ИНСТИТУТИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТИИ РУШДИ УСТУВОР ВА ИҚТИСОДИ САБЗ

Меню Бар

МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ДАР БОРАИ ИНСТИТУТИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТИИ РУШДИ УСТУВОР ВА ИҚТИСОДИ САБЗ

Муассисаи давлатии «Институти илмӣ-тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз»-и назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон як платформаи фаъоли илмию таҳқиқотӣ мебошад, ки барои ҳалли мушкилоти муосири рушди устувор ва таъмини тавозуни экологии кишвар равона шудааст. Ин институт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 199, аз 30 марти соли 2024 таъсис ёфта, ҳадафи асосии он мусоидат ба устувории экологӣ ва иқтисодии кишвар мебошад.

Миссия

Миссияи институт дар мусоидат намудан ба устувории экологӣ ва иқтисодӣ тавассути гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи қарорҳои инноватсионӣ дар самти рушди устувор ва иқтисоди сабз ифода меёбад. Институт дар таҳияи стратегияи рушди устувор, ки ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ равона шудаанд, нақши муҳим мебозад.

Мақсад ва вазифаҳо

Мақсади асосии институт ин рушди нерӯи илмӣ ва дастгирии сиёсати рушди устувор ва иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти институт ба ҳалли масъалаҳои калидии рушди устувор тавассути татбиқи лоиҳаҳои илмӣ ва амалӣ равона шудааст.

Вазифаҳои асосии институт:

– гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи иқтисоди сабз, рушди устувор ва экология.

– таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, ки ба ҷорӣ намудани технологияҳои сабз равона шудаанд.

– таҳияи тавсияҳои илмӣ барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди устувор.

– ташвиқи ғояҳои иқтисоди сабз тавассути барномаҳои таълимӣ ва ташаббусҳои оммавӣ.

– омода намудани мутахассисони баландихтисос, ки дониши амиқ дар соҳаи рушди устувор ва иқтисоди сабзро доранд.

– ташкили конфронсҳо, семинарҳо ва форумҳои илмии байналмилалӣ ва миллӣ.

– ҳамкории фаъол бо шарикони байналмилалӣ ва иштирок дар ташаббусҳои ҷаҳонии сабз.

Самтҳои калидии фаъолият

Институт фаъолияти худро дар якчанд самтҳои калидӣ ба роҳ мондааст, ки ҷанбаҳои асосии рушди устувор ва иқтисоди сабзро фаро мегиранд:

  1. Тадқиқот дар соҳаи энергияи сабз – таҳияи тадбирҳо барои баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия.
  2. Саноати сабз ва иқтисоди даврӣ – омӯзиши моделҳо барои коҳиши партовҳо ва истифодаи такрории захираҳо бо мақсади ташкили давраҳои пӯшидаи истеҳсолӣ.
  3. Кишоварзии устувор ва амнияти озуқаворӣ – тадқиқот барои баланд бардоштани устувории низомҳои аграрӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар.
  4. Рушди устувори соҳаҳои хизматрасонӣ – дарёфти роҳҳои навоварона барои ворид намудани принсипҳои устуворӣ дар соҳаи хизматрасонӣ.
  5. Ҳифзи муҳити зист ва идоракунии захираҳои табиӣ – таҳияи стратегияҳо барои ҳифзи экосистемаҳо ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ.
  6. Рушди шуғли сабз ва маърифати экологӣ – ташвиқи ҷойҳои кории бехатари экологӣ ва баланд бардоштани огоҳии аҳолӣ дар бораи принсипҳои рушди устувор.
  7. Ҷанбаҳои ҳуқуқии рушди устувор – таҳқиқи қонунгузорӣ ва таҳияи механизмҳои ҳуқуқӣ барои дастгирии рушди устувор ва иқтисоди сабз.
  8. Муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи сабз – ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои байналмилалӣ, мубодилаи таҷриба ва ташвиқи дипломатияи сабз.

Дидгоҳи стратегӣ

Институт кӯшиш мекунад, ки пешсафи соҳаи таҳқиқот ва татбиқи технологияҳои сабз гардад ва ҳамчун маркази густариши ташаббусҳои илмӣ, ки бо рушди устувор иртибот доранд, баромад кунад. Мо бо муассисаҳои илмии миллӣ ва байналмилалӣ фаъолона ҳамкорӣ намуда, лоиҳаҳоро, ки ба ташаккул ва рушди устувор ва иқтисоди сабз дар Тоҷикистон равона шудаанд, таҳия ва татбиқ мекунем.

Бо тамаркуз ба лоиҳаҳои тадқиқотӣ ва ташаббусҳои байналмилалӣ, институт дар ташаккули рушди усутвори ҷумҳурӣ саҳми муҳим мегузорад, то он ба кишвари сабз ва аз нигоҳи иқтисодиву иҷтимоӣ устувор табдил ёбад.

Институт барои ҳамкорӣ онҳое, ки миссияи онро дастгирӣ мекунанд ва омодаанд дар бунёди ояндаи сабз иштирок намоянд, даъват ба амал меорад.

Маълумот барои тамос

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5 Телефон: +992 98 577 79 00 Почтаи электронӣ: green.iutet@gmail.com Сомона: www.iutet.tj