(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ 28.12.2024)
Бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рақамикунонии иқтисодиёти мамлакат таваҷҷуҳи хоса равона карда мешавад. Масъалаи «ҳукумати электронӣ» ва «рақамикунонии иқтисодиёт» дар Паёми Пешвои миллат яке аз нуктаҳои асосиро ишғол мекунад. Аз ҷумла, дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат санаи 28 декабри соли 2024 чунин қайд намуданд, ки, “Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст”.
Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.
Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.
Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.
Яке аз омилҳои асосие, ки барои суръатбахшии рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир мерасонад, ин рушди технологияҳои рақамӣ мебошад. Рушд ёфтани технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон барои расидан ба ҳамаи Ҳадафҳои Рушди Устувор аҳамияти муҳим дорад. Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ барои Тоҷикистон (на фақат барои мо, балки барои ҳамаи давлатҳо) аз бисёр ҷиҳат манфиатовар хоҳад буд. Аз ҷумла, барои суръатбахшии рушди соҳибкории хурд ва миёна, баландбардории ҳосилнокии меҳнат, афзоиши рақобатнокӣ ва дар умум рушди иқтисоди миллӣ ба амал меояд.
Воқеан, бесабаб нест, ки роҳбари давлат ба рушди соҳаҳои маориф ва илм, саноат диққати хоса зоҳир менамоянд. Зеро таҷрибаи мамлакатҳои рушдёфтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки онҳо маҳз бо такя ба маориф, илм ва саноат ва инчунин гузариш ба технологияҳои рақамӣ, ҳукумати электронӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ мақом ва нақши худро дар арсаи байналмилал устувор гардонида, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Раҳматзода Далер Талбак – н.и.ҳ., дотсенти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон