Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз лиҳози мазмун ва аҳамият, нисбат ба паёмҳои қаблӣ бо хусусиятҳои хос ва муҳтавои фарогираш фарқ мекард. Ҳар як паёми сарвари давлат дорои вижагиҳои махсус буда, муҳимтарин масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро фаро мегирад. Дар Паёми имсола, сарвари давлат як бори дигар таъкид намуданд, ки Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушодро идома дода, ҷонибдори таҳкими сулҳ ва ҳамкорӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ин равиши сиёсӣ, ки ба эҷоди фазои эътимод ва дӯстӣ миёни давлатҳо равона шудааст, заминаи муҳими ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди соҳаҳои калидии иқтисод, аз ҷумла сайёҳӣ, маҳсуб мешавад. Бовар дорем, ки татбиқи устувори ин сиёсат ба Ватани азизу маҳбубамон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии рушд ва шукуфоии миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Сайёҳӣ яке аз бахшҳое мебошад, ки дар рушди иқтисодиёт, ташаккули сармояи хориҷӣ нақши муҳим дорад. Ин бахш табиат ва зебоии кишварро инъикос мекунад. Он ба мардуми манотиқи дурдаст дар таблиғи фарҳанг ва урфу одатҳои онҳо кӯмак мерасонад, инчунин ба беҳбуд бахшидани некӯаҳволии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ имконият фароҳам меорад.
Яке аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъмин намудани некӯаҳволии мардум, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани зиндагии осоишта мебошад. Маҳз ин ҷанбаҳои муҳим дар Паёми имсолаи сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба таври комил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар Паёми имсола сарвари давлат ба масъалаҳои калидии иқтисодӣ диққати махсус равона намуда, самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодии кишварро таъкид карданд. Ин равиш на танҳо аҳамияти рушди иқтисодиро дар ҳаёти мардум нишон медиҳад, балки нақши онро дар таҳкими суботи иҷтимоӣ ва таъмин намудани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як шаҳрванди кишвар равшан месозад.
Сарвари давлат дар паёми худ қайд намуданд, ки “Ҳукумати мамлакат рушди соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ мешуморад”. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки роҷеъ ба рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамасола тадбирҳои мухталиф ба роҳ монда мешавад. Аз ҷумла озод намудани раводид ба зиёда аз 55 мамлакати дунё ва ба таври электронӣ гирифтани раводид ба ҳисоб меравад. Ҳамаи ин омилҳо гувоҳи он ҳастанд, ки сафи сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат сол аз сол зиёд шуда истодааст.
Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат дар паёми худ ба маҷлиси олии кишвар ироа намуданд: “Шумораи сайёҳоне, ки соли 2024-ум ба Тоҷикистон омадаанд, ба 1 миллиону 400 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2019-ум 12 фоиз афзудааст” Албатта ин нишондиҳанда яке аз нишондиҳандаи баландтарин дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.
“Вале нишондиҳандаи мазкур ба имкониятҳои таърихиву табиӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангӣ ва табобативу истироҳатии кишвар мувофиқ нест.
Дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба рушди сайёҳии дохилӣ низ бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ, хусусан, бунёди инфрасохтори зарурӣ тадбирҳои иловагӣ андешад”. Ин гуфтаҳои сарвари давлат моро водор мезосад, ки ҳама яқҷоя бояд баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ камари ҳиммат бандем ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонем.
Рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва инфрасохтори мусоиди сайёҳӣ, эҷоди тавонмандӣ низ яке аз ҷузъҳои асосии ҷараёни сайёҳӣ мебошанд. Умуман, инфрасохтори туристӣ, роҳҳо, меҳмонхонаҳо, корҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳои хӯрокхӯрӣ ҳамаи ин ҷузъҳои меҳмондӯстӣ, ки занҷири бароҳати хидматрасонии сайёҳиро таъмин мекунанд, сайёҳони бештарро ҷалб мекунанд.
Хусусияти муҳимтарини фаъолияти иқтисодии марбут ба бахши сайёҳӣ дар он аст, ки онҳо ба се афзалияти баландтарини кишварҳои рӯ ба тараққӣ саҳм мегузоранд: ба даст овардани даромад, шуғл ва даромади асъор, дар ин робита бахши сайёҳӣ метавонад ҳамчун омили рушди иқтисодиёт нақши муҳим бозад.
Дар шароити тезу тунд шудани муносибатҳои бозорӣ ва раванди ҷаҳонишавии иқтисодиёт ҳар як мамлакат, танҳо дар шароите рақобатпазир буда метавонад, ки вобаста ба ташкил ва рушди иқтисодиёти худ устувор бошад ва ё таҳкурсии устувори иҷтимоии иқтисодӣ ва маънавиро доро бошад. Барои таъмини ин соҳа ва рушди устувори сайёҳӣ ҳамчун манбаи иҷтимоии иқтисодӣ ва маънавӣ, тамоми мардуми тоҷикро зарур аст, ки аз аҳамият ва нақши сайёҳӣ дар ҷаҳони муосир, таҷрибаи давлатҳои пешқадам, имкониятҳои пешрафти соҳа ва дурнамои он ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳо дар кишвар баҳраманд бошанд.
Сайёҳӣ дар сатҳи ҷаҳон дар солҳои охир аҳамият ва мавқеи хоси худро пайдо карда, бо самтҳои гуногун ва шаклу намудҳои фасеҳи хизматрасонӣ давра ба давра, рӯз ба рӯз рушд ёфта истодааст.
Таъсири назарраси сайёҳӣ ба ташаккули ММД-и мамлакат, кам шудани сатҳи бекорӣ ва тавозуни пардохтҳои асъорӣ ба он оварда мерасонад, ки иқтисодиёти сайёҳӣ ҳангоми банақшагирии рушди иқтисодиёти кишвар ба назар гирифта мешавад. Рушди сайёҳиро дар муддати тӯлонӣ ба нақша гирифтан ва пешгӯӣ кардан душвор аст, зеро омилҳои зиёд ба он таъсир мерасонанд. Аммо онро тавре ташкил кардан мумкин аст, ки ба зудӣ ба дигаргуниҳои мухталифи иқтисодиёт, сиёсат, эҳтиёҷот ва ғайра мутобиқ карда шавад. Дар ин сурат, сайёҳӣ омили муҳими пешрафти иқтисодии кишвар хоҳад буд.
Бояд қайд кард, ки барои ворид намудани сайёҳон ба раванди рушди иқтисодиёти кишвар, банақшагирӣ ва назорати соҳаи он зарур мебошад. Пеш аз ҳама, муайян кардани миқдори захираҳо барои рушди сайёҳӣ, маҳдудиятҳои рушди сайёҳӣ, натиҷаҳои манфии азхудкунӣ бо назардошти таҷрибаи солҳои гузашта ва дигар кишварҳо зарур мебошад.
Ба андешаи ман барои рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат амалӣ гардонидани тадбирҳои муайян, ки тақозои бозори ҷаҳонии сайёҳӣ мебошанд, муҳим арзёбӣ мегарданд:
-якум, иштироки дастаҷамъонаи сохторҳои ҷомеа;
-дуюм, ташвиқу таблиғи захираҳо ва имкониятҳои сайёҳӣ бар асоси стандартҳои байналмилалӣ;
-сеюм, ташкили инфрасохтори сайёҳӣ бо шарту шароити фаъолияти судбахш ва ҳавасмандгардонии доираи соҳибкорон;
-чорум, омодасозии кадрҳо, яъне мутахассисони соҳаи сайёҳӣ;
-панҷум, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани низоми хизматрасонии сайёҳӣ.
Роҷеъ ба гуфтаҳои боло, Тоҷикистон бо мавзеъҳои зебо, обу ҳавои соф ва иқлими мусоид, объектҳои табиию солимгардонӣ ва мероси бойи таърихию фарҳангӣ барои ҷалби бештари сайёҳон имкониятҳои зиёд дорад. Дар баробари ин, саёҳати дохилӣ ба сокинони гӯшаву канори гуногуни мамлакат имкон медиҳад, ки бо расму оин, анъанаҳои қадимии этникию фарҳангии ҳамдигар ошноӣ пайдо намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамеша дар суханронии худ, таъкид менамоянд, ки: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ, яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат- ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад».
Дар охир, бо як бовари комил метавон гуфт, ки ҳар як шаҳрванди содиқ ба ватани худ, новобаста аз ҷои истиқоматаш дар шаҳр ё деҳот, дар атрофи Ҳукумати мамлакат ва Пешвои муаззами миллат муттаҳид гашта, бо камари ҳиммат баҳри пешрафти иқтисодӣ, ободии ҷомеа ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвари азизамон саҳми худро мегузорад. Мо бо садоқат ва талошҳои пайваста Паёми Пешвои муаззами миллатро ҳамчун сармашқи кори худ қарор дода, ба сӯи фардои дурахшони Тоҷикистони маҳбуб қадам мегузорем! Тоҷикистон ба пеш!!!
Рахимов Мирзоҳид Абдувоҳидович н.и.и., дотсент
муовини аввали ректори ДБССТ