НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ
(Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Қаландарова Гулру Сафаровна
   Дар моҳи ноябр мардуми сарбаланди тоҷик санаҳои муҳимро ҷашн мегиранд, ки онҳо дар раванди давлатсозии навин хеле муҳимму боарзиш мебошанд. Ин ҳам бошад, истиқбол аз Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи тақвим 16-уми ноябри ҳар сол мебошад.
    Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин моҳ доир шуд ва маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи миллати тоҷик муайян гардид. Яъне, дар ҳамин иҷлосияи фарзанди фарзона ва марди бонангу номуси миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат интихоб гардиданду шуълаи умед барои давлатсозии минбаъда аланга зад. Зеро дар он рўзҳои мудҳиш Тоҷикистон дар ҳолати пошхўрӣ қарор дошт ва бояд нафаре лаҷоми давлатдориро ба уҳда мегирифт, ки ҷонашро барои наҷоти он фидо кунад. Паёми умедбахши Сарвари тозаинтихоб дар иҷлосияи таърихӣ чунин садо дод: «Ман кори худро аз сулҳ оѓоз хоҳам кард.. Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам, ё дар ин роҳ ҷони худро медиҳам. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам, ҳар чӣ аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард…. ». Эмомалӣ Раҳмони ҷавон, ки 40-сол дошт, ин масъулияти басо душворро бар дўш гирифт, бо талошҳои шабонарўзӣ дар Тоҷикистони азиз сулҳу ваҳдатро таъмин кард ва давлату миллати тоҷикро аз парокандагию нестӣ наҷот бахшиданд.
    Воқеан, ҳамин хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, Тоҷикистон ба яке аз мамлакатҳои тараққикардаи дунё табдил ёфт. Ҳоло Тоҷикистонро 192 давлати ҷаҳон ба расмият мешиносад ва бо 183 кишвар муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст. Дар кишварҳои хориҷ 39 намояндагии дипломатӣ ва муассисаи консулии Тоҷикистон ва дар 20 давлати дигар сафирони ѓайримуқим фаъолият доранд. Ҳамчунин, Тоҷикистони азизи мо узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, бо роҳбариву ташаббускории Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоили гуногуни байналмилалӣ масъалагузорӣ мекунад.
Қобилияти баланди сарварӣ, ҷасорату қаҳрамонӣ ва садоқати эшон ба халқу миллати тоҷик намебуд, Тоҷикистон ба давлати ободу замонавӣ ва амнтарини дунё табдил намеёфт. Бинобар ин, мардуми сарбаланди тоҷик аз Сарвари хирадманди ифтихор доранду хидматҳои бузургашро фаромўш намекунанд. Ва дигар ин ки давлатдорӣ кардани тоҷикон орзуи ҳазорсола буд, хушбахтона, Пешвои муаззами миллат тавонистанд ин орзуро амалӣ намоянд ва давлати навини тоҷиконро бунёд созанд.
  Воқеан, ҳар пешрафти хурду бузурге, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ба вуҷуд омадаанд, ба иродаи қавии сиёсӣ, ѓурури баланди миллӣ, кору пайкор, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан ва неруи созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвандиву вобастагии бузург дорад.
   Дастоварду пирўзиҳои бесобиқаи замони соҳибистиқлолӣ мо, мардуми сарбаланду шарафманди тоҷикро водор менамоянд, ки бештар аз ҳарвақта бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, фазои орому осудаи Ватан, ва Пешвои дилсўзу ѓамхор баҳри ноил гардидан ба пешрафтҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ содиқона заҳмат кашида, манфиатҳои милливу давлатиро ҳифз намоем, Тоҷикистони азизи худро ободу зебо гардонида, нуфузу обрўи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.
    Биноан, истиқбол ва ҷашни Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқату вафодорӣ ба Ватан, Президент ва шукргузорӣ аз соҳибихтиёриву озодӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад.

Leave a Comment