекунад.
Аз ин рў, ҳар инсонро зарур аст, ки дар муошират бо атрофиён дар ҳар соҳае, ки набошад, хушмуомила бошаду баҳри пайдо намудани ҷойгоҳи худ дар ҷомеа талош намояд ва ҳаёти шоистаро барояш муҳайё созад. Сухани мутафаккири бузурги тоҷик Ибни Сино хулосаи ин ҳама гуфтаҳост, ки фармудаанд: «Ахлоқи инсонӣ на модарзодӣ, балки касбӣ мебошад. Яъне, ақл ва рафтору атвори одам дар раванди ҳаёти ў рушду такомул меёбад».
Ҳасанзода Фарзона Шермадхон н. и. и., дотсент кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон