(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси ОлииҶумҳурииТоҷикистон аз 28-ум декабри соли 2024)
Чун анъанаи ҳамасола Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” дар таърихи 28-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар бинои нави бошукӯҳи Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми паҳлӯҳои сиёсати дохилию хориҷии давлатро бо самтҳои рушду инкишофи соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, роҳу нақлиёт, маориф, илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ,ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавиро таҳлил намуда, ҳамзамон онҳоро бо нишондиҳандаҳои қиёсии назаррас баҳогузорӣ карда. пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 ҳамчун “ Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шавад, то “дар кишвар барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт шароити мусоид фароҳам оварда шавад”.
Қайд гардид ки дар соҳаи саноат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд. Дар ин давра дар кишвар беш аз 20240 корхонаҳои саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд.
Ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифодаи ҳамаи имкониятҳо, сарсашмаҳо,манбаъҳои рушди “ энергияи сабз” дар соли 2025 лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ” бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурӣ дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод гардад.
Таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингард дар кишвар яке аз масъалаҳои муҳими Паёми сарвари давлат буда, қайд гардид ки дар зарфи панҷ соли охир Тоҷикистон мувофиқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар раддабандии ҷаҳонӣ аз руйи нишондиҳандаҳои сифати роҳҳо дар миёни 165 давлати ҷаҳон аз зинаи 50 ба зинаи 44-ум фаромадааст, яъне сифати роҳҳо боз ҳам беҳтар гардида ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гаштаанд.
Яке аз масъалаҳои дигаре ки дар Паёми навбатии роҳбари давлат ироа гардид – ин масъалаи таваҷҷуҳи сарвари давлат ба ҷавонон ва нақши онҳо дар ҷомеа буд. Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони кишварро “қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол номида, изҳор доштанд, ки ҷавонони ватандӯст минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талошҳои навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким бахшидани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмиллалӣ саҳми арзанда бояд бигузоранд”.
Паёми имсолаи Президенти кишвармон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун китоби руимизии худ қарор дода, ҳар як сухани сарвари давлатамонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор медиҳем ва ҳама дастаҷамъона чӣ пиру чӣ барно паҳлӯ ба паҳлӯи якдигар истода, бо ҳисси ватандӯстӣ, бо ҳисси ифтихор аз Ватани озоду соҳибистилолу дунявӣ ва демократии хеш, бо ҳисси гиромидошти таърих. Фарҳанг, забону адабиёти бою ғании миллати худ баҳри ободкории ин Ватани азиз- Тоҷикистони биҳиштосо, баҳри рушди тамоми соҳаҳои давлатӣ, баҳри ҷо кардани меҳру муҳаббат дар қалб ва вуҷуди ҷавонони тоҷик барои омӯхтани илму маърифат ва аз худ кардани касбҳои гуногуни муосир тамоми қувва, тамоми талош ва заҳмати худро дареғ намедорем.
ПАЁМ МУБОРАК
Шукӯҳу манзалату шаъну эҳтиром муборак,
Намоди танатанаи давлату низом муборак.
Набарду ҳиммату пирӯзии мудом муборак,
Бузургии назару вусъати калом муборак,
Барои миллати соҳибватан Паём муборак.
Забону миллату таъриху нангу ном муборак,
Зуҳури тозаи фарҳангу фарр муборак.
Давоми дигари ин роҳи бардавом муборак,
Ва шаҳди неъмати худмеҳварӣ ба ком муборак.
Барои миллати соҳибватан Паём муборак.
Қиёми лолаи парчам ба авҷи бом муборак,
Нишони зарҳали ин тоқи нуқрафом муборак.
Суботу ваҳдату осудагии ом муборак,
Сапедаи саҳару рушании шом муборак,
Барои миллати соҳибватан Паём муборак.
Ҳабибова Сабоҳат Сафиувлоевна – н.и.и., и.в.дотсент, котиби илмии Институти илмӣ-тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон