ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2024)
Даврони Истиқлол фазои ҳифзи арзишҳои миллӣ, марҳилаи тантана ва густариши низоми давлатдории миллӣ, замони хештансозӣ ва ҳувиятшиносист. Шоистаи зикр аст, ки дар ин марҳилаи тақдирсоз таҳти роҳбарӣ, қаҳрамониву ҷонбозӣ ва корнамоиву ҳидоятҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназири миллӣ ноил гардидем. Тарбияи насли наврас ба вижа ҷавонон дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, донишомӯзӣ ва нақши ҷавонон дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз масъалаҳое, мебошад, ки ҳамеша дар меҳвари сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳо дар даврони Истиқлол ба рушди соҳаи маориф диққати аввалиндараҷа зоҳир гардида, мактабҳои замонавӣ ва мутобиқ ба талаботи замон ва донишкадаву донишгоҳҳои гуногуни тахассусӣ таъсис дода шуд.
Қобили зикр аст, ки дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат тадриҷан рушд ёфта, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Пешвои миллат соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ намуда, барои пешрафти он ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.
Чи тавре, ки шоҳид ҳастем ҳамасола Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҷиҳати рушди ин соҳаи афзалиятнок супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Тоҷикистон имрӯз ба яке аз кишварҳои зеботарин ва макони сайёҳӣ табдил ёфта, сол то сол шумораи ташрифи меҳмонони хориҷӣ ба ватани азизи мо зиёд мегардад. Ҳарчанд ду соли гузашта, бар асари пандемияи COVID-19 рафту омади меҳмонон ба кишвар муваққатан манъ гардид, имрӯз роҳҳо ба тадриҷ кушода мешаванд.
Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ буда, минтақаҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии он дар китоби харитаи сайёҳии ҷаҳон ворид гаштааст. Ин имкон медиҳад, ки Тоҷикистонро бо ин ҳама минтақаҳои дорои аҳамияти сайёҳиву кӯҳҳои баланду обҳои мусаффо ва сокинони меҳмоннавозу башардӯсташ ҷаҳониён бишиносанд.
Ба назари коршиносон Тоҷикистон метавонад дар ояндаи наздик ба яке аз давлатҳое табдил ёбад, ки дар соҳаи сайёҳӣ бо давлатҳои на танҳо Осиёи Миёна, балки тамоми Осиё рақобатпазир бошад. Махсусан бо ин ки 93%-и сарзаминамонро куҳҳо ва қуллаҳои сарбафалакпечида ташкил медиҳад. Аз ҳамин ҷост, ки қуллаҳои бузурги И.Сомонӣ (7495 м.), Сино (7134 м.), Корженивескӣ (7105 м.) имрӯзҳо ба сайёҳони хориҷӣ машҳур гаштааст.
Бар илова, Тоҷикистон бо табиати дилфиреб, дарёҳои хурӯшону обҳои мусаффову чашмаҳои дармонбахшаш аз назари сайёҳон пинҳон намемонад ва ин омилҳо имкон медиҳанд, ки сайёҳии экологӣ рушд ёбад. Дар Тоҷикистон имкони мушоҳидаи иқлим ва табиати мухталиф вуҷуд дорад, ки танҳо хос ба кишвари мост. Сайёҳон имкон доранд, ки дар як рӯз аз гармии тафсони водии Вахш ба хунукии арктикии барфҳои доимии Помир ворид гардида, ҳам аз табиати зебои водӣ, ҳам аз манзараҳои дилнишини доманакуҳҳо ва ҳам аз қуллаҳои барфпӯши иқлими кӯҳистон баҳравар бошанд. Сайёҳии экологӣ фазои беғубори берун аз шаҳрро дар бар мегирад, ки 22 фоизи ҳудуди Тоҷикистонро Боғи миллӣ ташкил медиҳад. Дар пойгоҳи мамнуъгоҳҳои «Зоркӯл», «Ромит», «Бешаи палангон», «Дашти Ҷум» ва Боғи миллии Тоҷикистон табиати нодир маҳфуз аст. Навъҳои гуногуни растанӣ ва бахусус ҳайвоноте, ки ба Китоби сурх ворид гардидааст, аз қабили Бузи морхӯр, Архари куҳӣ машҳур бо номи Марко Поло, Меши бухороии Уриал, Оҳуи бухороӣ, бабри барфӣ, хирси маллаи тиёншонӣ, уқоби куҳӣ, ғози ҳиндӣ дар ин мамнуъгоҳҳо маҳфуз буда, аз ҷониби давлат таҳти ҳимоя қарор доранд. Ҷиҳати рушди туризми шикор ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ барои солҳои 2017- 2018 аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор қабул гардид. Бо ин мақсад аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои шикори 85 сар гӯсфанди куҳии Марко-Поло, 3 сар гӯсфанди куҳии бухороӣ (Уриал), 12 сар бузи пармашох (Морхур) ва 60 сар бузи куҳии Сибирӣ квота ҷудо гардид.
Сайёҳатҳо ба мақсади табобатӣ ва беҳдошти саломатӣ низ зиёд ташкил карда мешавад. Ин намуди сайёҳатҳо бештар хосияти инфиродӣ доранд. Асосан сайёҳонро барои табобат дар ин ё он минтақаҳои сайёҳӣ табибон тавсия медиҳанд. Аз ин рӯ, барои ба вуҷуд омадани ин намуди сайёҳӣ нақши асосиро огоҳии бештари намояндагони муассисаҳои тиббӣ дар бораи минтақаҳои сайёҳӣ ва табобати беҳдоштӣ мебозад. Дар айни ҳол дар осоишгоҳҳои Ҳавотоғ, Хоҷаобигарм, Шоҳамбарӣ, Зумрад, Яроз, Оби гарм, Чилучорчашма, Гармчашма, ки оби гарму хунуки минералӣ дорад, садҳо сайёҳи дохилӣ ва хориҷӣ истироҳат мекунанд ва ҳамчунин дар минтақаҳои сайёҳии Ромит, Варзоб, Балҷувон ва соҳилҳои обанбори Қайроқум дар тӯли даҳ соли охир истирохатгоҳҳои зиёде бунёд карда шуда истодааст, ки дар ин соҳаи сайёҳӣ ба сатҳи байналхалқӣ инкишоф дода, онро ба яке аз манбаи даромади дохилии Тоҷикистон табдил додан имконпазир аст.
Як василаи дигари ҷалби сайёҳон метавонад ин бошад, ки тоҷикон дар рушди фарҳанги башарӣ аз замонҳои бостон то имрӯз бо ҳунарҳои гуногуни мардумии худ ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Агар ба сарчашмаҳои таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, осори адабии классик ва рӯзгори кунунии мардуми тоҷик назар афканем, ба пеши назар ҳунарҳои зебое ҷилвагар мешаванд, ки ҳазорон сол аст онро тоҷикон то замони мо овардаанд. На фақат овардаанд, балки нишонаҳои фарҳанги бостонии хешро дар пайванд бо табиат, дар ҳунарҳои мардумӣ инъикос кардаанд. Ҳунарҳои мардумии тоҷик хеле зиёданд. Ягон гӯшаву канори кишварамон нест, ки ҳунарманде надошта бошад ва сайёҳе аз он лаззати маънавӣ набарад. Барои мисол, машҳуртарини онҳоро ба ёд меорем: абрешимбофӣ, адрасбофӣ, атласбофӣ, алочабофӣ, баққолӣ, бофандагӣ, гачкорӣ, гаҳворасозӣ, гулдӯзӣ, гилембофӣ, гулобкашӣ, гӯрғулихонӣ, гӯшворасозӣ, дегдонсозӣ, дуредгарӣ, дӯғкашӣ, заргарӣ, зардӯзӣ, зулфороӣ, ислимӣ, калобаресӣ, канаббофӣ, кандакорӣ, кафшдӯзӣ, китобдорӣ, коғазгарӣ, кордсозӣ, кошикорӣ, кулолӣ, қадоқгарӣ, қолинбофӣ, қуроқдӯзӣ, латифагӯӣ, мисгарӣ, мӯйбофӣ, наботпазӣ, найрангбозӣ, наққошӣ, наългарӣ, оҳангарӣ, паловпазӣ, пойафзолдӯзӣ, пӯстиндӯзӣ, рехтагарӣ, сабадбофӣ, собунпазӣ, созтарошӣ, суманакпазӣ, сӯзанидӯзӣ, табақтарошӣ, танӯрсозӣ, хаймадӯзӣ, хотамкорӣ, ҳалвогарӣ, чармагарӣ, чӯянгарӣ, ҷомадӯзӣ, ҷувозкашӣ, ҷӯроббофӣ, шамшерсозӣ, шишагарӣ, шонасозӣ ва ғайраҳо.
Қобили зикр аст, ки дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳии Тоҷикистон аз самтҳои зерин иборат мебошанд:
-сайёҳии экологӣ;
-табобатию солимгардонӣ;
-сайёҳии сайругаштӣ;
-таърихию фарҳангӣ;
-кӯҳнавардӣ;
-шикор.
Дар замони муосир соҳаи сайёҳӣ дар як қатор мамлакатҳо ҳамчун яке аз соҳаҳои сердаромад ба шумор меравад. Дар навбати дигар бошад ин соҳа соҳае мебошад, ки миқдори зиёди ҷойҳои холии кориро ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду равнақи ин соҳа метавонад миқдори зиёди ҷойҳои холии кориро ба вуҷуд оварда, теъдоди бештари бекоронро бо кори доимӣ таъмин намояд. Ҳамзамон дар сурати амалӣ гаштани нақшаҳои пешбинишуда хаҷми даромаднокӣ аз ин соҳа даҳҳо маротиба боло равад, ки ин албатта боиси баланд гаштани ҳолати некӯаҳволии халқ мегардад. Ҳамин тариқ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи инкишоф додани соҳаи сайёҳӣ яке аз ҷузъҳои муҳимми сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат мебошад, ки вазифаҳои он ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва субъектони бозори он бо мақсади такомули шаклҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва тавассути он то як андоза мустаҳкам гардонидани мавқеи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равонаанд. Дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бори нахуст таҳлили муфассали соҳа гузаронида шуда, Модели рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии зиёда аз 100 тавсия барои рушди соҳа таҳия карда шуд.
Пас, метавон гуфт, ки бо азнавсозӣ намудани роҳҳову беҳтар кардани хизматрасонии нақлиётӣ, бунёди меҳмонхонаҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалию дигар иншоотҳои хизматронӣ ва тарғибу ташвиқи минтақаҳои сайёҳӣ ва ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ индустрияи сайёҳӣ пеш рафта ба рушди иқтисодиёти кишвар заминаи бузурге хоҳад гузошт.
Ҳамзамон дастгириҳои пайваста ва эътимоди комили Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қобилияти ҷовонони кишвар ба вижа аз донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳҳибкории Тоҷикистон тақозо менамояд, ки сазовори эътимоду дастгириҳои беназири Пешвои миллат бошем ва пайста ба донишомӯзи машғул шуда, ҳамчун мутахассиси варзидаву забондон ва соҳибтафаккур дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми хешро гузорем.
Қурбонов Ё.С. – н.и.и., дотсент мудири кафедраи бизнеси сайёҳӣ ва
меҳмондории ДБССТ
Нурматзода Ҳ. – дотсенти кафедраи бизнеси сайёҳӣ ва меҳмондории ДБСС Тоҷикистони ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *