МУБОРИЗА БО ХУРОФОТ ВА ҶАҲОЛАТ – РИСОЛАТИ ШАҲРВАНДИИ ҲАР ФАРДИ ТОҶИКИСТОНИСТ

(Дар партави ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
28 декабри соли 2024 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид ва дар он масъалаҳои муҳимми рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд. Бояд гуфт, ки моҳияти меҳварии Паёмро чун ҳамеша масъалаҳои таҳкими истиқлолият ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини амнияти миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, мубориза бо таҳдидҳои глобалӣ (терроризм, экстремизм, ҷанги сард), рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ, инчунин фарҳангу варзиш ташкил доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд”.
Новобаста аз он ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор стратегияҳо ва қонунҳоро дар самти муборизаву муқовимат ба экстремизм ва терроризм қабул ва дар амал татбиқ намуда истодааст, ҳанӯз ҳам шомилшавии ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ нигаронкунанда боқӣ мондааст. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва минбаъд Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025, инчунин Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” ва “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” якҷоя бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, заминаи муҳим барои мубориза бо ин таҳдидҳоро ба вуҷуд овардаанд. Аммо, маълумотҳои омории Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД ҶТ нишон медиҳанд, ки дар даҳсолаи охир сатҳи ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта дар кишвар тамоюли афзоиш дорад. Масалан, агар дар соли 2014 ҳамагӣ 143 ҷинояти хусусияти экстремистидошта ба қайд гирифта шуда бошад, танҳо то моҳи октябри соли 2024 ин нишондиҳанда ба 1102 расидааст, ки 6 маротиба зиёд мебошад. Чунин тамоюли болоравӣ дар солҳои дигар низ ба мушоҳида мерасад: соли 2015 – 378, соли 2016 – 875, соли 2017 – 837, соли 2018 – 535, соли 2019 – 682, соли 2020 – 825, соли 2021 – 900, соли 2022 – 845 ва соли 2023 – 1069 ҳолат.
Омори болозикр аз он гувоҳӣ медиҳад, ки чораҳои то имрӯз андешидашуда, сарфи назар аз муҳиммият ва саривақтӣ буданашон, барои пурра пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ҳанӯз ҳам самаранок нестанд. Барои бартараф намудани чунин мушкилот, пеш аз ҳама, зарур аст, ки ҳамкории байниидоравӣ тақвият дода шуда, чораҳои бештар самарабахши иттилоотӣ (тавассути ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ), тарбиявӣ ва ҳуқуқӣ (қабули барномаҳои нав ва ба талаботи замон мувофиқ) андешида шаванд. Ҷавонон бояд аз хатари ин равандҳо огоҳ шуда, дар назди худ вазифаи ҳифзи ваҳдат, субот ва арзишҳои миллиро бояд гузоранд ва дар ин раванд нақши оила, мактаб, ҷомеа ва муассисаҳои давлатӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд. Таҳдидҳои террористиву экстремистӣ, ки имрӯзҳо шаклу усулҳои тозаро ба худ касб кардаанд, ҷуғрофиёти худро васеъ намуда, тарзҳои содир намудани ҳамлаҳои террористӣ ва дигар амалҳои экстремистиро тағйир додаанд. Ғасби давлати Сурия аз ҷониби гуруҳи террористону экстремистон, ки дар байни онҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҳастанд, барои минтақа хавфи зиёдро ба миён овардааст. Ташкилотҳои экстремистию террористии фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшуда (миқдорашон ба 29 адад расидааст) бо аксарияти ин сохторҳо робитаҳои устувору қавӣ дошта, дорои сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва таҷрибаи пешбурди фаъолияти тахрибкорию террористӣ мебошанд. Созмонҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон, аз ҷумла тавассути ҷустуҷўи аъзои нав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқотию тарғиботӣ мебаранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо дарназардошти вазъи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тфаъолияташон дар Тоҷикистон мамнуъ ва болоравии динамикаи содиршавии ҷиноятҳои экстремистӣ, нақши меҳварии ҷавононро дар ҳифзи истиқлолият, сулҳу субот ва рушди кишвар таъкид намуда, изҳор доштанд, ки ин ҳолат ҷавонони кишварро водор месозад, ки ҳамеша аз таҳаввулоти геополитикӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии сайёра бохабар бошанд, то тавонанд бо хатарҳои идеологӣ, аз ҷумла мафкураи радикалӣ, ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ, муқовимати муассир кунанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки ҳифзи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, сулҳу субот, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат ва Ваҳдати миллӣ, аз ҷавонони ватандӯст талошу омодагии доимиро талаб мекунад. Пешвои миллат ҷавононро ба донишандӯзӣ, илмомӯзӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва фаъолияти созанда даъват карда, таъкид намуданд, ки танҳо тавассути илму донишҳои замонавӣ ва маърифати баланд метавон бо таҳдидҳои муосир мубориза бурд. Дар суханронии худ Пешвои миллат муҳимияти ин рисолати ҷавононро дар рушди кишвар, ҳифзи ваҳдати миллӣ ва оромии сиёсӣ дар шароити душвори ҷаҳони муосир ёдрас карда, ҷавононро нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа номиданд. Ин таъкидҳо аз эҳсоси баланди масъулият ва эътимоди Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон ва нақши онҳо дар рушди устувори имрӯзаву ояндаи Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Чунин таъкидҳои Пешвои миллат даъват барои муттаҳидӣ, ватандӯстӣ ва талошҳои якҷоя ба хотири пешрафт ва ободии Ватан мебошад.
Пешвои миллат иброз доштанд, ки “хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад”. Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат аст, зеро, ҷаҳолат метавонад сабабгори мушкилоти ҷиддии сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ гардад, чунончӣ: а) ҷаҳолат метавонад инсонҳоро ба сӯи мафкураҳои ифротӣ ва хурофот бурда, ба амалҳои хатарнок ва зиддиқонунӣ водор созад; б) надонистани ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ ё арзишҳои ахлоқӣ метавонад боиси афзоиши ҷинояткорӣ гардад; в) ҷомеае, ки ба маърифат ва дониш аҳамият намедиҳад, дар рушду тараққӣ ақиб мемонад.
Беҳуда бузургон ҷаҳолатро чунин тавсиф надодаанд: 1) “Ҷаҳолат модари ҳамаи ҷиноятҳост” (О. Балзак), “Ҷоҳил илмро хор мекунад, шахсони бемаърифат бо он фахр мекунанд, хирадмандон аз он истифода мебаранд” (Ф. Бэкон), “Ҷаҳолат модари кина, ҳасад, тамаъ ва ҳамаи дигар иллатҳои пасту разил ва инчунин гуноҳҳо аст” (Г. Галилео), “Танҳо як неки вуҷуд дорад, ин дониш аст ва танҳо як бади вуҷуд дорад, ин ҷаҳолат аст” (Суқрот), “Ҷоҳилӣ як қувваи азозилӣ аст ва мо метарсем, ки он боиси фоҷиаҳои зиёд мегардад” (К. Маркс), “Ҷоҳилӣ бузургтарин бемории инсоният аст” (Волтер).
“Ҷаҳолат модари ҳамаи ҷиноятҳост” – ин гуфтаи О. Балзак моро таъкид мекунад, ки бесаводӣ ва бемаърифатӣ решаи аксари ҷиноятҳо, яке аз омилҳои асосии ҷинояткорӣ (назарияи ақибмонии ақлии Г. Годдарт, Ч. Девенпорт ва назарияи номуташаккилии иҷтимоиӣ Э. Дюркгейм, Р. Мертон) ва мушкилоти иҷтимоӣ мебошад. Дар воқеъ, вақте ки инсон аз илму маърифат дур мемонад, дидгоҳи ӯ маҳдуд гардида, аз салоҳиятнокии (қобилиятнокии) таҳлили оқибатҳои кирдораш маҳрум мегардад ва ниҳоят метавонад даст ба ҷиноят занад.
Ҷаҳолат на танҳо як ҳолати шахсӣ (бесаводӣ ва ё бемаърифатии як фард ё гурӯҳи шахсон), балки як мушкилот, як маризии ҷамъиятӣ низ мебошад, ки метавонад ба паҳншавии мафкураҳои ифротӣ, хурофотпарастӣ ва амалҳои зиддиконститутсионӣ (таҷовуз ба ҳаёти арбобони давлатӣ, ҷосусӣ, таҷовуз ба истиқлолияти давлатӣ, тамомият ва дахлнопазирии арзӣ, иқтидори мудофиавӣ, бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, бо роҳи зӯроварӣ ғасб ва нигоҳ доштани ҳокимияти давлатӣ) сабаб гардад. Ҷомеае, ки ба дониш, маърифат ва тарбияи насли наврасу ҷавонон аҳамияти хоса медиҳад, метавонад сатҳи ҷинояткориро коҳиш дода, сатҳи зиндагии шоистаи шаҳрвандонашро баланд бардорад. “Мардуми мо низ мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд”. Аз ин рӯ, беҳтарин роҳи мубориза бо ҷаҳолат, таъмини дастрасӣ ба таҳсилоти босифат (дар ҳамаи зинаҳо), тарғиби фарҳанги донишандӯзиву илмандӯзӣ (масалан, тавассути «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» ва дигар озмунҳо) ва ташвиқи тафаккури интиқодӣ мебошад. Ҷомеа, ки ба маърифат эҳтиром мегузорад, на танҳо аз ҷиноятҳо эмин мемонад, балки ба рушди устувор ва саодати умумӣ низ мерасад. Пешвои миллат маҳз ба ҳамин хотир иброз доштанд, ки “ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад. Бовар дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд”.
Мубориза бо хурофот ва ҷаҳолат, ки дар шароити муосир аҳамияти хоса пайдо кардааст, яке аз вазифаҳои муҳим ва рисолати шаҳрвандии ҳар як фарди ватандӯсти тоҷик аст. Хурофот ва ҷаҳолат зуҳуроте ҳастанд, ки аз бесаводӣ, бемаърифатӣ ва надоштани сатҳи зарурии донишҳои замонавӣ бавуҷуд меоянд. Ин падидаҳои манфӣ боиси коҳиши сатҳи пешравии иҷтимоиёт ва афзоиши паҳншавии таассуб дар давлату ҷомеа мегарданд. Дар ҷаҳони имрӯза, ки бо таҳаввулоти босуръати илмӣ ва иҷтимоӣ ҳамроҳ аст, ҷомеае, ки ба хурофот дода мешавад, наметавонад ба рушди устувор ва суботи миллӣ ноил гардад.
Бесаводӣ ва бемаърифатӣ, ки решаи асосии ҷаҳолат аст, инсонро аз дарки воқеият ва арзишҳои инсонӣ маҳрум месозад, ҳолати мазкур боиси афзоиши бадбинӣ, нафрат ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ мегардад. Тамаъ ва дигар ҳирсу ҳавасҳои ношоиста низ аз ҷаҳолат маншаъ мегиранд, зеро шахси ноогоҳ наметавонад эҳтиёҷоти воқеӣ ва маънавии худро дуруст шиносад ва идора кунад. Ҷаҳолат инсонро ба роҳҳои хато мебарад, ки дар онҳо адолати иҷтимоӣ поймол мегарданд. Ҳамин тариқ, ҷаҳолат на танҳо ба шахс, балки ба тамоми ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, зеро он решаи аксари мушкилот ва ҷиноятҳо мебошад. Роҳи ягонаи халосӣ аз ин иллатҳо донишандӯзӣ ва тарғиби маърифат дар ҷомеа мебошад. Дар мавриди аз ҷаҳолат озод шудани инсон, дили ӯ аз кина пок мегардад, ҳасад ба эҳтиром табдил меёбад, ва тамаъ ҷойро ба қаноат ва инсоф медиҳад. Ҳамин аст роҳе, ки ҷомеаи инсонӣ метавонад ба суботи маънавӣ ва адолат ноил гардад.
Бинобар ин, маърифат ва дониш силоҳеро шабоҳат доранд, ки метавонад инсонро аз доираи ҷоҳилӣ берун оварад ва ба ӯ имкон диҳанд, ки воқеиятро дуруст дарк кунад ва дуруст баҳогузорӣ намояд. Ҳар як фард бояд на танҳо ба худомӯзӣ машғул шавад, балки дигаронро низ ба донишомӯзӣ, илмомӯзӣ тарғиб кунад, то дар паҳн кардани фарҳанги маърифатнокӣ саҳм гузорад. Давлат ва ҷомеа вазифадоранд, ки шароити мусоидро барои омӯзиш, донишандӯзӣ ва илмомӯзии фароҳам оваранд. Маориф, фарҳанг ва илм бояд ҳамчун василаҳои асосии мубориза бо ҷаҳолат ва хурофотпарастӣ истифода шаванд. Аммо ин ҳолат танҳо бо фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ маҳдуд буда наметавонад, ҳар як шаҳрванд, новобаста аз мақом ва вазифаи худ, бояд ба таҳкими маърифат ва муқовимат ба ҷоҳилияту хурофотпарастӣ ҳиссагузор бошад. Танҳо тавассути ҳамкории фаъолонаи давлат ва мардум, ҷомеа метавонад аз таъсири хурофот ва ҷаҳолат раҳо ёфта, ба рушди устувор ноил гардад.
Барои таъмини сулҳу субот, оромии Тоҷикистон, таҳкими давлатдорӣ ва пойдории Ваҳдати миллӣ, ҷавонон бояд пеш аз ҳама, боз ҳам ба донишандӯзӣ ва илмомӯзӣ рӯй оранд, зеро дониш василаест, ки метавонад онҳоро аз таъсири мафкураҳои ифротӣ ва хурофот дур нигоҳ дорад. Ҷавонон бояд рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватанро дар худ ташаккул диҳанд ва дар амал онро нишон диҳанд. Ҳар як ҷавон вазифадор аст, ки дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳм гузорад, ба омӯзиши касбу ҳунарҳои муосир машғул шавад ва малакаҳои заруриро барои саҳмгузорӣ дар пешрафти кишвар такмил диҳад. Танҳо тавассути худшиносиву худогоҳӣ, масъулиятшиносӣ ва талоши пайваста, ҷавонон метавонанд ҳадафҳои миллии ҷомеаро дастгирӣ намуда, ояндаи равшани Тоҷикистонро таъмин кунанд.
Ҳамин тавр, Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои давлату миллат ҳамчун роҳанамои стратегии рушди давлат ва ҷомеа мебошад, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, вазифаҳо барои ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва ғайра мушаххас шудаанд. Паёми Пешвои миллат ҳамчун як роҳнамои амал барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва ниҳодҳои давлатӣ буда, вазифаҳои мушаххасро барои пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ муайян менамояд.
Чи тавре Пешвои миллат қайд намуданд, мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем, ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон эътимоди комил дошта бошем. Маҳз ҳамин иттиҳоду сарҷамъӣ, ваҳдати миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва саъю талоши хастагинопазири ҳар фарди ҷомеа тамоми нияту нақшаҳои давлату ҳукумат дар солҳои наздиктарин амалӣ мегардад ва Тоҷикистон ба як кишвари пешрафтаву нерӯманд ва ободу сарсабз табдил меёбад.
ҚУДРАТОВ Н.А. – сардори раёсати илм ва инноватсияи ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *