(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ)
Пояи давлат нагардад бе маориф устувор,
Давлати пойдор хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.
Ҳақ ба ҷониби шоир аст ва хушбахтона Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти кишвар ба самти илм ва маориф диққати аввалиндараҷа зоҳир менамуданд.
Вобаста ба ин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ иброз доштанд: “Маҳз барои ҳамин ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам”.
Имрӯз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароити муасиру заруриро фароҳам овардааст, танҳо аз муҳасилин талаб карда мешавад, ки барои аз худ намудани илмҳои дақиқу ҳозиразамон сидқан талош намоянд. Инчунин, омӯзгорону донишмандонро зарур меояд, ки барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон ва ба ин васила дар рушду тараққиёт ва пояндаву ҷовидон мондани Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Пешвои муаззами маллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар фикри шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва толибилмони муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, асосӣ, ибтидои, миёна ва олии касбӣ ҳастанд, зеро бо боварӣ гуфта метавонем, ки бо таваҷҷуҳ Президенти маҳбубамон дар Паёми хеш иброз доштанд:
“Бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд.
Яъне дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд”.
Ин нишонаи он аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар фикрӣ шаҳрвандони ҷумҳуриямон мебошанд.
Дар ҷойи дигар иброз доштанд: “Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд”.
Бо боварии комил гуфта метавонем, ки вақте кудак аз овони хурдсолӣ ба муассисаи томактабӣ меравад, дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, илмломӯзӣ ва содиқ будан ба халқу миллати хеш ба воя мерасад.
Ҳар як сухани Пешвои муаззами миллат як мактабро мемонад. Масалан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш иброз доштанд: “Дар баробари ин, бояд гуфт, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд. Аз ин лиҳоз метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад”.
Вобаста ба ин гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо волидайн, омӯзгорон ва ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки аз ҳарвақта дида, бештар масъулиятшинос бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои пешравиии давлат, миллат ва сарзаминамон саҳмгузор бошем.
Раҳмонзода М.Н. – н.и.и., мудири кафедраи
технологияҳои иттилоотӣ
ва иқтисодиёти рақамии ДБССТ.