Таърих гувоҳ аст, ки дар роҳи соҳиб шудан ба давлати мустақил ва соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миллати шарафманди тоҷик саъю талош намуда, ҷиҳати рушди он заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам овардаанд.
Бо омӯзиши сайри таърихӣ 16 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Иҷлосияи тақдирсоз барои халқу миллати тоҷик дар шаҳри бостонии Хуҷанд сари масоили имрӯзу фардои мамлакат, аз бӯҳрони шадиди сиёсию ҷамъиятӣ берун овардани аҳли ҷомеа ва наҷот ёфтани халқу давлат аз вартаи фано баргузор гардида буд. Дар ин иҷлосияи таърихӣ роҳбари дилсӯзу хирадманди миллатро бояд интихоб намуд, ки Тоҷикистонро аз гирудори ҷанги шаҳрвандӣ ва муборизаҳои тезутунди қувваҳои мухталиф раҳо намояд.
Бо бахти баланди миллати тоҷик марди олиму оқилу фозилу хирадманде сарвари давлати тоҷикон интихоб гардид. Ин рисолати бузургу пурмасъулро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш гирифт, ки бо тамоми қуввату донишу таҷрибаи давлатдории худ барои ободонӣ, сарҷамъии миллат, осудагии мардум, таъмини сулҳу субот ва бурун овардани Ватани азизамон аз ҳолати вазнину ҳалокатбор фидокорона заҳмат кашида, чорабиниҳои амиқу васеъро дар амал татбиқ намуд.
Ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи диёри азизамон дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр рӯзи Президент пазируфта шудааст.
Боиси ифтихору сарбаландии мост, ки сарвари давлат мушкилиҳои сангини ибтидои соҳибистиқлолиро бо азму ирода ва тадбирҳои оқилона худ ҳалу фасл намуда, ба марҳилаи созандагию бунёдкорӣ ба дилҳои одамон умеду боварӣ бахшид.
Бо ташаббус ва иқдомҳои бузурги Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат бо бунёдкориву созандагиҳои азиму бесобиқа, эҳёгари сулҳу ваҳдати миллӣ, сулҳпарвару сулҳовар, сарҷамъкунандаи миллат дар дили ҳар як сокини кишвар то абад боқи мемонад.
Қаландарова Гулру Сафаровна