БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ АНДОЗСУПОРИИ СУБЪЕТҲОИ ХОҶАГИДОРӢ

Дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28.12.2024
Мусаллам аст, ки ҳамасола паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии кишвар ироа карда мешавад ва он фарогири тамоми нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ буда сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро таҷассум менамояд. Ба ғайр аз ин дар паём сарвари давлат ҳисоботи солонаи воҳидҳои сохториро ҷамъбаст намуда барои соли навбатии молиявӣ супориш ва нақшаҳои пешбурди иқтисодиётро пешкаш менамоянд. Албатта ин як падидаи нек баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ҳавасманд намудани қишри аҳолӣ вобаста ба фаъолияти минбаъда дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Қайд намудан ба маврид аст, ки новобаста аз вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистааст ҳамаи масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоиро ба таври мусбӣ ҳал намояд ва барои нигоҳ доштани нақши худ дар рушди иқтисодии ҷаҳон саҳмгузор бошад.
Бо мақсади дастгири намудан соҳибкорону сармоягузорон Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ пайваста имтиёзҳои андозию гуруки пешниҳод карад истодааст.
Дар Паёми худ Пешвои муаззами миллат ба ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки татбиқи ислоҳот дар самти санҷиши субъектҳои хоҷагидор имкон дод, ки то имрӯз шумораи мақомоти санҷиш аз 31 то ба 23 адад ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз 300 ҳазори соли 2016-ум то 42 ҳазор дар соли 2024-ум кам гардад.
Вобата ба ин дар Кодекси андоз доир ба роҳандозии санҷишҳои андоз тибқи низоми идоракунии хавфҳо имкон дода истодаанд, ки шумора ва муҳлати гузаронидани онҳо маҳдуд ва сифатнокӣ таъмин карда шавад.
Дар асоси кам гардидани санҷишҳои андозӣ тибқи маълумот соли 2023 нисбат ба соли 2014 шумораи санҷишҳои андоз дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ду баробар кам гардидааст.
Имрӯзҳо дар баробаи кам гардидани санҷишоҳи андози аз ҷониби андозсупорандагон ҳуқувайронкуниҳо сол аз сол зиёд гардида истодааст, ки дар натиҷаи санҷишҳо ошкор ва муайян карда шуд, ки аз ҷониби андозсупорандагон ҳуқуқвайрокуниҳо чор баробар афзоиш ёфтаанд.
Масъалан танҳо дар 11 моҳи соли 2024 аз ҳисоби санҷиши 1150 андозсупоранда ба буҷети давлат маблағҳои иловатан 1 миллиарду 640 миллион сомонӣ ворид карда шудааст.
Ҳамаи чунин ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳо гувоҳи риоя нагардидани қонунгузории андоз аз ҷониби баъзе субъектҳои хоҷагидор ва сатҳи пасти фарҳанги андозсупории онҳо мебошад.
Аз ин лиҳоз бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ зарур аст, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо (ба истиснои хавфҳои андоз) боз ҳам маҳдуд карда шавад.
Дар доираи ин барои дастгири намудан пешниҳод менамоям, ки дар давраи такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум мораторий эълон карда шуд.
Аз ин лиҳоз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки якҷо бо дигар мақомоти марбута дар муҳлати як моҳ лоиҳаи мораторий санади меъёрии ҳуқуқиро оид ба амалисозии ин пешниҳод таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намояд.
Дар Паёми худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалби сармоягузорон ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои соҳавиро вазифадор менамояд, ки маълумоти мушаххасу дақиқ оид ба захираву имкониятҳои мавҷуда, соҳаҳои афзалиятнок ва самтҳои асосии беҳтар намудани фазои сармоягузории кишвар дар муҳлати се моҳ Стратегияи ҷалби сармояро барои давраи то соли 2040 таҳия ва пешниҳод намояд.
Аз ин лиҳоз масъалаи самааранок истифодаи соҳибкорону сармоягузорон аз имтиёзи андоз аз фоида ҳангоми бунёди корхонаи нав низ таҷдиди назарро талаб менамояд.
Дар баромади худ Пешвои миллат қайд менамояд, ки имрӯзҳо имтиёзи зикршуда на аз оғози фаъолияти истеҳсолии корхона, балки аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии он ҷорӣ мегардад.
Барои ҳамин чунин ҳолат қисми зиёди муҳлати имтиёзӣ ба давраи бунёд ва таҷҳизонидани корхонаи нав, яъне то ба даст овардани фоида рост меояд ва соҳибкорону сармоягузорон аз ин имтиёз пурра бархурдор намешаванд.
Аз ин лиҳоз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Кумитаи андозро вазифадор карда намуд, ки оид ба такмил додани механизми татбиқи имтиёзи андоз аз фоида барои корхонаҳое, ки фаъолияти истеҳсолии навро ба роҳ мондаанд, дар муҳлати ду моҳ санадҳои дахлдорро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат солҳои охир аз ҷониби соҳибкорону сармоягузорон бунёди иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ вусъат ёфта истодааст.
Вобаста ба ободкориҳо дар мамлакат Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро муазаф намуд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ба сифати сохтмон ва санъати баланди меъмории иншооту биноҳои бунёдшаванда, ки бояд ба зебо гардидани симои шаҳру ноҳияҳо мусоидат карда, ба мардум садсолаҳо хизмат намоянд, аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.
Дар Паём худ Пешвои миллат муҳтарм Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад.Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд.Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст.
Вобаста ба суръати миёнасолонаи рушди соҳа дар ин давра қайд намуданд, ки дар сатҳи 15 фоиз таъмин гардид, ки бо дарназардошти имконияту иқтидорҳои мавҷуда барои ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҳанӯз ҳам нокифоя мебошад.Аз ин хотир суръати рушди соҳа ҳар сол на кам аз 20 фоиз бояд таъмин карда шавад.
Аз ин лиҳоз, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди истеҳсолоти саноатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Инчунин, ҷиҳати ҳавасманд намудани фаъолияти навоварӣ, дар истеҳсолот васеъ истифода кардани технологияҳои инноватсионӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон дар ин ҷода, хусусан, доир ба коркарди ашёи хом дар дохили мамлакат тадбирҳои фаврӣ роҳандозӣ карда шаванд.
Тақвияти корҳо доир ба истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва рушди иқтидори истеҳсолии кишвар, баланд бардоштани рақобатнокӣ ва гуногуннавъии истеҳсолоти саноатӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолоти саноати коркард, афзоиш додани арзиши иловашудаи молҳои саноатӣ дар асоси рушди маҷмааҳои соҳавӣ зарур мебошад.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомоти марбута ҷиҳати коҳиш додани содироти ашёи хом ва зиёд намудани содироти молу маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда бояд тадбирҳои судманд андешад.
Аз ин ҷо хулоса намудан мумкин аст, ки нақши паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди таъмини рушди низоми дастгирии бахшҳои калидӣ дар ҶТ бениҳоят муҳим арзёбӣ мегардад. Маҳз сиёсати хирадмандона ва фаъолияти пурсамари Пешвои миллат имкон медиҳад,ки дар оянда низ сулҳу субот, амнияти ҷомеа, рушди иқтисодӣ ва пешравии бахшҳои мухталиф ба назар расанд ва мо ҷавонон, соҳибкорон, зиёиёни кишвар ва тамоми аҳолии ҷумҳурӣ аз як гиребон сар бароварда ватанамонро обод кунем ва дар арсаи байналмилал бори дигар муаррифӣ намеоем.
Хидиралиев Рустам Зулфалиевич – н.и.и., дотсент, мудири кафедраи менеҷменти молиявӣ ва андозбандии ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *