МОРАТОРИЯ -ВОСИТАИ МУҲИММИ ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲИБКОРӢ

(Дар ҳошияи Паёми Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2024 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”)
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024 ба рушду нумӯи минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ таъсирии самараноки мусбӣ бахшида, имконияти онҳоро дар самти риояи қонунгузории ҷорӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, созмон додани ҷойҳои нави корӣ, шуғли аҳолӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ба ҳамин васила ба даст овардани ҳадафи асосии Ҳукумати кишвар – фароҳам овардани шароити зиндагии аразанда барои ҳар як фард, васеъ мегардонад.
Дар Паёми навбатӣ қайд шудааст, ки: “Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ пайваста чораҷӯйӣ карда истодааст”.
Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи чорабиниҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ ва ҳудудии рушди соҳибкорӣ фаъолияти онҳоро ҳимоя ва дастгирӣ менамоянд.
Ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад.
Дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар шакли ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молумулкӣ, молиявӣ, иттиллоотӣ ва дигар шаклҳо амалӣ шуда, ба беҳтар намудани шароити соҳибкорӣ мусоидат менамояд. Дар низоми воситаҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ – мораторияи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ҷойи муҳимро ишғол менамояд. Хушбахтона тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ аз ин воситаи муассир хело моҳирона истифода мешавад.
Дар ин давра вобаста ба назорати давлатии фаъолияти соҳибкорӣ ва аз ҷумла санҷиши фаъолияти онҳо санадҳои сатҳи гуногуни меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шудааст. Дар ин радиф Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» (25 декабри соли 2015, №1269) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ”-ро (21 феврали соли 2018, №1505) махсус қайд намудан зарур аст.
Мақсади гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор кам намудани таваккал барои саломатии шаҳрвандон, муҳити зист, амнияти ҷомеа, ҳифзи моликият тавассути таъмини риояи қонунгузорӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор дар раванди амалӣ намудани фаъолият мебошад.
Мувофиқи қисми 6 моддаи 1 ҳамин қонун санҷиш як намуди фаъолияти мақомоти санҷишӣ оид ба омўзиш, таҳлил, назорат ва муқоисаи фаъолияти субъекти хоҷагидор ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор мувофиқи муқаррароти қоидаҳои намунавии тасдиқшуда амалӣ карда мешавад. Қоидаҳои намунавии гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор қоидаҳои зеринро дар бар мегиранд:
– мавзўи танзим, шумора ва доираи гузаронидани санҷишҳо;
–асосҳои ҳуқуқии гузаронидани санҷишҳо аз тарафи мақомоти санҷишӣ;
– ваколатҳои шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ;
– тартиби банақшагирӣ ва гузаронидани санҷишҳо;
– услуби тартибдиҳии санади санҷишӣ ва ҳоказо.
Дар асоси таҳлили меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи санҷиш ва назорати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, чунин мақомотҳои назоратиро ҷудо намудан мумкин аст, мақомоти стандартонӣ, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, мақомоти зиддиинҳисорӣ, мақомоти давлатии сохтмон, мақомоти тандурустӣ, мақомоти рушди иқтисодӣ ва савдо, мақомоти давлати дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ѓайра.
Мақомоти санҷишӣ дар доираи ваколати худ тибқи қонунгузорӣ санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро бо назардошти мавзўъҳои зерини санҷиш амалӣ менамоянд:
1) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист: – ҳифзи муҳити зист, назорати истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ.
2) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал, шикор ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда:
– назорати хоҷагии ҷангал, шикор, олами набототу ҳайвонот ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда.
3) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон: – меъморӣ ва сохтмон.
4) Мақоми ваколатдори давлатии назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкорӣ:
– риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, геологияи кўҳии техникӣ, муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ, пешбурди бехатарии корҳо дар саноати кимиё ва металлургӣ, бехатарии иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва техникаи аттраксионӣ, иншооти истеҳсоли хатарнок, истифодаи бехатари иншооти газ.
5) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти зиддиинҳисорӣ:
– ҳимоя ва рушди рақобат, пешгирӣ, маҳдудкунӣ, қатъи фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона;
– танзими фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ;
– ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;
– танзими фаъолияти рекламавӣ.
6) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ:
– назорати истифодаи амволи давлатӣ;
– риояи қоидаҳои пешбурди дафтари бақайдгирии санҷишҳо.
Давраи минбаъдаи инкишофи қонунгузорӣ дар ин бахш бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» (21 феврали соли 2018, №1505) алоқаманд мебошад.
Қайд намудан ба маврид аст, ки ҳатто қонунҳои амакунандаи кишвар дар бораи мораторияй субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ танҳо нисбат ба фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ татбиқ мешуданд. Масалан, дар қисми 1 моддаи 1 Қонуни 21 феврали соли 2018 омадааст, ки: “Мораторий ба санҷишҳо – муваққатан боздоштани қисми муайяни ваколатҳои дар асоси Қонуни мазкур ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ мебошад”.
Давраи мораторий ба санҷишҳо муҳлате мебошад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва дар давоми он санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, манъ карда мешаванд. Пас аз ироаи Паём дар солҳои қабли фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, бо он муҳлати мушаххаси моратория муайян карда мешуд. Масалан, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2019, № 1181 “Дар бораи ворид намудани таѓйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990” “Ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 мораторий эълон карда шавад” ва бо ҳамин восита муҳлати моратория тамдид карда шуд.
Дар натиҷаи чораҷӯйиҳои пайваста ва татбиқи ислоҳоти фарогир Ҳукумати кишвар ба он муваффақ шуд, ки шумораи мақомоти санҷиширо аз 31 то ба 23 ва миқдори санҷишҳоро аз 300 ҳазори соли 2016-ум то 42 ҳазор дар соли 2024-ум кам намуд.
Тибқи маълумот соли 2023 нисбат ба соли 2014 шумораи санҷишҳои андоз дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ду баробар кам гардидааст.
Вале маблағҳои дар натиҷаи санҷишҳо ошкор ва пардохтшуда чор баробар афзоиш ёфтаанд.
Танҳо дар 11 моҳи соли 2024 аз ҳисоби санҷиши 1150 андозсупоранда ба буҷети давлат иловатан 1 миллиарду 640 миллион сомонӣ ворид карда шудааст.
Чунин ҳолат гувоҳи риоя нагардидани қонунгузории андоз аз ҷониби баъзе субъектҳои хоҷагидор ва сатҳи пасти фарҳанги андозсупории онҳо мебошад.
Дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин, вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ боздошта мешавад:
– Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»;
-.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
-.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат»;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сўхтор»;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо»;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика»;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ»;
-.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ»;
-.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат»;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ»;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ»;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантини растанӣ»;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ».
“Бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ зарур аст, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо (ба истиснои хавфҳои андоз) боз ҳам маҳдуд карда шавад.
Пешниҳод менамоям, ки дар давраи такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум мораторий эълон карда шавад.
Бинобар ин, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо дигар мақомоти марбута дар муҳлати як моҳ лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро оид ба амалисозии ин пешниҳод таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намояд”.
Хусусияти асосии пешниҳоди мазкур дар он ифода меёбад, ки он ифодакунандаи санҷиши фаъолияти ҳамагуна субъектҳои соҳибкорӣ мебошад. Дар Паёмҳои қабли ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мораторияйи санҷиши фаъолияти танҳо соҳибкории истеҳсолӣ қайд шудааст.
Нодиров Ф.М.-н.и.ҳ. дотсенти ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *