ТАШАККУЛИ ҲУҚУҚИ РАҚАМӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ

Ба ҳамагон маълум аст, ки 28 декабри соли 2024 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид. Дар Паёми навбатӣ чун ҳарвақта натанҳо натиҷагириҳо аз фаъолияти мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа, инчунин масъалагузориҳои ҷиддӣ ва роҳнамокунанда ба ояндаи дурахшон арзёбӣ гардиданд. Яке аз масъалаҳои муҳим, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешниҳод намуданд, ин эълон кардани солҳои 2025 – 2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» мебошад.
Дар ин асно, роҳбари давлат ба масъулин як қатор вазифаҳо гузоштанд, аз ҷумла зикр намуданд, ки “дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.
Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.
Бо ин мақсад, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки миллӣ, хадамоти алоқа, гумрук, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳо фароҳамсозии асосҳои ҳуқуқиву ташкилӣ, танзими давлатӣ, маблағгузории ташкили инфрасохтори иқтисоди рақамӣ, инчунин, муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электрониро таъмин намоянд”.
Масъалаи мазкур тамоми мақомоти давлатӣ ва қишрҳои ҷомеаро фаро мегирад ва моро низ водор менамояд, ки дар доираи касбу вазифаҳои хеш тадбирҳои имконпазирро ҷиҳати тақвият бахшидани ин иқдоми созанда барои оянда саҳмгузор бошем. Дар ин ҷода хусусан ҳуқуқшиносон масъулияти бештар бояд эҳсос намоянд. Зеро дар мадди аввал масъалаи такмили санадҳои меъёрию ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ меистад. Яъне пеш аз ҳама мо бояд қонунҳо ва дигар санадҳои меёрию ҳуқуқии кишварро барои танзими муносибатҳои марбут ба иқтисоди рақамӣ мувофиқ намоем. Умуман натанҳо бахши иқтисод, инчунин тамоми дигар бахшҳои фаъолияти инсонӣ имрӯз ба технологияҳои рақамӣ ҷӯр шуда истодаанд ва танзими он ба дӯши “ҳуқуқи рақамӣ” мебошад.
Аз ҳамин лиҳоз айни ҳол ибораи “ҳуқуқи рақамӣ” пайдо шудааст, ки он ҷолиби диққат аст. Вақте сухан дар бораи ҳуқуқи рақамӣ меравад, ин ҷо калимаи “рақамӣ” сифати ҳуқуқро нишон медиҳад. Яъне, маҳз ҳуқуқҳое вуҷуд доранд, ки онҳо дар натиҷаи рушди технологияи рақамӣ пайдо шуда, ба истифодабарии онҳо рабт доранд.
Дар тӯли таърих технологияҳо барои пайдоиш ва рушди ҳуқуқ таъсири бузург расонидаанд. Масалан:
1. Пайдоиши дастгоҳи чопӣ дар асри 16 сабаб шуд, ки қонунҳо доир ба ҳуқуқи муаллиф пайдо шаванд.
2. Пайдоиши телевизион ва радио дар асри 19-20 сабаб шуд, ки қонунҳо доир ба ҳуқуқҳои вобаста ба ҳуқуқи муаллиф пайдо шаванд.
3. Пайдоиши интернет дар охири асри 20 сабаб шуд, қонунҳо доир ба дастрасӣ ба интернет пайдо шаванд.
4. Пайдоиши технологияи рақамӣ сабаб шуда истодааст, ки қонунҳои пахши рақамии барномаҳои телевизион, пулҳои рақамӣ, имзои рақамӣ ва ҳуқуқҳои рақамӣ пайдо шаванд.
Технологияҳои рақамиӣ дар ҳоли рушд мебошанд. Тибқи пешгӯиҳои олимон, оянда технологияҳои квантӣ истифода хоҳанд шуд. Ҳуқуқ ҳамеша ҳамқадами замон бояд бошад. То замоне ки муносибатҳо вобаста ба технологияҳои квантӣ пайдо нашаванд, сухан дар бораи қонунҳои марбут ба он рафта наметавонад.
Ташаккулёбии иттилоот тавассути технологияи рақамӣ заминаи асосӣ барои ба вуҷуд омадани ҳуқуқи рақамӣ гардид. Дар ин миён рақамҳои 0 ва 1 нақши калидӣ доранд, зеро маҳз дар асоси ҳамин ду рақам ва комбинатсияҳое, ки дар асоси он сохта мешаванд, калимаҳо ва баъдан ҷумлаю матнҳо сохта мешавад. Ҳар калима, ҷумла ва матне, ки мо дар компютер мехонем, онҳо дар зерманзари компютер маҳз тавассути ҳамин ду рақам навишта мешаванд. Маҳз “рақамӣ” номидани технологияи ҳозира ҳам аз ҳамин сарчашма мегирад. Баъдан ниёз ба истифодаи қонунии технологияи рақамӣ ҷомеаи ҷаҳониро водор сохт, ки атрофи ҳуқуқи рақамӣ фикр намоянд.
Ҳамин тавр, дар он самтҳое, ки технологияҳои рақамӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ васеъ истифода мешаванд ва зарурати танзими ин муносибатҳо пайдо гаштанд, зарурати “ҳуқуқи рақамӣ” пайдо гашт. Яъне ҳуқуқҳое, ки барои танзими муносибатҳои ҷамъиятии марбут ба технологияҳои рақамӣ равона шудаанд, ҳуқуқи рақамӣ меноманд. Аммо ҳоло бештар барои фаҳмиши дуруст ва дақиқ аксаран ибораи “танзими ҳуқуқии истифодаи технологияҳои рақамӣ” – ро истифода менамоянд. Зеро ҳоло ҳамчун соҳаи ҳуқуқ, ё соҳаи қонунгузорӣ гуфтани “ҳуқуқи рақамӣ” барвақт аст ва санадҳои ҳуқуқии кифоя дар ин соҳа қабул нашудааст, таҷрибаи судӣ ҳам ташаккул наёфтааст, маводҳои илмӣ ҳам мукаммал ва устувор нестанд. Аз ҳамин сабаб мо ба масъалаи танзими он муносибатҳое аҳамият медиҳем, ки ба истифодаи технологияи рақамӣ дар ин ё он соҳа равона шудаанд. Ҳамин тавр дар заминаи пайдоиши маводҳои зарурӣ дар ояндаи наздик мо ҳуқуқи рақамиро ҳамчун соҳаи алоҳида баррасӣ менамоем. Аммо ҳоло дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро зарур аст, ки ҷиҳати такмил додани санадҳои меъёрию ҳуқуқии кишвар дар самти танзими иқтисоди рақамӣ ва умуман тамоми дигар муносибатҳои ҷамъиятии марбут ба истифодаи технологияи рақамӣ кӯшиш намоем. Натанҳо ҷанбаи қонунгузорӣ, инчунин ҷанбаи таълими касбии соҳаи мазкур барои донишҷӯён, магистрон ва дигар мутахасисон муҳим мебошад ва ин пеш аз ҳама рисолати омӯзгорону олимони соҳа ба шумор меравад. Мо умедворем, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани пешниҳод ва дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олимону мутахасисони соҳа ҳамкориҳои судмандро дар шаклҳои гуногун ҷиҳати ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ амалӣ менамоянд.
Меликов У.А., доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
профессори кафедраи ҳуқуқи ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *