(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ)
Таърих гувоҳи он аст, ки дар ҷомеаи тоҷикон, модар ва зан ҳамеша дар ҷойгоҳи баланд қарор доштанд, зеро онҳо рамзи ҳаёт, меҳр, ва оромиш буданд. Ба ҳамон тариқ, даврони соҳибистиқлолӣ барои тақвияти мақоми зан ва бонувон дар ҷомеа, бо дастгирии сиёсати давлатии вобаста ба ҳаққу ҳуқуқи занон ва имкониятҳои баробар барои тамоми шаҳрвандон, хеле муҳим ва таърихӣ буд. Бо барқарории истиқлолият, Тоҷикистон дар самти рушди ҷомеа ва давлат ба баъзе тағйироти ҷиддӣ рӯ овард, ки онҳо нақши занро ба шакли хеле мусбат дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ мустаҳкам карданд. Ҳукумати кишвар бо истифода аз дастовардҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ ва сиёсати нав барои ҳимояи ҳуқуқи занон, дар байни дигар масъалаҳо, таваҷҷӯҳи хосе ба рушди муносибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бо иштироки фаъолонаи занон зоҳир кард. Мақсади аслӣ дар ин раванд беҳбудии вазъи иҷтимоии занон ва фароҳам овардани шароити баробар барои иштироки занон дар рушди кишвар буд. Махсусан, дар соҳаи соҳибкорӣ, занон тавонистанд, ки нақши худашонро ҳамчун ташкилкунандагони бизнес ва роҳбарони корхонаҳо нишон диҳанд. Дар маҷмӯъ, нақши зан дар рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон на танҳо ба таҳияи асбобҳои молиявӣ, балки ба кӯмак ба ташаккул ва рушди низоми ягонаи иқтисодӣ, ки дар он дурустии иҷтимоии занон дар маркази диққат қарор мегирад, таъсир мерасонад. Инчунин 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.
Нақши зан дар рушди соҳибкорӣ ин як падидаи воқеии даврони нав аст. Бо баланд гардидани эҳтироми занон ва дастгирии ҳуқуқии онҳо, бисёре аз занон тавонистанд соҳибкор шаванд. Занони соҳибкор дар Тоҷикистон нақши муҳим дар рушди иқтисодии кишвар, инкишофи бозорҳои нав, ва таъмини ҷойҳои корӣ барои дигар ҳамватанон доранд. Ба ин тартиб, онҳо на танҳо барои оила ва ҷомеа манфиат меоранд, балки барои самаранокии умумии иқтисоди миллӣ низ саҳми назаррас мегузоранд. Тавассути таъсиси ширкатҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои хурд ва миёна, занони соҳибкор дар равандҳои истеҳсолӣ, хизматрасонӣ, саноат ва тиҷорат ширкат меварзанд. Илова бар ин, онҳо барои таъмини истиқлолияти иқтисодӣ ва беҳтар шудани шароити зиндагии оилаҳо ва ҷомеа нақши муҳимро мебозанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, зикр намуданд, ки барои боз ҳам беҳтар гардонидани шароит ва ба танзим даровардани фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории занон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расида, ҳамчунин, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар ин самт қабул гардидаанд, ки барои рушди соҳибкории занон низ мусоидат намуд.
Ҳамчунин, барои васеъ кардани имкониятҳои иқтисодии занон, рушди фаъолияти соҳибкорӣ байни табақаҳои осебпазири аҳолӣ барои машварати ҳуқуқӣ, гузаронидани омӯзишҳои касбию техникӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои занҳои соҳибкор нақши Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкор «Кадбону» ва Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон хеле назаррас мебошад. Қайд намудан зарур аст, ки соҳибкорзанони ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, хизматрасонӣ, ҳунармандӣ, нонпазиву қаннодӣ, сайёҳӣ ва сохтмон фаъолияти пурсамар намуда, на танҳо дар баланд бардонштани сатҳи зиндагии худ, инчунин дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳм мегузоранд.
Занон дар коркард ва амалинамоии сиёсати давлатӣ, таҳлил ва тадқиқоти гендерӣ нақши бағоят муҳимро мебозанд, зеро барои ба инобат гирифтани тамоми унсурҳои вазъи муосири маданӣ-иҷтимоии муносибатҳои байниҳамдигарии мардон ва занон ва пешгӯӣ намудани пешбурд ва амалинамоии механизми такомули шуури ҷамъиятӣ дар соҳаи мӯътадилсозии муносибатҳои иҷтимоии мардон ва занон имконият фароҳам меоварад.
Татбиқи сиёсати гендерӣ дар кишвар бо ташаббусу дастгириҳои Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила самаранок вусъат меёбад. Сарвари давлат ба заковати азалӣ ва нерӯи созандаи занони фарзонаю оқилаи тоҷик ҳамеша такя менамояд, зеро онҳо дар ба ҷо овардани рисолати аслии худ таҳкиму устувор гардонидани хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони соҳибмаърифату боодоб, бонангу номус, ватандӯсту худшинос саҳми босазо мегузоранд.
Таърихи башар собит намуд, ки ҷомеа ҳамеша ва дар ҳама давру замон ба нақши зан ва саҳми вай дар рушди ҷомеа ниёз дорад. Имрӯз мақоми зан густурда гардида, имконоти иштироки фаъоли ӯ дар тамоми бахшҳои иҷтимоию сиёсии кишварамон фароҳам шудааст. Истиқлолияти давлатӣ баҳри тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа имконияти васеътареро фароҳам овард, ки тавассути он зани тоҷик тавонист нерӯи созандаи худро баҳри ободию пешравии кишвари худ сарф намуда, дар ҳама ҷабҳаҳои ватансозӣ дар баробари мардон содиқона ширкат варзанд.
Ҳамзамон, бояд гуфт, ки бо рушди демократия ва эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҷомеа ба таъмини ҳуқуқҳои занон аҳамияти махсус медиҳанд. Ҳамин тавр, имрӯзҳо бонувон ва занон дар Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои зиндагии ҷамъиятӣ ва сиёсӣ ҳузури фаъоли худро нишон медиҳанд, ки ин ба тараққиёти устувори кишвар ва беҳбудии ояндаи ҷомеа мусоидат мекунад.
Марипова Ф. – Ассистенти ДБССТ