Соҳибкорони ҳимматбаланди мамлакат!
Аз фурсати хеле муносиб истифода намуда, Шуморо бо “Рӯзи соҳибкорон”, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола cанаи 14 октябр љашн гирифта мешавад, табрику таҳният гуфта, дар ҷодаи фаъолияти касбӣ ва корҳои ободкориву созандагӣ муваффақиятҳои беназирро хоҳонам.
Таҳти роҳбарии оқилона ва нигоҳи стратегии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ дар меҳвари сиёсати иқтисодии Ҳукумати кишвар қарор дорад. Фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорию сармоягузорӣ самти афзалиятноки сиёсати мазкур буда, ба рушди иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини ҳаёти шоиста барои аҳолии кишвар боис мегардад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусиро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун яке аз воситаҳои калидии расидан ба ҳадафҳои миллии кишвар муайян намудааст. Дар ин раванд, саҳми фаъолияти соҳибкорӣ дар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, афзоиши шуғл ва тақвияти истеҳсолоти ватанӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Мавриди зикр аст, ки ташаббусҳои созанда ва пайгирии шахсии Пешвои миллат дар ин самт ба пешбурди сиёсати иқтисодии кишвар, фароҳам овардани муҳити созгори соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, инчунин ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ мусоидат менамояд.
Бояд махсус зикр намуд, ки дар тӯли 20 сол Пешвои миллат зиёда аз 10 маротиба бо соҳибкорони кишвар мулоқоти мустақим анҷом дода, тавассути ин вохӯриҳо пайваста бо воқеияти мушкилоти онҳо ошно гардиданд. Дар ҳар як мулоқот, Роҳбари давлат на танҳо вазъиятро таҳлил менамуданд, балки барномаи дақиқ ва тадбирҳои мушаххасеро пешниҳод мекарданд, ки ҳадафи онҳо ҳалли пурраи мушкилоти соҳавӣ ва таҳкими заминаҳои устувори рушди иқтисодии кишвар буд.
Маҳз татбиқи ҳадафҳои сиёсати иқтисодии кишвар ва амалӣ гардонидани афзалиятҳои пешбинигардида имкон дод, ки дар 20 соли охир суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000-ум ба беш аз 40 миллиард сомонӣ афзоиш дода шавад.
Дар заминаи ислоҳоту тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат имрӯз ҳиссаи бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 70 фоиз, таъмин намудани аҳолӣ бо шуғл беш аз 68 фоиз ва даромадҳои андозӣ ба буҷети давлат 80 фоизро ташкил медиҳад.
Бо мақсади беҳбуди фазои сармоягузорӣ ва таъмини муколамаи озод бо бахши хусусӣ, бо ташаббуси Пешвои миллат Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи ислоҳоти бахши соҳибкорӣ, раванди бақайдгирӣ ва иҷозатномадиҳӣ бо истифода аз низомҳои муосир ба таври назаррас соддатар гардид. Ба роҳ мондани низоми “Равзанаи ягона” дар бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, барасмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва пешниҳоди иҷозатномаҳои зарурӣ равандҳоро осон ва дақиқтар намуд.
Дар баробари ин, қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста такмил ёфта, барои ҳавасмандгардонии соҳибкорону сармоягузорон ва дастгирии бахши хусусӣ, махсусан дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ, имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ карда шудаанд. Ислоҳоти маъмурикунонии андоз, ки бо ҷорӣ намудани эъломияҳои электронии андоз ва пешниҳоди хизматрасониҳои муосир роҳандозӣ гардиданд, раванди пардохтҳои андозиро соддатар ва шаффофтар намуд.
Ҳамчунин, ҷорӣ кардани раводиди махсуси сармоягузор ва низоми электронии гумрук барои содда кардани расмиёти воридотиву содиротӣ ва транзитӣ, фазои тиҷоратиро боз ҳам беҳтар гардонид.
Дар доираи амалӣ намудани ислоҳот аз ҷониби Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда якчанд маротиба ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ мораторий эълон гардид.
Тадбирҳои дар боло зикршуда ва дигар чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам оварданд, ки дар кишвар фазои мусоид барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ таъмин карда шавад. Албатта дар оянда низ чунин тадбирҳои муфид аз ҷониби давлат роҳандозӣ хоҳанд гашт ва тавре Пешвои миллат зимни суханронӣ дар ҷаласаи ботантана ба муносибати Истиқлоли давлатӣ зикр намуданд “Ҳукумати мамлакат минбаъд низ ислоҳотро дар самти таъмин намудани рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ идома бахшида, ташаббусҳои созандаи соҳибкоронро ҳамаҷониба дастгирӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро ҳимоя мекунад”.
Боиси зикр аст, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун аввалин муассисаи таҳсилоти олии дорои мақоми байналмилалӣ дар тайёр намудани кадрҳои соҳибкории рақобатпазир ва баланд бардоштани маърифати соҳибкорӣ нақши муҳим дорад. Донишгоҳ дар асоси барномаҳои таълимии муосир ва усулҳои пешқадам ба донишҷӯён имкон фароҳам меорад, ки дар самтҳои гуногуни соҳибкорӣ малака ва донишҳои заруриро касб намоянд, дар асоси ташкили ҳамкориҳо бо муассисаҳои таълимии бонуфузи хориҷӣ ва ширкатҳои байналмилалӣ, донишҷӯён имконият доранд, ки дар барномаҳои табодули академӣ иштирок намуда, аз таҷрибаи ҷаҳонӣ баҳра баранд. Ҳамчунин Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои соҳибкорӣ низоми таҳсилоти дуалиро васеъ истифода менамояд, ки дар самти идоракунии фаъолияти соҳибкорӣ ва робитаи байни раванди таълим ва истеҳсолот нақши калидӣ мебозад.
Дар фарҷоми сухан қайд менамоям, ки дар заминаи дастгирии доимии Пешвои миллат ва фаъолияти босамари соҳибкорони ватандӯст мо метавонем ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизро таъмин намоем.