14 ноябри соли 2024 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон вобаста ба таҷлили сазовори Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона бо иштироки ҳайати устодону донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ҳусни оғоз бахшида, кулли ҳозирин ва ҳайати бисёрнафараи донишгоҳ ва сохторҳои он дар вилоятҳои Хатлону Суғдро бо ин санаҳои таърихӣ табрику таҳният намуд.
Фишурдаи табрикоти Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Сатторро бахшида ба санаҳои таърихии болозикр дар сатрҳои зерин пешниҳод менамоем.
Бо камоли эҳтиром ва ифтихори бузург шуморо бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям.
Ин Рӯзи фархунда барои кишвари азизи мо санаи муқаддас буда, таҷассумгари арҷгузорӣ ба шахсият ва фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишони эътирофи нақши бузурги Роҳбари давлат дар таъмини сулҳу субот ва рушди устувори ватани азизамон мебошад.
Пешвои муаззами миллат бо заҳмати бепоён, иродаи қавӣ ва меҳри самимӣ тавонистанд, ки Тоҷикистонро аз буҳрони сахттарин раҳо намуда, бо таҳкими истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ онро ба як кишвари бехатару мутамаддин, ки ҳар сокини он ба ояндаи дурахшон ва ҳаёти осоишта эътимод дорад, табдил диҳанд.
Рӯзи Президент на танҳо як ифтихори миллист, балки шукргузорӣ аз саъю кӯшиши Пешвои миллат аст, ки роҳи созандаро барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа интихоб намуданд.
Мо ворисони тамаддуни бостонӣ ва дорои таърихи куҳани давлатсозӣ ҳастем, ки аз замони Куруши Кабир то таъсиси давлати бузурги Сомониён, миллати мо ҳамчун офарандаи давлатҳои мутараққӣ ва дорои низомҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии пешрафта маъруф буд.
Тоҷикистон – сарзаминест, ки ҳамеша ҳамчун макони фарҳангу илму адаб ва намунаи ибрати ҳамзистии осоишта дар байни халқу миллатҳо буд. Ин мероси гаронбаҳо имрӯз моро водор месозад, ки нақши худро дар таъмини рушди устувор ва пешрафти ҷомеа идома диҳем.
Бо гузашти қарнҳо, Тоҷикистон бори дигар дар охири асри XX ба истиқлоли худ ноил гардид.
Расидан ба Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик оғози як марҳилаи нав дар таърихи давлатдории мо буд. Вале, мутаассифона, солҳои аввали истиқлол бо мушкилот ҳамроҳ гардид.
Дар ҳамин давраи ҳассос, Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, як гардиши сарнавиштсоз дар таърихи кишвари мо буд.
Ин иҷлосия, бо интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ оғози сулҳу суботро дар Тоҷикистон таъмин намуд, заминаҳои асосии рушди минбаъдаи давлатдориро гузошт.
Таҳкими истиқлоли давлатӣ, барқарории сохторҳои қонунӣ ва қабули Конститутсияи нав – ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллат тавонистанд кишварро аз вартаи нестшавӣ наҷот дода, ба роҳи рушди устувор ҳидоят намоянд.
Воқеан, тавре Пешвои миллат санаи 6-уми ноябри соли ҷорӣ зимни суханронии худ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд “Бо дарназардошти хусусиятҳои хоси ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву мафкуравии мардуми тоҷик ва барои баромадан аз ин вазъи даҳшатноки буҳронӣ дар Иҷлосияи Шурои олӣ таъсиси ҳокимияти нерӯманди мутамарказ, ягона ва муназзам зарур буд”.
Бинобар ин, аъзои комиссияи конститутсионӣ ба хулоса омаданд, ки барои шароити Тоҷикистон ҷумҳурии президентӣ шакли мувофиқ ва боэътимод мебошад ва аксари кулли шахсоне, ки дар муҳокимаи лоиҳа иштирок доштанд, ҷумҳурии президентиро ҳамчун шакли идоракунии давлати Тоҷикистон тарафдорӣ карданд.
Дар натиҷа ҷумҳурии президентӣ ҳамчун шакли идоракунии давлат дар лоиҳаи Конститутсия пешниҳод гардид ва рушди минбаъдаи Тоҷикистони азизамон бори дигар исбот намуд, ки мо дар интихоби шакли идоракунии давлатамон хато накардем!
Маҳз бо роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ватани мо ба кишвари воҳид, демократӣ ва ҳуқуқбунёд табдил ёфт. Пешвои миллат таҳкими пояҳои истиқлоли давлатиро таъмин намуда, дар рушди инфрасохтори замонавӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ ва тарғиби арзишҳои он саҳми беназир гузоштанд. Ҳамзамон, бо таваҷҷуҳи хос ба таълиму тарбияи насли ҷавон, Пешвои миллат дар ташаккули як насли ватандӯсту худшинос нақши бузург мебозанд.
Зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нуфузи беандоза баланд пайдо намуд. Сиёсати сулҳҷӯёна ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари боэътимод, пешбар дар ҳалли масоили глобалӣ, рушди устувор ва ҳамгироӣ дар минтақа шинос намудааст.
Бо роҳнамоии Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати хориҷии худ на танҳо муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҳамсояро таҳким мебахшад, балки дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, нақши калидӣ мебозад. Пешвои миллат тавонистанд, ки Тоҷикистонро ҳамчун кишвари содиқ ба ормонҳои инсондӯстӣ ва сулҳпарвар муаррифӣ кунанд ва ин дастовардҳо мояи ифтихори ҳар яки мост.
Таҷлили Рӯзи Президент – ин рӯзи арҷгузорӣ ба таърихи мо, сабақ барои наслҳои ҷавон ва оғози саҳифаи нав дар китобҳои давлатдории тоҷикон аст.
Дар ин рӯз мо бо ифтихор аз гузашта, ба ояндаи шукуфони Ватанамон назар намуда, дар пайравӣ аз Пешвои миллат дар роҳи ободиву шукуфоии Тоҷикистон қадам гузорем.
Бо эҳтиром ва сипос аз хизматҳои Пешвои миллат, ки Тоҷикистонро ба самти комёбиҳои бесобиқа ҳидоят мекунанд, таманно дорем, ки ватани маҳбубамон бо ҳамбастагии ҳамаи сокинонаш боз ҳам шукӯҳмандтар шавад.
Сипас, бахши фарҳанги донишгоҳ бо суруду таронаҳои ватандӯстона табъи ҳозиринро болида гардонид.