Таманниёти Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор бахшида ба 31 – умин солгарди Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Устодон, ҳамкорон ва донишҷӯёни азиз!
   Имсол аз Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҳамчун санади сарнавиштсоз барои миллату давлат аст, 31 сол пур мешавад. Зеро, маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида, ба ҷанги дохилӣ хотима дода шуд.
  Таърих гувоҳ аст, ки соли 1992 кишварро буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта буд, ки метавонист Тоҷикистонро ба вартаи нобудӣ оварда расонад.
    Хушбахтона, бо амри тақдир 16-уми ноябри соли 1992 дар толори Қасри Арбоб Иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шурои Олӣ баргузор гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, замина барои зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшони кишвар гардид. Дар ин иҷлосия аз 197 вакил 186 нафар ба роҳбарияти нави Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии шахсияти ҷасуру ватанпараст Эмомалӣ Раҳмон раъйи мусбат дода, сарнавишти ояндаи мамлакатро ба мақсади таъмини сулҳу субот, ободии кишвар ва беҳбудии зиндагии мардум муайян намуданд.
    Пас аз ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданашон, дар суханронии нахустин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: “…Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…”.
   Имрӯз боиси ифтихор аст, ки бо кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи заҳматқарини тоҷик тамом соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ рушд намуда, нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло меравад.
   Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд: «Ин иҷлосияи тақдирсоз аз лаҳзаҳои аввали фаъолият манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатиро аз ғаразу манфиатҳои шахсӣ, гуруҳӣ, ҳизбӣ, маҳаллӣ ва минтақавӣ афзалтар дониста, ба волоияти қонун ва бо роҳи қонунӣ ҳал намудани тамоми мушкилоти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ ибтидо гузошт».
   Воқеан ҳам, ин Иҷлосияи муҳими таърихӣ оғози ба сулҳу ваҳдат ва созандагию бунёдкорӣ расидани миллати мо гардид. Таърихи замони соҳибистиқлолии кишвар шаҳодат ба он аст, ки дар Иҷлосияи ХVI –уми Шурои Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул шуданд, ки минбаъд барои ба низом овардани вазъи сиёсии кишвар, танзими муносибатҳои ҷомеа ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ мусоидат намуданд.
   Дар ин рӯзҳои ҷашни таърихии Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шумо – устодону кормандон ва донишҷӯёни азизи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро самимона шодбош менамоем.
   Орзумандам, ки ҳамеша осмони Ватани соҳибистиқлоламон соф, сулҳу ваҳдат ҷовидон бошад ва тоҷикони сарбаланд дар атрофи Сарвари маҳбуби хеш боз ҳам муттаҳид бошанду барои рушду инкишофи Ватани азиз ҷидду ҷаҳди бештар намоянд.

Leave a Comment