ЗАМИНАҲО ВА УФУҚҲОИ СТРАТЕГИИ ГУЗАРИШ БА ИҚТИСОДИЁТИ ДОНИШБУНЁД ВА ИННОВАТСИОНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар партави солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон кардани солҳои 2025-2030 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Дар шароити муосири рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз як тараф раванди саноатикунонии босуръат ва аз тарафи дигар рушди назарраси бахши хизматрасонӣ ба чашм мерасад зарурати рушди истеҳсолоти илмталаб ва мураккаб пеш меояд, ки гузариш ба иқтисодиёти донишбунёд, рақамӣ ва инноватсиониро мубрам мегардонад. Дар равандҳои ҷаҳонишавӣ рушди саноати 4.0 дар мамолики пешрафтаи ҷаҳон омили муҳими рушди иқтисодиёт– дониш, иттилоот ва технологияи иртибототӣ ба шумор меравад. Ҳаммаи ин дар навбати худ ба рушди сармояи инсонӣ мусоидат намуда, онро ба арзишмандтарин неъмати ҷомеа мубаддал мегардонад. Аз ин нуқтаи назар, эълон намудани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ буда, дар ташаккулёбии иқтисодиёти донишбунёд, рақамӣ ва инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такони ҷиддӣ менамояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтисодиёти донишбунёд хусусиятҳои хосро касб намудааст ва ба яке аз мафҳумҳои муҳими иҷтимоию институтсионалӣ мубаддал гардидааст, ки нақши беназир дар татбиқи ҳадафҳои муҳими рушди стратегиии мамлакат махсусан саноатикунонии босуръатро дорад. Дар солҳои охир иқтисодиёти мамлакатамон ҳолати нави сифатиро касб менамояд, ки ба таѓйирёбии шароити хоҷагидорӣ алоқаманд аст, ки он дар навбати худ ба воридсозии технологияи муосир ва пешрафта дар равандҳои истеҳсолот ва идоракунӣ алоқаманд аст. Дар баробари ин, чораандешӣ дар самти баланд бардоштани нақши кашфиёт ва ихтироот дар рушди иқтисодиёти мамлакат таҳкурсии иқтисодиёти донишбунёдро мустаҳкам гардонида, итилоот ва донишро ба омили муҳими истеҳсолот табдил медиҳад.
Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мамлакати кўҳи мебошад дониш ва ихтироот нақши муҳимро метавонад дар ташаккули арзиши изофашуда бозанд. Ҳамчун замина ба ташакулёбии иқтисодиёти донишбунёд дар мамлакат метавонад болоравии нақши сармояи зеҳнӣ дар истеҳсолот, рушди инноватсия, омодасозии кадрҳои ҷавобгўй ба талаботи замон баромад намояд.
Маъмулан нишонаҳои ташаккулёбии иқтисодиёти донишбунёд, рақамӣ ва инноватсионӣ ҳиссаи баланди бахши хизматрасонӣ дар сохтори ММД, афзоиши хароҷот барои таҳсилот ва таҳқиқот, рушди сармояи инсонӣ, рушди технологияи итилоотию коммуникатсионӣ, ташаккули низоми инноватсионӣ дар мамлакат ва рушди бахши маориф ба шумор меравад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисаи бахши хизматрасонӣ ҳамчун нишондиҳандаи муҳими ташаккулёбии иқтисодиёти донишбунёд, рақамӣ ва инноватсонӣ дар ММД шурўъ аз соли 2000– ум афзоиши бемайлон дошта дар соли 2022 то 41,4%-и ММД-ро ташкил дод. Дар давоми ду даҳсолаи рушди мамлакат ҳиссаи он 32,5% боло рафтааст. Ин гувоҳи он аст, ки таваҷҷўҳ ба соҳаи сеюминдараҷаи иқтисодиёт, ки асоси онро дониш ва малака ташаккул медиҳад зиёд гардида истода, раванди гузариши иқтисодиёт аз иқтисодиёти анъанавӣ ба иқтисодиёти ба донишасосёфта аллакай оѓоз гардидаст.
Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7080 млн. сомонӣ ё худ 14,78% ба истеҳсолоти хизматрасониҳо дар соҳаи маориф рост меояд, ки нишондиҳандаи дигари муҳуми ташаккулёбии иқтисодиёти донишбнёд ва инноватсонӣ дар мамлакат аст.
Ба ташаккулёбии иқтисодиёти донишбунёд дар мамлакат нақши назаррас ба илм ва инноватсия рост меояд. Сарчашмаи асоси маблѓгузорӣ ба илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буҷети давлатӣ ба шумор рафта, дар соли 2023 ҳаҷми маблаѓгузорӣ ба илм ба 180 миллион сомонӣ расид.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳо барои иқтисодиёти донишбунёд ва инноватсионӣ гузошта шудааст. Дар баробари ин, қайд кардан зарур аст, ки гузариш ба иқтисодиёти донишбунёд ба гузариш ба технологияҳои насли 5 ва 6 мувофиқат менамояд, ки дар доираи он дониш зиёда аз 50 фисадро дар сохтори маҳсулоти истеҳсолшаванда ташкил намуда, тамоми хусусиятҳои раванди истеҳсолотро муқарар менамояд. Махсусан дар технологияи насли 6 таваҷҷўҳи махсус ба афзалгузории идоракунии технологӣ дода мешавад, ки рушди соҳаҳои ѓайриистеҳсолӣ аз ҷумла илм ва маорифро таблиѓ менамояд.
Чи тавре, ки асоси тамоми ихтироот –таҳқиқотҳои фундаменталӣ ба шумор меравад зиёд намудани маблаѓгузорӣ ба ин самт хело муҳим мебошад. Он дар давраи дарозмуддат имкон медиҳад ба болоравии маҳсулнокӣ дар илмҳои дақиқ ва амалӣ мусоидат намояд.
Дар баробари ин баланд бардоштани талабот ба илм тариқи афзудани миқдори докторантон ва аспирантон, докторони фалсафа ва магистрон хело муҳим ба шумор меравад.
Дар баробари ин, қайд кардан зарур аст, ки аз шумораи умумии аспирантон ҳиссаи онҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт, филология, ҳуқуқшиносӣ ва тиб нисбатан зиёд буда, дар соҳаҳои илмҳои дақиқ аз қабили кимиё, физикаю математика, техникӣ, геологӣ, меъморӣ нисбатан камтаранд.
Нишондиҳандаи муҳиме, ки вазъи иҷтимоии ташаккулёбии сармояи инсониро арзёбӣ менамояд, шохиси рушди иқтидори инсоният ба шумор меравад, ки дар доираи барномаи рушди СММ таҳия карда шудааст. Ин нишондиҳанда аз рўи се зернишондиҳандаи муҳим дазорумрӣ, сатҳи ноилшудаи рушди маориф ва сатҳи зиндагӣ, ки аз рўи ММД ба сари аҳолӣ ҳисоб карда мешавад.
Ҳамин тавр, хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз баъзе мушкилот заминаҳои ташаккулёбии ҷомеаи донишбунёд гузошта шудааст. Иқтисодиёти мамлакат имкониятҳои зиёд барои чунин гузаришро дорад, ки ин пеш аз ҳама ба иқтидори баланди муассисаҳои таҳсилоти олӣ, рушди баланди иқтисодиёт, рушди устувори воситаҳои алоқа ва ирттиботот ба шумор меравад.
Ҷумъаев Б.М., д.и.и., мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *