Паёмҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дорои аҳамияти стратегӣ буда, самтҳои асосии рушди давлатдорӣ, ҷомеа ва иқтисоди кишварро муайян менамоянд. Дар ин замина, таҳкими сулҳ ҳамчун категорияи меҳварии Паёми Пешвои миллат, ҷойгоҳи хосса дошта, омили асосии пешрафт ва оромии Тоҷикистон ва минтақа мебошад. Дар Паёми имсолаи (соли 2024) Пешвои миллат дар чор маврид истилоҳи сулҳ мавриди истифода қарор дода шуд.
Сулҳ яке аз арзишҳои бузургтарини инсоният аст, ки пойдории он барои ҳар як кишвар заминаи асосии рушди устувор ва зиндагии шоиста фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо мушкилоти ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992-1997) рӯ ба рӯ гардид, арзиши сулҳро бештар аз ҳар вақти дигар дарк менамояд ва дар таҳкими он доимо сайъу кӯшиш менамояд. Бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, сулҳи пойдор ва ваҳдати миллӣ барқарор гардид, ки имрӯз ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф шудааст.
Якум, Пешвои миллат қайд намуданд, ки “ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд”. Ин маънои онро дорад, ки мо ҷавони худшиносу худогоҳ бояд дониш ва фаҳмиши заруриро барои дарки таҳдидҳо, аз қабили мафкураҳои радикалӣ, ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ, дошта бошем. Ҳадафи асосӣ – эмин нигоҳ доштани худ ва атрофиён аз ин таъсирот мебошад. Мо ҷавонон бояд масъулияти баланди ватандӯстӣ дошта, барои ҳифзи истиқлолият, озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ омода бошанд, то дар рушду шукуфоии кишвар саҳмгузор бошем ва ба Ватану миллат то ҳастем содиқ бимонем.
Дуввум, Пешвои миллат қайд намуданд, ки “бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд”. Бешубҳа, суханони пурмазмун ва арзишманди Пешвои миллат ба масъулияти бузурги бонувон ва модарон дар пешрафт ва пойдории давлату ҷомеа таъкид мекунанд. Дар ҳақиқат, таърихи миллати тоҷик шаҳодати он аст, ки нақши занони ин миллат дар амалӣ кардани арзишҳои миллӣ, пешгирӣ аз таъсирҳои манфии бегонапарастӣ ва тарбияи наслҳои солим на танҳо барои оилаҳо, балки барои пешрафти умумии давлат ва ҷомеа хеле муҳим аст. Ҳамзамон, саҳми модарон-бонувон дар таҳкими сулҳу субот ва ҳифзи анъанаҳои фарҳангӣ барои пойдории ҳувияти миллӣ ва рушди устувори кишвар нақши калидӣ мебозад. Дар ин замина, омӯзиш, дастгирӣ ва илҳомбахшӣ ба онҳо бояд яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва давлатӣ бошад.
Сеюм, Пешвои миллат қайд намуданд, ки “моро зарур аст, ки зимни пешбурди сиёсати хориҷӣ саъю талошамонро дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба тақвият диҳем”.
Гуфтори Шумо, Пешвои миллат, барҳақ аз аҳамияти баланд бархурдор аст. Дар ҷаҳони пурталотум ва тағйирёбанда, таҳкими ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои созанда ва пойдории сулҳу субот аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Инчунин, саъю кӯшишҳо дар самти тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба метавонад заминаи мусоид барои пешрафти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишварро фароҳам оварда, ҷойгоҳи онро дар арсаи байналмилалӣ устувор гардонад. Аз ин рӯ, барои расидан ба ин ҳадафҳо, мо ҷавононро зарур аст, ки сиёсати хориҷии фаъол, устувор ва мутавозинро, ки Пешвои миллат доимо талқин менамоянд, пайгирӣ намоем.
Чорум, Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки “Стратегияи кишвари мо зимни рушду тавсеаи муносибатҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ минбаъд низ дар заминаи ҳусни эътимод ва самимият бо ҳадафи мусоидат дар таҳкими фазои сулҳу субот ва таъмин намудани рушду пешрафти муштарак дар минтақа бунёд мегардад”. Ин нукта аз он шаҳодат медиҳад, ки стратегияи кишвари мо дар ҳамкории минтақавӣ бар асоси усулҳои эҳтироми мутақобила ва ҳамкорӣ барои манфиатҳои умумӣ тарҳрезӣ шудааст. Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақаи дорои таърихи муштарак, захираҳои бойи табиӣ ва фарҳангҳои гуногун метавонад бо истифода аз ин иқдомот фазои сулҳу суботро тақвият бахшад ва барои рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ заминаҳои мусоид фароҳам орад. Мавқеи кишвари мо дар мусоидат ба ин раванд нишондиҳандаи он аст, ки Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳои амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ нақши фаъол мебозад ва бо риояи ҳадафҳои муштарак ба рушди ояндаи минтақа мусоидат менамояд.
Ҳамин тавр, Пешвои миллат дар паёмҳои худ ҳамеша ба таҳкими сулҳ ҳамчун яке аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти давлатдории тоҷикон ишора мекунанд. Дар Паёми навбатӣ низ таъкид гардид, ки сулҳ ва субот заминаи асосии рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мебошад. Дар он таъкид шуд, ки танҳо дар шароити сулҳ ва ваҳдати миллӣ имкони татбиқи барномаҳои муҳими давлатӣ, рушди соҳаҳои калидии иқтисодиёт, беҳбуди сатҳи зиндагии мардум ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии кишвар фароҳам меояд.
Таҳкими сулҳ дар сиёсати Пешвои миллат на танҳо вазифа, балки масъулияти умумимиллӣ буда, ҳар як шаҳрвандро водор месозад, ки дар ҳифзи ин неъмати гаронбаҳо саҳми худро гузорад. Тоҷикистон бо ифтихор аз дастовардҳои сулҳ ва ваҳдати миллӣ, роҳи пешрафт ва шукуфоии худро идома медиҳад.
СУЛТОНЗОДА ТОҲИР – ҳуқуқшиноси ДБССТ