Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар инъикосгари як марҳилаи рушди босуботи мамлакат буда, бо рақаму делелҳо аз паёмҳои қаблӣ тафовути зиёд дошт.
Зимни ироаи пайём Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи энергетика таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст.
Мавриди зикраст, ки ҷаҳони муосирро бе рушди соҳаҳои ҳаётан муҳим, энергетика наметавон тасаввур намуд. Шароити табиии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки кишвар дар минтақа ва ҷаҳон ба яке аз давлатҳои асосии истеҳсолкунандаи энергия, махсусан «энергияи сабз» табдил ёбад.
Асоси энергетикаи мамлакатро неругоҳҳои барқии обӣ ташкил намуда, иқтидори солонаи истеҳсоли қувваи барқ 527 млрд кВс истеҳсол мекунад, ки дар ҷаҳон пас аз Ҳиндустон ва Канада дар мақоми ҳаштум ва а рӯи истифодаи самараноки захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ мақоми аввалро ишғол менамояд. Айниҳол 98 фисади қувваи барқи мамлакат аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол карда мешавад. Метавон гуфт, ки бо нишондоди мазкур Тоҷикистон аз ҷиҳати истеҳсоли энергияи сабз дар ҷаҳон мавқеи шашумро касб менамояд.
Дар ҷаҳони имрӯза тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти асосӣ ба шумор меравад. Тавре коршиносони байналмилалӣ иброз доштанд, моҳи июли соли равон аз моҳҳои гармтарини даҳсолаҳои охир будааст. Вобаста ба ин масъала, Хайрулло Файзуллоев, мутахассиси пешбари раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумитаи ҳифзи муҳити зист, чунин иброз намуд: “Дар дунё сол ба сол ҳодисаҳои нохуши марбут ба тағйирёбии иқлим сар мезананд. Аз ин рӯ, мо ба бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, яъне тавлиди “энергияи сабз” аз манбаъҳои таҷдидшаванда, шуруъ кардем”.
Ба андешаи Хайрулло Файзуллоев, дар самти татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди “иқтисоди сабз”, Тоҷикистон метавонад ба яке аз мамлакатҳои “туризми сабз” табдил ёбад, зеро кишварамон имконияти амалӣ намудани рушди “иқтисоди сабз” ва “энергияи сабз”-ро дорад ва метавонад дар минтақа яке аз пешсафон бошад.
Лозим ба доварист, ки Пешвои миллат зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилаӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қайд намуданд, ки «Мо талоши худро барои гузаштан ба иқтисоди сабз дучанд карда истодаем ва захираҳои об дар расидан ба ин ҳадаф нақши калидӣ доранд». Дар иловаи суханронии Пешвои миллат қайд намуданд, ки то соли 2032 Тоҷикистон ба кишвари сабз табдил мёбад.
Бо мақсади гузариш ба “иқтисоди сабз”, инчунин, таъмини истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҷалби сармоягузориҳо, роҳандозии технологияҳои муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ соли гузашта Тоҷикистон “Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” барои солҳои 2023-2037”-ро қабул кард. Яке аз афзалиятҳои рушди “иқтисоди сабз” дар кишвар тавсеаи истифодаи манбаъҳои “энергияи сабз” мебошад.
Зимни ироаи пайём муҳтарам Пешвои миллат, иброз доштанд, ки «Ҳукумати мамлакат захираҳои гидроэнергетикиро сарвати миллӣ мешуморад. Бинобар ин, мо рушди соҳаи энергетикаи обиро ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ муайян карда, дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ таъмиру навсозӣ ва сохтмони иншооти энергетикиро идома медиҳем».
Маврид ба зикраст, ки моҳи декабри соли 2024 байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Корея оид ба рушди технология Протоколи музокирот вобаста ба Сохтмони неругоҳҳои барқии офтобӣ ва дастгоҳҳои захиракунандаи энергия дар вилояти Суғд ба имзо расонида шуд.
Тоҷикистон мамлакати офтобӣ буда, рӯзҳои офтобӣ тақриба 295 – 300 рӯзро ташкил медиҳад, ки имкони хуб барои бунёди неруггоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъи барқароршавандаи энергияи аз ҷиҳати экологӣ бехавф мебошад. Дар ҳақиқат ноҳяҳои баландкӯҳи мамлакати мо барои сохтмони нерӯгоҳҳои бодӣ ва офтобӣ афзалият дорад. Алакай дар ноҳияи Мурғоб якчанд нерӯгоҳҳои бодӣ обӣ бо иқтидори 200 киловатт ва неругоҳҳои гибридии бодию офтобӣ бо тавоноии 120 киловатт фаъолият доранд.
Зимни ироаи Паём Сарвари давлат матлаби мазкурро қайд намуданд, ки соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт оғоз мегардад. Пешвои миллат қайд намуданд, бо истифодаи пурраи манбаъҳои энергетикӣ аз моҳи майи соли 2027 аҳолии мамлакат пурра ба неруи барқ тамин мегарданд.
Ҳамин тариқ, амали гардидани яке аз ҳадафҳои миллӣ, таъмини истиқлолияти энегетикӣ барои рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва гулгуншукуфоии кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Ходими калони илмии Институти илмӣ – тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Изатуллозода Р.Х.