Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ сипаре буд, барои ҳифзи хоки муқаддаси ватан. Иҷлосия идомаи ҳодисаҳои бемаънии кишварро боздошт. Ҳамин иҷлосия буд, ки ватан аз вайроншавӣ эмин монду тири душманони миллати тоҷик хок хурд.
   Шукри Худованди бузург, ки ақли худододаи миллати мо боло гирифту Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ даъват карда шуд ва якдилию якдигарфаҳмӣ ба даст омад. Агар, ба ибораи дигар гўем, Иҷлосия рўйдоди таърихӣ ва фаромўшнашаванда арои милати тоҷик мебошад.
   Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ дар лаҳзаҳои ҳассос чун пайки фиристодаи Худованд нумуъ кард, бо парафшонии парчами муқаддасаш дилҳоро тасхир кард, адовату душманиро аз байн бурд. Оби чашмҳои хунборро баст. Ба дили мардуми ба ваҳм афтода, умеду боварӣ бахшид. Муҳимаш соҳибу сарвари халқу Ватанро дарёфт. Гўё, ки Рўдакии бузург садои хешро баланд карда мегуфт:
  Чун теғ ба даст орӣ мардум натавон кушт,
  Наздикӣ Худованд бадӣ нест фаромушт.
  Бале, дигар теғ барои куштор ҷавлон накард, алангаи оташи ҷанг хомўш гашт. Пас, месазад гўем, ки ин Иҷлосияи тақдирсоз бозўи мустаҳкаме шуду миллатро нигоҳ дошт. Акнун ин равнақу гул-гулшукуфиҳо аз файзу иродаи ҳамин Иҷлосия аст. Тоҷикон, ки аз қадим ватандору шаҳрдору ободгар буданд, як умр чунин хоҳанд монд.
   Баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ дар Хуҷанд ниёзи ҷомеаи Тоҷикистон буд, ки мебоист барои бақои миллат ва давлатамон таҳкурсии боэътимод гузошт. Дар ҳамон вазъияти ниҳоят вазнин ва муташанниҷи мамлакат, Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12-ум) аз 16-ноябр то 2-декабри соли 1992 дар Кохи Арбоби шаҳри Хуҷанди вилоти Суғд доир гардид, ки сарнавишт ва роҳи ояндаи Тоҷикистонро муайян намуд.
   Иҷлосияи сарнавиштсози миллат дар давоми кори худ 23 масъалаи муҳими рўзро дида баромада, ҳаллу фасл намуд. Яке аз он масъалаҳои муҳим ин интихоби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки вакилон ба ин вазифа Эмомалӣ Раҳмонро пешниҳод ва интихоб намуданд. Аз рўзи аввали ба сари қудрат омадан ин фарзанди баору номус ва ҷасуру ватанпараст баҳри он кушид, ки ҷумҳурии азияткашидаро аз бўҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ раҳо диҳад. Вазифаҳои асосиро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар синни ҷавонӣ дар ҳалли чунин масъалаҳои доғи рўз медид:
 – ташкили ҷараёни музокироти байни тоҷикон бо мақсади хомуш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ;
 – ба вуҷуд овардани фазои эътимод, якдигарфаҳмӣ ва заминаҳои оштии миллӣ дар ҷомеа;
 – ташкили раванди бозгашти фирориён, чӣ аз хориҷӣ кишвар ва чӣ дар дохил;
 – гузоштани пояҳои нави низоми давлатдорӣ;
 – гузаронидани ислоҳот дар сиёсати молиявӣ ва қарзии кишвар;
 – таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангӣ.
  Сардори нави давлат, Раиси ба тозагӣ интихобшудаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо эҳсоси баланди миллӣ ва инсонпарварӣ таъкид дошт: «То он даме, ки дар хориҷи кишвар як нафар тоҷики гуреза боқӣ монад, ман ором буда наметавонам». Ин изҳороти таърихӣ ва сарнавиштсоз, ки Сардори давлат дар муроҷиат ба тамоми аҳли ҷумҳурӣ баён намуд, роҳи беҳбудии ояндаи Тоҷикистон ва ваҳдати миллии тоҷиконро равшан кард.
  Имрўз, мо дар фазои сулҳу субот роҷеъ ба ин тадбири бузургӣ сиёсӣ оромона ҳарф мезанем, вале тасаввур намоед, ки 31 сол муқаддам дар ин шабу рўз ҷумҳурии тозаистиқлоли мо дар чӣ гуна вазъият қарор дошт ва мардум чӣ рўзгореро паси сар мекарданд? Он лаҳзаҳо кишвари тоҷиконро дар пешорў ду роҳ буд: яке роҳи маҳву фано ва сутурдашавии Тоҷикистон аз харитаи сиёсии ҷаҳон, дигаре роҳи наҷот ва эҳёшавии миллати тоҷик, аз сўзандагиву ҷаҳолат гузаштан ба созандагию бунёдкорӣ ва хирад.
   Маҳз Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи наҷот ва эҳёшавии миллати тоҷикро интихоб кард, ки ба дурустии он ҳеҷ гоҳ шакку шубҳа нахоҳад буд. Фарзанди фарзона ва шуҷову шоистаи тоҷик, Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради пайгиронаи минбаъдааш тавонист кишварро аз вартаи ҷангу бало берун кашад, ғарибонро ба ватанашон баргардонад, ба халқ сулҳу саодат оварда, барои ояндаи шукуфоии Тоҷикистон замина муҳайё намояд.
  Имрўз таҷрибаи сулҳи тоҷикон намунаи беҳтарин дар ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Тоҷикистони офтобрўяву ҳамешабаҳор то рафт рушд мекунаду мақбули ҳамагон мегардад.
Мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ
н.и.и., дотсент Сафоев Абдумаҷид Каримович

Leave a Comment